БИЁЕД, ДӮСТОН РӮЗНОМА ХОНЕМ!

Тайи солҳои охир ба мутолиаи китоб, рӯзнома ва маҷаллаҳо эътибор меафзояд.

Тайи солҳои охир ба мутолиаи китоб, рӯзнома ва маҷаллаҳо эътибор меафзояд. Ин ҳол, алалхусус, дар гузаронидани озмун, викторинаҳо баръало намоён мегардад. Ба андешаи мо, дар кори таблиғи китоб, рӯзнома ва маҷаллот омӯзгорон — онҳое, ки ба насли наврас илму адаб меомӯзонанд, бояд фаъол бошанд, баробари мутолиаи муттасили рӯзнома ба инкишоф додани забони ноби тоҷикӣ саҳм гиранд. Бист сол аст, ки дар мактаб омӯзгорам. Рӯзномаи ягонаи тоҷикии ҷумҳуриявии «Овози тоҷик»-ро ҳамвора мутолиа мекунам. Дар саҳифаҳояш мақолаҳои зиёд дар бораи фарҳангу адабиёт, мактабу маориф, ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ба табъ мерасанд. Фикр мекунам, ба ҳамаи ҳампешагон, яъне қишри калони омӯзгорони мактабҳои тоҷикии ҷумҳурӣ ба таблиғу тарғиб кардани он, ки рӯзнома гиред ё худ обуна шавед, ҳоҷат нест. Зеро омӯзгорон аҳли пешбари ҷамъиятанд. Ман ҳам бечуну чаро имсол чун ҳама сол аҳд кардам, ки ба «Овози тоҷик» обуна мешавам. Бо ин роҳ аз рӯзномаи худ пуштибонӣ ва дониши худро афзун мекунам. Пас, биёед, рафиқон, рӯзномаи худро дастгирӣ намоем.

 Ҳамид ШАРИФОВ, 
омӯзгор аз ноҳияи Фориши
 вилояти Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: