БИЁЕД, АЗ ЯКДИГАР АЙБ НАҶӮЕМ...

Аз эълон шудани мавсими обуна қариб се моҳ сипарӣ гашт.

Мувофиқи маълумоти шуъбаи алоқаи вилояти Сурхондарё ва идораи «Матбуот тарқатувчи» то ҳол обунашудагони маҷаллаву рӯзномаҳо дар вилоят каме беш аз ду фоиз аст. Ин маълумот касро ҳайрон мекунад ва худ аз худ саволе пеш меояд, ки наход дар ин давру замон мардум расонаҳои ахбори умумиро нозарур ҳисобанд? Зеро солҳои пеш то ин дам маъракаи обуна қариб анҷом меёфт ва ташкилоту муассисаҳо, ҳамчунин шахсони алоҳида ба рӯзномаву маҷаллаҳои дилхоҳи худ аллакай обуна мешуданд.
– Ин масъаларо шумо ба сифати мутасаддии маъракаи мазкур чӣ гуна арзёбӣ мекунед? – мепурсам аз сарвари обунаи шуъбаи алоқаи вилоят Барно Муртазоева. Ӯ пас аз андешаи тӯлонӣ чунин посух дод:
– Мо худи ҳамин саволро мехостем ба шумо диҳем, ки чаро имсол маъракаи обуна муташаккилона сурат намегирад? Ҳама ба ин маърака лоқайдона назар мекунанд? Дар вилоят беш аз 600 ҳазор тоҷикон ҳастанд. Чаро онҳо ягона рӯзномаи ҷумҳуриявии худро дастгирӣ намекунанд?
– Барноапа, медонед, ки банда 27 сол боз барои ҳаллу фасли ин муаммо саъй мекунам. Вале сарриштаи асрори ин чигилро то ҳанӯз пайдо накардаам. Бинобар ин бо умед назди шумо омадам, ки дар ҳалли ин мушкилот кӯмак расонед...
– Не, бародар, ба умеди мо нашуда, худатон буттаро маҳкам доред. Ба ноҳияи Бойсун равед он ҷо сайробиҳо, панҷобиҳо, дарбандиҳо, авлодиҳо, хӯҷаҳо, ки ҳама тоҷиканд, зиндагӣ мекунанд, аз онҳо мадад ҷӯед. Чаро онҳо миллиону миллиардҳо сӯмро ба бод дода, тӯйҳои «осмонкаф» мекунанду ба ягона рӯзномаи ҷумҳуриявии худ обуна намешаванд? Агар муаммоятон бо онҳо ҳал нашавад, ба ноҳияҳои Деҳнав, Олтинсой, Сариосиё, Узун равед, дар он ҷойҳо низ тоҷикон зиёданд. 
– Охир омӯзгорони мактабҳои тоҷикиро чӣ шуд? – дубора суол мекунад Барноапа.
– Онҳо суханони вазири Вазорати  таълими халқи ҷумҳурӣ – Шерзод Шерматовро дастак кардаанд, ки гӯё обуна маҷбурӣ нест, ҳеҷ кас наметавонад омӯзгорро ба ин кор маҷбур кунад, гуфта бошад.
– Мебахшед, ман гуфтаҳои Шерзод Ҳотамовичро шунида будам. Агар хотирам фанд надиҳад, ӯ гуфт, ки ҳар як омӯзгор бояд аз рӯйи тахассусаш ба ин ё он рӯзнома ё худ маҷалла обуна шавад. Яъне, вай ягон муаллиму омӯзгорро ба обуна нашудан ташвиқ накардааст. Баръакс, ӯ «обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ озод аст, омӯзгор метавонад ба ин ё он номгӯйи расонаҳои ахбор озодона обуна шавад», гуфта буд.
Ин далел хулосаҳои нодурусти хонандагони азизро рад мекунад. Набояд фаромӯш кард, ки шабакаҳои Интернету воситаҳои дигари хабарӣ ҳеҷ гоҳ ҷойи расонаҳои ахбори оммаро гирифта ё худ пур карда наметавонанд.
Солҳои пешин аксарият мегуфтанд, ки номгӯйи рӯзномаву маҷаллаҳои барои обуна иҷборан пешниҳодшуда хеле зиёданду кас наметавонад ба воситаи ахбори писандидааш обуна шавад. Акнун, ки обуна ихтиёрӣ шуд, ба баҳонаи он ки номнависӣ ба рӯзномаҳо иҷборӣ нест, обуна намешаванд.
Ҳамзабонони азиз, «Овози тоҷик» рӯзномаи мост. Ин рӯзнома барои тоҷикони кишвар интишор мешавад. Агар мо нисбат ба ин матбуоти миллати хеш чунин беэътиборӣ ва хунукназарӣ зоҳир кунем, бемуболиға, моро арвоҳи гузаштагони баору номӯсамон ҳеҷ гоҳ намебахшанд. Биёед ба чунин бенангӣ роҳ надиҳем ва рӯзномаи худро дастгирӣ кунем, онро ҷонибдорӣ намоем.

Нуралӣ РАҶАБ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: