БИЁ ХУШ, ДИЛНИШИН ҶӮШИ БАҲОРОН ДАР САМАРҚАНД АСТ...

Аз соли 1996 инҷониб 18-уми октябр ҳамчун Рӯзи шаҳри Самарқанд ҷашн гирифта мешавад.

Бо ҳамин муносибат дар Донишгоҳи байналмилалии технологии Самарқанд тақдимоти китобҳои «Самарқанд – нақши шаҳр дар фазои коммуникатсияи байни фарҳангҳо» ва «Қомуси Самарқанднома»-и хориҷиён» баргузор гардид, ки дар он вакилони расонаҳои ахбори оммавӣ, аҳли фарҳангу ҳунар, бостоншиносон, намояндагони маркази миллии вилоят ва дигарон ширкат варзиданд.
Ба чорабинӣ ректори донишгоҳ, профессор Юсуф Абдулло ҳусни ифтитоҳ бахшида, доир ба нуфузу мавқеи шаҳри бостонӣ ҳарф зад.
Сипас муаллифони асарҳо — бародарон Анатолий ва Владимир Ионесов нисбати таърихи пайдоиши китобҳо нақл намуданд.
Инчунин, чанд нафар меҳмонони хориҷӣ, ки ҳоло дар ин донишгоҳи навтаъсис  фаъолияти худро оғоз намудаанд, фикру андешаҳои худро дар бораи Самарқанд иброз доштанд.
Бояд таъкид намуд, ки дар рӯзҳои истироҳат ва  айёми ҷашни Самарқанд дар масканҳои Қарасув, шаҳраки Фарҳод, Нурафшон ва майдони Регистон барномаҳои дилнишин баргузор мешаванд, дар чанд гӯшаву канори шаҳр ярмаркаҳои маснуоти косибӣ, хӯрокворӣ ташкил ёфтааст, ки мардум баҳра мебаранд.
Рӯзҳои иди шаҳр тамоми осорхонаҳои таърихӣ, кинотеатрҳо дари худро барои меҳмонону мизбонони самарқандӣ боз мекунанд, даромадан ройгон аст.
Ба ҳамин муносибат мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор гардида, ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.
Дар чорчӯбаи чорабиниҳо ба истифода супурдани иншоотҳои гуногун пешбинӣ шудааст 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

Дар акс: тақдимоти китобҳои нав ба ректори Донишгоҳи байналмилалии технологии Самарқанд Юсуф Абдулло (дар байн).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: