БИНОИ НАВИ МАРКАЗИ ПЕРИНАТАЛ – МАВРИДИ ИСТИФОДА

  • БИНОИ НАВИ МАРКАЗИ ПЕРИНАТАЛ – МАВРИДИ ИСТИФОДА
  • БИНОИ НАВИ МАРКАЗИ ПЕРИНАТАЛ – МАВРИДИ ИСТИФОДА

Дар вилояти Андиҷон бинои нави Маркази перинатал ба истифода супурда шуд.

Дар чорабиние, ки ба ин муносибат баргузор гашт, шифокорон, собиқадорони меҳнат, вакилони ҷамоатчигии васеъ иштирок карданд.
Ҳоло дар вилояти Андиҷон зиёда аз 3 миллиону 200 ҳазор нафар аҳолӣ умр ба сар мебарад. Ҳар сол наздик 85 ҳазор нафар кӯдак ба дунё меояд. Ба модару тифл додани эътибор ва расонидани кӯмаки хушсифати тиббӣ хеле муҳим. Ҳаминро ба ҳисоб гирифта, дар самти мазкур корҳое, ки молик ба аҳамиятанд, пеш бурда мешаванд.
– Мувофиқи қарори Президентамон аз 25 апрели соли 2022 “Дар бораи пурзӯрсозии ҳифзи модар ва тифл дар солҳои 2022-2026” дар ҷумҳурӣ барпо ва таъмири 227-то маҷмӯи зоишгоҳ ва 46 маркази перинатали байниноҳиявӣ, дар солҳои 2022-2025 барои барпо ва ҷиҳозонидани 227 маҷмуи зоишгоҳ ва 46 маркази перинатали байниноҳиявӣ ҷалб карда шудани маблағҳои грантию кредит ба андозаи 105 миллион доллари ИМА аз институтҳои байналхалқии молиявӣ муайян карда шудааст, – мегӯяд роҳбари Маркази перинатали вилоят Дилдорахон Насриддинова. – Аз ҷумла, барпо ва ба истифода супурда шудани бинои нави маркази мо яке аз корҳоест, ки дар доираи қарори мазкур ба иҷро расидааст.
Барои барпо ва ҷиҳози марказ, ки барои 100 ҷой пешбинӣ шудааст, зиёда аз 21,5 миллиард сӯм маблағ сарф гардид. Дар марказ қабулхона, 60 ҷой барои қабули ҳомилаҳои бемор, 30 ҷой барои кӯдакони бемор, инчунин барои шуъбаи реаниматсияи кӯдакона 12 ҷой ҷудо карда шудааст. Айни замон барои амалиёт гузаронидани донишҷӯёни Институти давлатии тиббии Андиҷон хонаҳо ҷудо гардид. Дар бинои нав барои занҳои ҳомила, кӯдакони навзо, инчунин баҳри самаранок пеш бурдани муолиҷа барои духтурон ҳамаи шароит фароҳаманд.
Дар марказ зиёда аз 250 нафар ходимони тиббӣ кор мекунанд. Онҳо солимии ҳомилаҳои ба ин ҷо омадаро назорат мекунанд, муолиҷа месозанд, кӯмаки доягӣ мерасонанд.
Пештар дар кӯдак беморӣ аниқ шавад, барои муолиҷа вай ба дигар шифохона фиристода мешуд. Ҳоло муолиҷа дар худи ҳамин ҷо ба роҳ гузошта мешавад.
Оянда дар ноҳияҳои Шаҳрихон, Пахтаобод, Қӯрғонтеппа ва Балиқчии вилояти Андиҷон низ Марказҳои перинатал ташкил карда мешаванд.

Дар суратҳо: бинои нави Маркази перинатал дар вилояти Андиҷон.

Суратгир: З. УМУРЗОҚОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: