Клуби таълимӣ, варзишӣ ва техникии ноҳияи Рометан, ки дар тасарруфи ёвари дифои Ӯзбекистон – Шӯрои вилояти бухорогии ташкилоти «Ватанпарвар» аст, Соли навро дар бинои нав пешвоз гирифт.
Клуби таълимӣ, варзишӣ ва техникии ноҳияи Рометан, ки дар тасарруфи ёвари дифои Ӯзбекистон – Шӯрои вилояти бухорогии ташкилоти «Ватанпарвар» аст, Соли навро дар бинои нав пешвоз гирифт.
Ин бинои сеошёна аз 14 дарсхона, 4 сексияи варзишӣ иборат буда, мувофиқи талаби замон ҷиҳозонида шудааст ва бобати дар рӯҳи ҳарбию ватандӯстӣ тарбия кардани ҷавонон, инчунин ба касб тайёр кардани онҳо аҳамияти ҷудогона дорад. Азбаски қулаиҳои замонавӣ фароҳам оварда шудааст, муддати машғулиятҳо низ дар ин ҷо ду баробар афзуд. Рӯзҳои наздик дар ин бино омӯзиши курсҳои «Расондани хидмати техникӣ ба воситаҳои нақлиёт» ва «Идоракунии техникаи мураккаб» ба роҳ монда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки ҷавонон ба бозори меҳнат бо касби дилхоҳи худ ворид гарданд.
А. АВЕЗОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”
дар вилояти Бухоро.