БИНОИ НАВИ «МАРКАЗИ ҶАВОНОН»

Ҳоло аз 94 ҳазору 695 нафар аҳолии умумии ноҳияи Шофиркон 47 ҳазору 487 нафарашон ҷавонони 14-30-сола мебошанд.

 Барои таълиму тарбияи онҳо 56-то таълимгоҳи умумӣ, 2-то техникум, коллеҷ ва муассисаи касбу ҳунар, ду мактаби мусиқӣ, мактаби варзишии бачагону наврасон, мактаб-интернати ихтисосонидашудаи футбол, маркази «Авлоди баркамол»-и бачагон  фаъолият дорад.
Шуъбаи ноҳиявии Агентии кор бо ҷавонон, ки барои ҳаллу фасли масъалаҳои ҷавонон масъул аст, ҳоло соҳиби бинои маъмурии худ гардид. Ин ташкилот то қарибиҳо дар хонаи ҷудогонаи шафати ҳокимияти ноҳия кор мебурд.  Ниҳоят, аз бинои техникуми технологияҳои хоҷагии қишлоқи ноҳия якчанд хона ҷудо гардида, баъди таъмири асосӣ ва харҷи 650 миллион сӯм маблағ аз ҷониби корхонаи «Турон ирригатсия» бино намуди замонавӣ гирифт. Бо мақсади мазмуннок гузаронидани вақти холии ҷавонон ҳоло дар ин ҷо китобхона, толорҳои хабарнигорони ҷавону бозии интеллектуалии «Заковат», хонаҳои шоҳмоту шашка ва майдончаи варзишии веркаут омодаи қабул аст. Дар маросими кушодашавии «Маркази ҷавонон» мутасаддиёни ҳокимияти ноҳия, намояндагони гурӯҳи кории ҷумҳурӣ, ҷавонон иштирок карданд. Баъди бурида шудани лента ҷамъомадагон вориди бино гашта, бо имкониятҳои он аз наздик шинос шуданд. Бешубҳа, ин марказ ба маскани дӯстдоштаи ҷавонони ноҳия хоҳад ёфт.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: