БИЗНЕС-ФОРУМИ НОРИН ДОМАНИ ҲАМКОРИҲОРО ФАРОХТАР МЕСОЗАД

Як гурӯҳ соҳибкорони вилояти Фарғона таҳти роҳбарии ҷонишини ҳокими вилоят Иқболҷон Эргашев ба вилояти Норини Ҷумҳурии Қирғизистон ташриф оварданд.

Як гурӯҳ соҳибкорони вилояти Фарғона таҳти роҳбарии ҷонишини ҳокими вилоят Иқболҷон Эргашев ба вилояти Норини Ҷумҳурии Қирғизистон ташриф оварданд. 
Дар ин ҷо бизнес-форум баргузор гардид ва соҳибкорони ду вилоят барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дарозмуддат шартномаҳо ба имзо расониданд. 
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳокимияти вилояти Фарғона хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ки қимати умумии се шартномаи ҳамкорӣ 3,48 миллион доллари амрико мебошад. Маҳсулоти содиротии фарғонагиҳоро кӯчати ниҳолҳо ва велосипед ташкил мекунад. Аз вилояти Норин ба вилояти Фарғона 50 ҳазор тонна гӯшт, 60 ҳазор тонна картошка интиқол дода мешавад.
Ҳамчунин мувофиқи шартномаи тарафайн Ҷамъияти саҳҳомии масъулияташ маҳдуди “Чарм тӯп келажаги”-и шаҳри Фарғона маҳсулоти худро дар даҳ дӯконе ба фурӯш хоҳад расонд, ки дар масири Ӯш-Норин воқеъ гаштаанд.
– Ташрифи мо ба вилояти Норин ва гуфтушуниду музокираҳо ҳатман самараҳои хуби худро ба бор хоҳанд овард. Албатта, ҳар гуна ҳамкорӣ дар мустаҳкам шудани иқтисодиёт нақши муҳим мебозад, – мегӯяд ҷонишини ҳокими вилояти Фарғона Иқболҷон Эргашев.
Интизор меравад, ки ташрифҳои тарафайн ва баргузор намудани бизнес-форуми байни соҳибкорони вилоятҳои Фарғона ва Норин шакли анъанавиро касб хоҳад кард.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: