Бинои нави масҷиди ҷомеи Андиҷон кушода шуд

Президент Шавкат Мирзиёев аз Масҷиди асосии ҷомеи вилояти Андиҷон дидан кард.

Президент Шавкат Мирзиёев аз Масҷиди асосии ҷомеи вилояти Андиҷон дидан кард.

Аввалин масҷид дар ин ҷо соли 1870 сохта шудааст. Сохтмони масҷиди ҳозира соли 2018 оғоз ёфта, моҳи майи соли равон ба итмом расидааст.

Бинои нав бо усули кӯҳнаи "чор айвон" ва "чор дарвоза" сохта шудааст. Дар ҳарду тараф манораҳои баландиаш 54 метр қомат афрохтаанд, толори асосиро гунбази диаметраш 18 метра зеб медиҳад.

Қаблан ғунҷоиши масҷид 5 ҳазор нафарро ташкил карда бошад, ҳоло ин бино метавонад беш аз 15 ҳазор намозгузорро қабул кунад.

Сураҳо аз Қуръон қироат гардида,  дуоҳо хонда шуданд.

 - Ба муҳандисон, бинокорон ва ороишгарон, инчунин хайрхоҳоне, ки дар сохтмони ин маъво саҳм гузоштаанд, ташаккур мегӯям. Мардуми Андиҷонро бо ин масҷид табрик мегӯям, бигузор он солҳои дароз ба мардуми мо хидмат кунад, - гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар ин ҷо сӯҳбат бо пешвоёни дин баргузор гардид.

 - Мо ба ободонии ҳамаи зиёратгоҳҳо, бунёди масҷидҳо ва марказҳои нави маърифат диққат медиҳем. Мо чунин корҳои хайрро идома хоҳем дод. Агар мусалмонон ба ин ҷо омада, намозҳои худро озодона адо намоянд ва бо шукргузорӣ мардуми моро дуо кунанд, нур болои нур хоҳад шуд, - гуфт сарвари давлат.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: