Бинои нави дуошёнаи шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Олтинсойи вилояти Сурхондарё ба истифода супурда шуд.
Дар чорабиние, ки ба ин муносибат баргузор гардид, сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳо ва шаҳрҳо, фаъолони ноҳия, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, намояндагони ҷамоаҳо иштирок карданд.
Сардори раёсати корҳои дохилии вилоят, полковник Абдувоҳид Исмоилов ва дигарон қайд намуданд, ки дар мамлакат барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ баҳри хидмати самарабахши онҳо, пешгирӣ кардани қонунвайронкунӣ ва ҷиноятҳо, таъмин сохтани оромиву осоиштагии халқ тамоми шароитҳо фароҳам оварда мешаванд. Дар бинои нав, ки дар муҳлати кӯтоҳ сохта, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз шудааст, барои ҳимоятгарони осоиштагӣ шароити зарурӣ фароҳам мебошад. Дар бино хонаи маърифат, маҷмӯи махсуси тафтишотӣ, ки ба камераҳои назорати видеоии маркази вазъиятҳои ноҳия пайваст карда шудааст, хобгоҳ, ошхона мавҷуданд.
Хидмати ситодиву патрулӣ, хидмати амнияти ҳаракати роҳ ва хидматҳои дигар аз тариқи низоми геомаълумот идора мешаванд. Ин ба пешгирӣ кардан ва зуд бартараф намудани қонунвайронкунӣ ва ҷиноятҳо мусоидат менамояд.
Дар чорабинӣ ҳокими вилояти Сурхондарё Т. Боболов баромад кард.
Холмуъмин МАМАТРАИМОВ, хабарнигори ӮзА.