Мардуми кишвари моро бо тантана ҷашн гирифтани ҳар як ид ба ҳукми анъана даромадааст.
Хоссатан, ҷашнгирии истиқлол шукӯҳи ба худ хос пайдо кардааст. Мардум ин ҷашни мондагорро бо рӯҳбаландии бузурги меҳнативу шодӣ пешвоз мегиранд.
33-солагии истиқлолияти давлатиро аҳолии ноҳияи Қизилтепаи вилояти Навоӣ бо шаҳомат ва шодмонии фаромӯшнопазир пешвоз гирифтанд. Дар арафаи иди бошукӯҳ 200 хонадон соҳиби хонаҳои нави истиқоматӣ гардиданд.
Дар майдони «Ӯзбекистони Нав» 8 бинои 5 ошёна ба истифода дода шуд. Биноҳои нав дар ҳудуди 20 гектар бо арзиши 24,7 миллиард сӯм аз буҷаи давлатӣ бо тамоми талаботи соҳаи коммуникатсионӣ омода гардиданд. Соли гузашта маҳалла бо оби ошомиданӣ ва бо барқу гази табиӣ таъмин гардида, роҳҳои дохилӣ мумфарш карда шуд.
Соли оянда дар ин макон наздики 50 бинои бисёрошёна барои 1500 хонадон, мактаб барои 990 нафар, майдончаҳои варзишӣ, хонаи фарҳанг, марказҳои тиҷоратӣ ва хидмати маишӣ бунёд мегардад. Аз ин ҳама мардум шоду масруранд. Бо ҳиссиёти баланд изҳори шодмонӣ доранд.
– Ана, имрӯз ба хонаи нав кӯчида даромадем, – мегӯяд Дилбар Зиёдова. – Ин ҷо баҳри зиндагӣ ҳама гуна имконият мавҷуд аст. Ҳар як бонуи хонадонро ин ҳама имкониятҳои муҳайё басанда аст. Хӯрокпазӣ дар ошхонаи таҷҳизонида хастагии рӯзи кориро рафъ мекунад.
Дар маҳаллаи Маликобод муассисаи давлатии таълими томактабӣ бо маблағи 4,8 миллиард сӯм барои 120 нафар ва бинои поликлиника бо маблағи 2,3 миллиард сӯм ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, дар маҳаллаи Сӯфиён бинои нави маҳалла, «Уч авлод маскани», майдончаи варзишӣ ва 2 бинои муассисаи давлатии таълими томактабӣ ба истифода супорида шуданд.
ВАЗЪИ ТАЪЛИМ ДАР ВИЛОЯТИ НАВОӢ
Соли нави хониш кӯдакон ва наврасони вилояти Навоӣ дар 377 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва 224 муассисаи давлатии таълими томактабӣ таълиму тарбия мегиранд. Соли 2024 дар вилоят 5 бинои нави мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ бунёд гардида, дар 14 мактаб таъмири ҷорӣ ва дар ду мактаб таъмири пурра анҷом дода шуд.
4 бинои нави муассисаи таълими томактабӣ бунёд гардида, 4 муассисаи таълимии томактабӣ пурра таъмир гардид. Нимсолаи аввали соли равон бо маблағи «Буҷаи ташаббус» дар 37 муассисаи таълимии вилоят корҳои таъмирӣ анҷом дода шуд.
Ин ҳама созандагию бунёдкориҳо натиҷаи худро дода истодааст. Соли равон 11 ҳазору 703 нафар хонандагони вилоят мактабро хатм намуда, ба ҳаёти мустақил қадам ниҳоданд. Аз ин 610 нафар ба гирифтани медали тилло ва 37 нафар ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардидаанд. 1916 нафар хатмкунанда донишҷӯйи донишгоҳҳои кишвар ва хориҷӣ гардиданд. Соли равон хатмкунандагони 21 мактаби ҷумҳурӣ то имтиҳоноти қабул ба донишгоҳҳои кишвар ва хориҷ аз он қабул гардидаанд, ки 8-тои он аз вилояти Навоӣ мебошад. Боиси хушнудист, ки хатмкунандагони 21 мактаби вилоят ҳангоми супоридани тестҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо аз 80 фоиз зиёд хол ба даст овардаанд.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.