БИНОИ ТАЪЛИМИИ ДОРОИ 1000 ҶОЙ ТАЪМИР ГАРДИД

Бинои таълимии дорои 1000 ҷойи нишасти Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд пурра таъмир ва ба истифода дода шуд.

Дар асоси Консепсияи рушди сохтори таълими олии ҷумҳурӣ то соли 2030 зина ба зина ба системаи худмаблағгузорӣ гузаронидани боргоҳҳои таълими олӣ ва ба онҳо мустақилияти молиявӣ ва академӣ додан барои мустаҳкам намудани пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои профессор-устодон ва донишҷӯён хидмат мекунад.
Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд яке аз аввалин донишкадаҳои мамлакат, ки системаи худмаблағгузориро ҷорӣ кардааст.
– Пештар барои сохтани бинои таълимӣ ё хобгоҳи донишҷӯён аввал онро ба барномаи инвеститсионӣ дохил мекардем ва баъд мунтазири маблағ мешудем, — гуфт ректори донишкада И.Тӯхтасинов. – Ғайр аз ин, ҳар сол дар чунин барномаҳо иштирок кардан имконнопазир буд. Ҳоло мо имкон дорем, ки аз ҳисоби маблағи худ бинои нав созем ё онҳоро таъмир кунем, барои таҳсили босифати хонандагон шароити мусоид фароҳам оварем. Дар натиҷаи ин, соли 2022 бар ивази 12 миллиард сӯм Маркази захираҳои ахборро бунёд кардем, ки дар ин ҷо 288 ҳазор адабиёти илмӣ, таълимӣ ва хориҷӣ нигаҳдорӣ мешавад. 

З. ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: