БИЗНЕС-ФОРУМИ ӮЗБЕКИСТОН – ТОҶИКИСТОН

1 июн дар шаҳри Тошканд бизнес-форуми Ӯзбекистон – Тоҷикистон дар шакли В2В баргузор шуд.

Чорабинии мазкур, ки дар арафаи ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, салоҳияти иқтисодӣ ва доираи васеи ҳамкориҳои байни мамлакатҳоямонро нишон дод.
Дар он беш аз 200 нафар намояндагони вазорат ва идора, доираҳои тиҷоратӣ ва корхонаҳои саноатии ҳар ду мамлакат иштирок карданд.
Дар форум ба ҳайати вакилони тарафҳо ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазири инвеститсия ва савдои хориҷа Сардор Умурзоқов ва ҷонишини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид сарварӣ карданд.
Роҳбарони ҳайатҳои ҳар ду мамлакат таъкид намуданд, ки барои ба роҳ мондани робитаҳои кооператсия оид ба васеъ гардондани муносибатҳои иқтисодӣ, бунёд кардани объектҳои истеҳсолии муштараки баландтехнологӣ, истеҳсоли маҳсулоти серхаридор ва ба бозор расонда додани он имкониятҳои зиёд мавҷуд аст.
Дар мулоқот ба мақсади рағбатноксозии  рушди кооператсияи савдо ва саноат дар ояндаи наздик дар назди пунктҳои назоратии «Ойбек» ва «Фотеҳобод» ба нақша дароварда шудани ташкили минтақаи савдову саноатии наздисарҳадӣ маълумот дода шуд.
Тавре ки таъкид шуд, дар минтақаи мазкур объектҳои истеҳсолӣ, марказҳои логистика ва инфрасохтори зарурӣ ҷойгузин мешавад.
Дар мулоқот ба сифати самтҳои устувори ҳамкориҳои байни корчаллонони ҳар ду мамлакат соҳаҳои саноати сабук, маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва истеҳсоли маводи сохтмон, фармасевтика, электротехника ва саноати маъдани кӯҳиву энергетика номбар гардид.
Имкониятҳои ширкати инвеститсионии Ӯзбекистон – Тоҷикистон, ки соли 2021 ба сифати воситаи самарабахши дастгирии лоиҳаҳои сектори хусусӣ ташкил шуда буд, таъкид гардид.
Дар давоми бизнес-форум доир ба ташаббус ва лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи нақлиёту логистика ва ҳамкории байни ҳудудҳо низ сухан рафт.
Вохӯриҳои дар шакли В2В ба намояндагии корчаллонони ҳар ду тараф имконияти ба намоиш гузоштани маҳсулоти худӣ ва хидматрасонӣ, мубодилаи афкор доир ба самтҳои устувори ҳамкорӣ ва салоҳияти содиротро дод. Дар ниҳояи форум доир ба савдо ва инвеститсия як қатор шартномаҳо ба имзо расид. 

Б. ХУДОЙБЕРДИЕВ. ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: