БИНОИ НАВИ МАКТАБИ ФУТБОЛ

Футбол аз оммавитарини намуди варзиш буда, мухлисони сершумори худро дорад.

Футбол аз оммавитарини намуди варзиш буда, мухлисони сершумори худро дорад. Барои ҳамин ҳам дар мамлакатамон баҳри ривоҷи футбол чораҳои мушаххас андешида мешаванд. Дар вилояти Намангон низ як қатор корҳои васеъмиқёс амалӣ мегарданд.
Чанде пеш дар шаҳри Намангон маросими кушоиши мактаби маҳорати футболи рақами 1-ум баргузор гардид. Барои таъмиру тармими ин мактаби футбол аз буҷаи вилоят 5 миллиарду 500 миллион сӯмина маблағ харҷ шуд. Дар мактаб барои бачаҳои соли таваллудашон гуногун, ки машғулият мегузаронанд, шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Инчунин, барои мураббиёну футболбозони наврас хобгоҳи дуошёнаи дорои 156 ҷой, 8 майдончаи сабзааш сунъӣ ва толори машқ пешбинӣ шудааст.
Дар маросими кушоиш собиқ ҳокими вилояти Намангон, роҳбари Ассотсиатсияи футболи вилоят, ҳоло иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров ба сухан баромада, таъкид кард, ки дар мактаби футбол баҳри пешравии ин намуди варзиш нафақат дар қаламрави вилояту ҷумҳуриамон, балки дар миқёси ҷаҳон футболбозони беҳтарин ба камол мерасанд.
Дар маросим вазири тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ӯзбекистон Дилмурод Набиев иштирок кард.
Вазири тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ӯзбекистон Дилмурод Набиев ба Хайрулло Бозоров барои саҳми сазовораш дар пешрафти варзиш, аз ҷумла футбол нишони сарисинагии «Жисмоний тарбия ва спорт аълочиси»-ро бо тарзи тантанавӣ супурд.

Оқилхон ДАДАБОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: