Ба қарибӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба доир ба илму маориф ва таълим, инчунин барои вохӯрӣ ва ошноӣ бо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ ташриф овард.
Баъд аз баррасӣ гардидани масоили ҳамкориҳо доир ба соҳоти таълим, бо роҳбарияти донишгоҳ инчунин дар бораи моҳияти Форуми ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки моҳи марти соли ҷорӣ таҳти унвони «Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи таҳсилоти олӣ, фан ва инноватсия ҳамчун асоси рушди иқтисодиёти миллӣ» баргузор шуда буд, ибрози андеша намуданд. Меҳмонон бо устодон ва донишҷӯёни факултаи «Фанҳои гуманитарӣ», аз ҷумла бо гурӯҳҳои тоҷикӣ суҳбат намуданд. Ногуфта намонад, ки дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ дар се факулта гурӯҳҳои тоҷикӣ амал мекунад. Дар факултаҳои филология, методикаи таълими ибтидоӣ ва факултаи таълими томактабӣ қариб даҳ нафар омӯзгорон кор мекунанд ва панҷсад нафар донишҷӯён таҳсил мегиранд.
Дар донишгоҳ барои омӯзиши замонавии донишомӯзон қариб ҳамаи шароит муҳайё мебошанд. Сафир пеш аз ҳама аз шароити фароҳамоварда изҳори хушнудӣ намуда, сониян аз Маркази дӯстии донишгоҳ дидан кард.
Ҳ. ҲИКМАТОВ,
мухбири ҷамоатии «Овози тоҷик».