Мактаби таҳсилоти умумии рақами 18-уми ноҳияи Рометани вилояти Бухоро дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Шӯрча»-и ҳудуд воқеъ гардидааст.
Азбаски шумораи аҳолӣ сол аз сол меафзояд, дар ин таълимгоҳ ба ду баст сурат гирифтани ҷараёни таълиму тарбия ҳам барои аҳолӣ ва ҳам барои ҷамоаи мактаб як андоза душворӣ пеш оварда буд. Сари сол барои бартарафсозии ин мушкилӣ азму кӯшиш ба амал омад. Дар натиҷа аз ҳисоби маблағи сармояи маҳаллӣ бинои нави сеошёнаи иловагӣ барои 450 нафар хонанда қад боло кард. Барои ин 3 миллиарду 968 миллион сӯм маблағ харҷ гардид. Бинои нави таълимӣ ва толори варзишро бинокорони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Умарбобо» сохта, омодаи истифодабарӣ карданд.
Дар маросими ифтитоҳи бинои нав намояндагони ҳокимияти ноҳия, ҷамоатҳо, собиқадорони меҳнат, фаъолони маҳалла, мутасаддиёни соҳа иштирок намуда, падару модарон ва ҷамоаи мактабро бо комёбии табъи дил муборакбод карданд.
Амрулло Авезов,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.