«Биҳишт дар зери қудуми модарон аст»

Баробари вуруди баҳори зебо ба диёри мо, иди бонувон бо тантана таҷлил мегардад.

Онҳо нури хонадони мо мебошанд.  Аз рӯйи анъана дар ин рӯз дарқаламрави ҷумҳурӣ чорабиниҳо доир мегарданд ва корҳои оламшумули бонувон сарҳисоб карда мешаванд. Ба ҳамин муносибат мо бо муовини ҳоким, раиси Кумитаи занону духтарони вилояти Ҷиззах Назира МУХТОРОВА суҳбат оростем. 
– Қаблан Шумо ва ҳамаи бонувонро бо иди баҳору зебоӣ табрику таҳният мегӯям. Бигӯед, ки ин ид дар ҳаёти бонувон чӣ аҳамият дорад?
– Вақте ки дар ин бора гап мезанем, суханони пурҳикмати қудсӣ ба ёд мерасанд: «Биҳишт дар зери қудуми модарон аст» ва худ аз худ симои меҳрубону муқаддаси модарон пеши назар ҷилва мекунад. Модарон ҳастанд, ки мо хушбахту хуррам ба камол мерасем. Охир, онҳо бештар барои хушбахтии оила талош меварзанд. Сарвари давлат гуфтааст: «Умед дорам, ки шумо, занони муҳтарам, минбаъд низ тамоми муҳаббати модарӣ, дониш ва таҷрибаи зиндагии худро барои он равон менамоед, ки фарзандонамон аз ҳама гуна хатар ва таҳоҷум парҳез созанд, онҳо чун шахсони рушднамудаи зеҳнӣ ва маънавӣ тарбия ёбанд, ки молики иродаи пурзӯр, содиқ ба Ватан ва халқ бошанд. Хусусан мо ба шумо дар тарбияи духтарон, тарбия намудани онҳо барои ҳаёти мустақилона, омӯзондани дониш ва касбҳои замонавӣ такя менамоем. Ба шумо, бонувони  муҳтарами мо, бо меҳри модарии худ, таҷриба ва дониши ҳаётӣ барои фарзандонамонро аз ҳар гуна хатар ҳифз намудан, онҳоро бо иродаи мустаҳкам, аз ҷиҳати интеллектуалӣ-маънавӣ расо, ба Ватани ҷоноҷонамон инсонҳои садоқатнок тарбия намудан минбаъд ҳам қувваву ғайрати хешро дареғ надоштанатон боварӣ дорам. Хусусан, барои духтарбачагонро ба ҳаёт тайёр намудан,  соҳиби касбу ҳунар гардондан мо, пеш аз ҳама, ба шумоён такя мекунем». Аз ин ҷо бармеояд, ки иди баҳор дар ҳаёти бонувон аҳамияти калон дорад.
– Ба андешаи Шумо, Фармони Президент «Дар бораи чораҳои куллан такмил додани кор дар соҳаи дастгирии занон ва мустаҳкам кардани идораи оила» аз 2 феврали соли 2018 дар роҳи пур кардани холигиҳои марбут ба ҳаёти бонувон чӣ аҳамият дорад?
– Ин Фармони Президент барои  аз ҳар нигоҳ дастгирӣ намудани бонувон хидмат мекунад. Вобаста ба маҷмӯи  чораву тадбирҳо дар ин самт бо 576 нафар модарони танҳо ва занони  ногиро барои пардохти аввали пули хона шартномаҳо ба имзо расиданд. Аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ қариб ба 1500 нафар занони соҳибкор ба миқдори 83 миллиард сӯм маблағ ҳамчун кредит дода шуд. Бо ташаббуси кумита 80-то сехи хурд таъсис ёфт, дар натиҷа 982 нафар занону духтарон бо кор таъмин гардиданд.
– Бонувони вилоят дар соҳаи варзиш чӣ гуна дастовардҳо доранд?
– Вақте ки дар бораи варзиш сухан меравад, метавон гуфт, ки Марина Хмлевская дар турнири байналхалқӣ оид ба варзиши сабук медали тилло, Шоиста Анорова дар шаҳри Пусани Куриёи Ҷанубӣ дар чемпионати чаҳон аз рӯйи гӯштӣ дар соҳил низ медали тиллоро ба даст оварданд. Иштироки муваффақиятноки Адиба Урозбоева дар Ҳиндустон барои дарёфти Ҷоми Осиё оиди кураш ва Дилноза Тангирова дар мусобиқаи байналхалқӣ, ки дар Таиланд  бино бар таэквандо-WTF баргузор шуд, лоиқи эътироф аст.
– Корҳои занону духтарони қаламрави вилоят аз ҷониби ҳукумат чӣ гуна қадр меёбад?
– Меҳнати бонувон аз тарафи ҳукумат, хусусан Сарвари давлат ба таври муносиб дар иду ҷашнвораҳо ҳамвора қадр карда мешавад. Чунончӣ, омӯзгори мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 7-уми ноҳияи Янгиобод Зулфия Абдуазимова бо ордени «Меҳнат шуҳрати»,  ҳамшираи калони маркази перинатали вилоят Зулфия Назарова ва муаллимаи синфҳои ибтидоии мактаби рақами 16-уми ноҳияи Ғаллаарал Робия Шарипова бо ордени «Дӯстлик», омӯзгори мактаб-интернати ихтисосонидашудаи ба номи Зулфия ва Ҳамид Олимҷон Муҳайё Қувватова бо медали «Шуҳрат» сарфароз гардиданд.
Ба ғайр аз ин ба 15 нафар бонувоне, ки бо меҳнати худ дар корҳои ҷамъияту давлат фаъолона иштирок намудаанд, ба нишони «Мӯътабар аёл» муносиб дониста шуданд.
– Барои бонувонро ба ҳунармандӣ, хонакорӣ, соҳибкорӣ ҷалб намудан чӣ гуна лоиҳаҳо пиёда мегарданд?
– Бо мақсади бошуғлфарогирии 776 нафар занон зиёда аз 4 миллиард сӯм маблағ харҷ гардид. Дар натиҷа 207 нафар занони ногиро ба фаъолияти хонакорӣ ҷалб карда шуданд. 
Имрӯзҳо дар деҳоти дурдасти вилоят ҳам солунҳои зебоӣ, сехҳои дӯзандагӣ ташкил меёбанд, ки ҳадаф аз ин бо кор бандкунии бонувон ва ҳаёти худро пурмазмун гузаронидани онҳо мебошад.
– Барои суҳбати пурмазмунатон ташаккур.

Анорбой НАЗАРОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: