Яке аз рӯзҳои зимистони соли 1983 буд.
Банда он замон дар рӯзномаи ноҳияи Сайҳунобод кор мекардам. Рӯзномаи мо дар матбааи шаҳри Сирдарё, ки аз Сайҳунобод хеле дур буд, нашр мешуд. Рӯзноманигорони куҳансол хуб медонанд, ки кор он солҳо нисбат ба ҳозира душвортар буд. Азбаски ҳуруфчинҳои матбаа ҳама русзабон буданд, лозим меомад, ҳар як саҳифаро гаштаву баргашта хонда таҳриру ислоҳ кунем...
Хуллас қарибиҳои нисфи шаб аз навбатдорӣ баргашта падари раҳматиамро бо димоғи сӯхта дар сари роҳ дидам.
– Баҳром (писари нуҳмоҳаи додарам) бемор, аҳволаш хеле вазнин,– гуфт падарам, – на имкони ба духтур бурдан ҳасту на илоҷи духтурро даъват кардан. Телефони идораи деҳа кор намекунад,ба дари ду-се мошиндор сар халондем,яке сӯзишворӣ надораду дигаре дар хона нест...
Бо дучарха (велосипед) сӯйи маркази хоҷагӣ шитофтам. »Дар ноомади кор атола дандон шиканад», гуфтагӣ барин дар нимароҳ занҷири дучархаам канда шуд. Бо машаққате ба беморхонаи маркази хоҷагӣ расидам,аммо коми дил ҳосил нашуд. Духтури навбатдор «мошини ёрии таъҷилӣ сӯзишворӣ надорад» — гуфту дарро ба рӯям баст. Қисса кӯтоҳ, аз ҳамон ҷо як дӯсти мошиндорамро бедор карда, ба деҳа омадем ва субҳи содиқ надамида кӯдаки беморро ба маркази ноҳия расондем...
Ҳамон солҳо мо – мухбирон қариб дар ҳар як мақолаамон менавиштем: «қадам ба қадам сӯйи коммунизм меравем»,»ғалабаи коммунизм наздик аст»,»меҳнати фидокоронаи мо ғалабаи коммунизмро таъмин хоҳад кард»...
Ҳоло мошини ёрии таъҷилӣ дар зарфи 10-15 дақиқа ба деҳаи дурдасттарини вилояти Сирдарё меравад, гӯям муболиға нест...
Солҳои ҳафтодуми асри гузашта истилоҳи «камчин» расм шуда буд. Гоҳ ягон навъи хӯрокворӣ камчин мешуду гоҳи дигар масолеҳи бинокорӣ...Мардуми деҳа серфарзанданд. Фарзандон, ки ба воя расиданд, ғами иморатсозӣ пеш меомад ва иморат бардоштан коре буд сангин. Бисёриҳо маблағ надоштанд, ки хона созанд, онҳое, ки маблағ доштанд, камчинии масолеҳи бинокорӣ азияташон медод...
Моҳи охири тирамоҳи соли 1978 барф бориду мо – донишҷӯён аз маъракаи пахтачинӣ озод шудем.Тобистони ҳамон сол падарам дар як гӯшаи ҳавлиамон иморати сехонагӣ сохта буданд. Вақте ки ман аз пахтачинӣ баргаштам, иморат ҳанӯз напӯшида буд. Зери барфу борон мондани иморати нимкораро ғурури падарам намебардошт. Аз ин рӯ ба худ гирифтор буд падар.
– Ҷойи нарафтаам намонд, шифер нест, – мегуфт ӯ, – тухми анқо шуд ин зормонда. Имрӯз шунидам, ки дар Гагарин (шаҳраке дар вилояти Ҷиззах) будааст. Пагоҳӣ барвақттар хез, ҳамроҳ меравем.
Пагоҳии барвақт падару писар мошини боркашеро киро карда, ба шаҳраки Гагарин рафтем. Аммо сад дареғ, ки аз он ҷо низ дасти холӣ баргаштем... Охир падарам маҷбур шуд, ки аз як бошандаи деҳаамон бо шарти шифер ба шифер баргардонидан «тухми анқо»-ро ба орият гирифта иморатро пӯшонад...
Ҳамон солҳо мо — донишҷӯён – ленинчиёни ҷавон мушт бар сина зада, аз бартариҳои сохти сотсиалистӣ ва сиёсати иғвогаронаи капитализми пӯсидаистода сухан мегуфтем...
Аввали солҳои ҳаштодуми асри сипаришуда банда баробари дар рӯзнома кор кардан лектори ғайриштатии комитети комсомолии вилоят будам. Ҳар ҳафта як бор ба ягон хоҷагӣ ё корхонаи саноатӣ рафта,аз рӯи барномаи махсус ваъзхонӣ мекардам. Аксарияти маърӯзаҳо дар мавзӯи атеистӣ буд. Маърӯзаи навбатиам аз рӯйи нақша мебоист дар фермаи ширӣ-молии хоҷагии ҳамсоя гузарад. Котиби ҳизби коммунистии хоҷагӣ маслиҳат дод,ки бегоҳӣ,вақти ширдӯшӣ ба ферма равам.
Бегоҳӣ мототсикли «Урал»-и падарро пурсидам.
– Куҷо меравӣ,– пурсид падар.
– Ба хоҷагии ҳамсоя рафта маърӯза кардан даркор.
– Дар кадом мавзӯъ ваъз мегӯӣ?
– Дар мавзӯи атеизм.
Падарам чанд лаҳза хомӯш монд. Пас аз сукути кӯтоҳ ба ман рӯ оварда гуфт: ба хонаи хоби ман гузар, зери болинам китобе ҳаст,биёр. Медонистам, ки падарам ҳамон рӯзҳо «Доғистони ман»-и Расул Ғамзатовро мехонд.
Китобро овардам.
– Ту ин китобро хондагӣ,медонам,зеро худат ба ман тавсия карда будӣ,ки хонам.
– Бале,ман ду бор хондам.
– Ду бор хонда бошӣ ҳам, аз суханони падари Расул панде нагирифтаӣ.
– Аз кадом суханонаш?
– Аз «Ба Шомил нарас»гуфтанаш.(Имом Шомил – қаҳрамони халқи Доғистон.Расул Ғамзатов бо вуҷуди таъкиди падараш Шомилро танқид карда, шеъре менависад ва пас аз чанде пушаймон шуда,хатояшро ислоҳ мекунад).
– Дада,охир инҳо дигар-дигар масъалаҳоянд.
– Не, писарам, масъала як хел,гап дар сари муқаддасот аст. Замона як ларзад, аз ҳизби коммунист ному нишон намемонад...Ба дини ислом нарас!
Ҳамон рӯз дар ботин аз падар ранҷидам. Аммо мани ғофил дар он рӯзгор намефаҳмидам, ки падар бо маълумоти нопурраи миёна «Доғистони ман»-и Расул Ғамзатовро аз писари маълумоти олидораш беҳтар дарк карда будааст...
Иродаи халқ ғолиб омад. Замона ларзид. Пешгӯйии падарам собит гашт. Сад дареғ,ки падар исботи фикрашро надида рафт.
Хонандаи азиз,»ғараз аз баёни ин хотираҳо чист» мегӯӣ? Ту агар ҳамсинну соли бандаӣ мақсадамро бояд фаҳмида бошӣ. Барои ҷавононе, ки сохтори пошхӯрдаро бо чашми хеш надидаанд, мегӯям: қасдам муқоисаи ду сохтори ҷамъиятӣ аст. Он чи, ки дар боло баён шуд, танҳо ба оилаи мо тааллуқ надошт,балки дарди халқ буд.
Банда метавонистам аз комёбиҳои соҳаи ҳифзи саломатии халқ ё биноҳои истиқоматии замонавӣ, ки намуди шаҳру деҳаҳоямонро ба куллӣ тағйир дода истодаанд, бо факту далелҳои зиёд мақолае иншо кунам. Ё худ гӯям, ки имрӯзҳо дар вилояти Сирдарё чанд масҷид ҳасту имсол чанд нафар ба зиёрати Каъба рафтанд...боз ғаразам аз ин нигоштаҳо шукрона гуфтан аст. Биё,бо ҳам шукр гӯем.
Тӯхтамиши БОҚӢ,
хабарнигори
«Овози тоҷик»дар вилояти Сирдарё.