БИЁЕД, САЙРИ «ШАБИ ЯЛДО» КУНЕМ!

Дар олами маънӣ ҳар як чиз ҷоеву мақоми худро дорад.

Дар олами маънӣ ҳар як чиз ҷоеву мақоми худро дорад. Аз ҷумла китоб. Нашри китоби арзишманд ва пурмӯҳтаво на танҳо дастоварди эҷодкор, балки тӯҳфаи хубест баҳри мардум. Бояд гуфт, ки дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол миёни эҷодкорони ҷавон теъдоди қаламбадастоне, ки  бо забони тоҷикӣ эҷод мекунанд ва китобҳояшон рӯйи чоп омадаанд, камшуморанд ва ин таассуфовар. Воқеан, эҷодкорӣ, хоҳ дар наср бошад, хоҳ дар назм, басо сангину душвор аст. Ҳоло мутолиаи маҳсули эҷоди чанд тан ҷавонони эҷодкор ба дил умед мебахшад, ки яке аз онҳо нависандаи ҷавон ва рӯзноманигор Фаридуни Фарҳодзод (Юлдошев) мебошад, ки аллакай бо эҷоди пурарзиш, ҳикояҳои ҷолиб ва мақолаҳои публисистии гуногунмавзӯъ миёни аҳли адаб мавқеъ пайдо кардааст. 
Имсол барои адиби ҷавон ва ихлосмандони ӯ соли бобарору пур аз хурсандӣ шуд. Зеро нахусткитобаш бо номи “Шаби ялдо” тавассути нашриёти “Тӯрон нашр” чоп гардид. 
Фаридуни Фарҳодзод худ зодаи деҳаи Эҷи ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ мебошад, ки факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм кардааст ва дар бахши магистратураи  донишгоҳи мазкур низ таҳсили илм намудааст. 
Мавсуф ҳоло дар рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” адои вазифа мекунад.
Аз мусоҳибаи Фаридуни Фарҳодзод бо хабарнигори “Овози тоҷик” дар вилояти Самарқанд Зоҳир Ҳасанзода, ки соли 2019 таҳти сарлавҳаи “Виҷдони рӯзноманигор парчами дасти ӯст...” чоп гардида буд, аён мегардад, ки Фаридун аз овони мактабхонӣ ба забон ва адабиёт шавқи зиёд доштааст ва дилдодаи каломи бадеъ будааст. Чакидаҳои қалами Фаридун дар «Овози тоҷик»,  «Овози Самарқанд», «Ховар», “Субҳи Гулобод”, инчунин, дар маҷаллаи адабии “Паёми Суғд” (Хуҷанд), ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” (Душанбе) ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳо чоп гардида, хонандаро бо ҳунари салиқаи нависанда ошно сохтаанд. 
Фаридуни Фарҳодзод аз давраи донишҷӯӣ ҳикоя менависаду ҳикояҳояш дар китобҳои “Деҳаи зархез”, “Се барги сабз”, “Суханварони Зарафшон”(Тоҷикистон), “30 гуфтор аз 30 тор”, “Суғдиёна”(Нидерландия), “Гули санг” чоп шудаанд.
Китоби аввалини Фаридуни Фарҳодзод “Шаби ялдо” шаш ҳикоя – “Шаби ялдо”, “Чойпулӣ”, “Бодбараки орзу”, “Кайфар”, “Истгоҳи наҳс” ва “Кобус”-ро фаро мегирад. 
Вақте китобро мехонем, пай бурдан душвор нест, ки ҳар як ҳикоя хонданибоб ва ҷаззоб буда, бо услуби хос навишта шудаанд ва инро мо ҳангоми мутолиа равшантар эҳсос мекунем. Тарзи гуфтор, рафтор, кирдор, орзу, дард, муаммо ва характери ҳар як образ вижагиҳои хосса дорад. 
Масалан, дар ҳикояи нахустини китоб, ки “Шаби ялдо” ном дорад, мавзӯи муҳими рӯз инъикос ёфтааст. Дар ҳикоя роҷеъ ба қисмати талхи Хушнуда сухан меравад, ки аз хатоҳои хеш дар таассуф аст. Инчунин, дар рафти инъикоси воқеот доир ба бемории ҳамагири коронавирус, паёмадҳои нохуши он дар ҳаёти мардум, маҳдудиятҳое, ки дар шароити пандемия ҷорӣ гардиданд ва дигар масъалаҳои вобаста ба он ҳикоя карда мешавад. Симои ҳар як образи ҳикоя Хушнуда, Салоҳиддин, Беҳзоди Мурод, Шукрона хуб офарида шуда, тақдири онҳо ҳар як хонандаро ба андеша водор месозад ва хеле мутаассир мебошад. Дар китоб воҳидҳои фразеологӣ фаровон истифода гардидааст, ки боварии касро ба бузургии сеҳри сухан дучанд афзун месозад. Аз ҷумла, дар “Шаби ялдо” ибораҳои фразеологии “Охир, кор ба ҷону корд ба устухон расид-ку...” (саҳ.5), “То гӯсола гов шавад, дили соҳибаш об шавад” (саҳ. 9), “Беша бе шер нест, дарё бе моҳӣ” (саҳ. 36) ва ғайра корбурд шудаанд. Дар саҳифаи 16-уми китоб муаллиф ба зиндагӣ чунин таъриф медиҳад: “Зиндагӣ... Ҳатто дар тақсиму ғаму шодӣ адолат нест. Яке тӯли умр бо суруру шодӣ, дар миёни хушбахтию фараҳ умр ба сар мебарад, дигаре як умр пойбанди дарду ғам. Як умр бо умеди рӯзи нек, саодат ва бахт зиндагӣ мекунад. Як умр поёни шаби сиёҳро интизор мемонад”. 
Дар ҳикояҳо калимаҳои иқтибосӣ низ бамаврид ва фаровон истифода шудаанд. Масалан, дар ҳикояи “Истгоҳи наҳс” калимаҳои “секрет” (саҳ. 82), “ойтиҷон” (саҳ. 80), “савремений” (саҳ. 82), “литсензия” (саҳ. 83), “квартира” саҳ. 83) мавриди истифода қарор гирифтаанд. 
Мавзӯоти ҳикояҳои маҷмӯа рангоранг буда, ҳамдигарро такрор намекунанд. Дар онҳо масъалаҳои иҷтимоӣ, мушкили мардум, шебу фарози рӯзгор, паёмадҳои ногувор, одаму одамгарӣ, иллатҳои ҷамъиятӣ: чун порахӯрӣ, фиребгарӣ, дурӯғгӯӣ ва ғайра мушоҳида мешаванд. Масалан, дар ҳикояи “Чойпулӣ” яке аз иллатҳои ногувори ҷомеа – коррупсия инъикос гардидааст. Дар ин ҳикоя, баробари ҳолати ришвагирӣ, дигар масъалаҳое, ки бевосита бо он вобастаанд, ошкоро баён карда мешаванд. 
Вақте китоби “Шаби ялдо”-ро пурра мехонем, аз мулоҳизоти эҷодкор хулосае бармеояд, ки дар зиндагӣ ба роҳ ва роҳати инсонӣ мутаносибияти хешро дуруст интихоб кунему нақши некӣ гузорем.   
Нахусткитоби  Фарҳодзод “Шаби ялдо” дорои хусусиятҳои ахлоқӣ, маънавии инсонӣ буда, барои дарки вақт, қадри инсон, эҳтироми волидайн ва атрофиён, умуман хислатҳои ҳамидаи инсонӣ хидмат хоҳад кард. 
Дар охирсухан мехостем хонанда барои дарки пурраи асар сайри “Шаби ялдо” кунад. 

Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ, 
омӯзгори мактаби рақами 11-уми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: