БИЁЕД, САҲМГУЗОР БОШЕМ...

Рӯзнома чашму қалб ва инъикоскунандаи фарҳангу маданият, расму ойин ва оинаи рӯзгор дар хонадони ҳар яки мост.

Рӯзнома аст, ки мо ҳамарӯза аз хабару воқеаҳои рӯз бархурдор мешавем. Рӯзнома аст, ки чашми дилро равшан ва хиради инсониро афзун мекунад.
Чанд сол боз дар маъракаи обуна ба рӯзномаи «Овози тоҷик» муаммоҳо мавҷуданд. Инро аз теъдоди нашр, ки аз моҳи ноябр, ҳатто 1200 нусхаро ҳам ташкил намедиҳад, донистан мумкин аст. Мардум обуна намешаванд, зиёиёни тоҷик барои дуруст ташкил кардани ин маъракаи муҳим саъй намекунанд. Охир чаро? 
«Овози тоҷик» пас аз «Бухорои шариф» дуюмин рӯзнома аст ва инак қариб сад сол боз дар Ӯзбекистон бо забони тоҷикӣ нашр мешавад. Нахустин осори қаламкашони  адабиёти муосири тоҷик дар ин рӯзнома нашр шудаанд. Повести «Одина»-и сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ соли 1924 дар шумораҳои аввалини рӯзнома чоп шуда буд. Мақолаву очеркҳои дигари устоди бузург низ дар мавзӯъҳои гуногун дар ин рӯзнома нашр шудаанд. Дар маҳаллаҳои тоҷикнишин теъдоди хонандагони рӯзнома зиёд буд. Дар ҳар хонадони тоҷик онро мехонданд. Солҳои ҳаштодуми асри гузашта бо кӯшиш ва талабу дархости тоҷикон дар ноҳия ва вилоятҳои тоҷикнишини ҷумҳуриамон нашрияҳои нави «Овози Самарқанд», «Садои Сурхон», «Бохтар», «Ховар», саҳифаҳои тоҷикии «Чағониён,» «Сариосиё», «Субҳи Боботоғ», «Бойсун овози», «Субҳи Гулобод» ва ғайра бо забони тоҷикӣ таъсис ёфтанд ва нашр шуданд. Дар натиҷаи дастгирӣ накардан бисёрии онҳо, аз ҷумла рӯзномаҳои «Садои Сурхон» ва «Бохтар» фаъолияти худро қатъ намуданд. Мо то кай тамошобин мешавем, то ки тақдири чанд рӯзномаи боқимонда низ чунин фоҷиавӣ анҷом ёбад? Чаро мо иқдоми гузаштагонамонро дастгирӣ ва идома намедиҳем? Биёед, ҳамзабонон, якҷо дар мавсими муҳиму ҳалкунандаи обунашавӣ ба рӯзномаи «Овози тоҷик» ва дигар нашрияҳо, ки шиносномаи мову шумо ҳастанд, муташаккилона иштирок кунем. Чунки алҳол рӯзномаи мазкур хеле хонданибоб ва бо ороиши замонавӣ аз чоп баромада истодааст. Саҳифаҳои эҷодкорону қаламкашон ва мақолаву хабарҳое, ки рӯйи чопро мебинанд, писанди муштариён мегарданд. Кас аз онҳо як ҷаҳон ғизои маънавӣ бардошта, аз хабарҳои рӯз бархурдор мешавад. Оре, рӯзнома ҳоло муҳтоҷи кӯмак ва дастгирии мост.
Мо бо кӯмаку дастгирии омӯзгорони мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 82-юми ноҳияи Сариосиё тасмим гирифтем, ки теъдоди обунаро зиёд кунем. Соли гузашта дар нимсолаи дувум ба 8 нусха обуна шуда, шумораҳои онро пурра дастрас намудем. Дар ин бобат касе эрод надорад. Имсол ба 10 нусха солона обуна шудем. Дар ҷумҳуриамон зиёда аз 250 мактаби тоҷикӣ ҳаст. Агар ҳар кадоми онҳо 10-15 нусхагӣ обуна шаванд, худи ҳамин зиёда аз 3000 нусха мешавад. Аз ин рӯ, мо тамоми ҳамзабонон, омӯзгорону зиёиён, эҷодкорону қаламкашонро даъват менамоем, ки рӯзномаи дӯстдоштаамон – «Овози тоҷик»-ро дастгирӣ кунанд ва обуна шаванд...   
                                
Саодат САНГИНОВА, 
ҷонишини директор оид ба корҳои таълиму тарбияи мактаби рақами 82-юми ноҳияи Сариосиё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: