БИНОҲОИ НАВ БА МАРКАЗИ ШАҲР ШУКӮҲИ ТОЗА МЕБАХШАНД

Яке аз чунин биноҳо дар кӯчаи ба номи Навоии шаҳр қомат афрохт.

Яке аз чунин биноҳо дар кӯчаи ба номи Навоии шаҳр қомат афрохт. Он бинои истиқоматии 12-ошёна буда, маросими баҳрабардории он хеле ботантана баргузор гардид. Ин бино ба ҷои хонаҳои якманзилаи истиқоматие қад афрохтааст, ки қариб сад сол муқаддам сохта шудаанд. 
Сохтану мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави истиқоматии 12- ошёнаро сохтмончиёни Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Файз бинокор Олтиариқ” таҳти роҳбари Бинокори шоистаи ҷумҳурӣ Бахтиёр Валламов бар дӯш доштанд. Дар ин бино 120 оила зиндагӣ хоҳад кард. Ошёнаҳои якум ва дуюм аз иншоотҳои иҷтимоӣ иборатанд.
Тавре ки ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров дар маросими баҳрабардории он изҳор намуд, яке аз авлавиятҳои кори давлатамонро таъмини мардум бо хонаву ҷой ташкил менамояд. Барои ҳамин корҳои сохтмон ва ба истифода супурдани чунин биноҳои истиқоматӣ дар саросари вилоят бо суръат идома доранд.
– Имрӯзҳо дар соири вилоятҳои кишварамон биноҳои 25 - ошёна низ сохта мешаванд. Дар канори шаҳри Фарғона бунёди шаҳрчаи экологӣ барномарезӣ шудааст. Дар ин ҷо барои сохтмони биноҳои истиқоматӣ, ки 40 ҳазор нафар аҳолиро ба канор хоҳад пазируфт, 300 гектар замин ҷудо карда шудааст. Қарор аст, ки 313 бинои истиқоматии 7-25 ошёна сохта мешаванд. Дар ин шаҳраки экологӣ бунёд ёфтани иншоотҳои иҷтимоӣ низ  ба нақша дароварда шудаанд, – гуфт Хайрулло Бозоров.
Маълум гардид, ки айни ҳол дар ноҳияи Бағдод 61 бинои истиқоматии бисёрошёна арзи вуҷуд намудааст. Инчунин сохтмончиён барои анҷоми корҳои сохтмонии 49 бинои бисёрошёна ғайрат мекунанд. 
– Нархи ин хонаҳо арзон буда, барои харидории он сокинони ҳамаи қишри ҷомеаамон имконияти молӣ пайдо хоҳанд кард, – афзуд ҳокими вилоят.
  Гузашта аз ин, соли равон ҷиҳати таъмини аҳолии вилоят бо хонаву ҷой 1 триллиону 524 миллиард сӯм ихтисос ёфтааст. Ба воситаи ин маблағ 300  бинои баландошёна сохта хоҳанд шуд, ки дар маҷмӯъ 9 ҳазору 9 оиларо ба канор хоҳад гирифт.
 
Файзулло ИБРОҲИМОВ,
мухбири ҷамоатии “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: