БОҒБОНИ БОҒИ МАЪРИФАТ

Сӯхтану сохтану афрӯхтан мароми зиндагии ӯ буд.

Шамъ шав, шамъ, ки худро сӯзӣ,
То бад-он базми касон афрӯзӣ.
ҶОМӢ.
Сӯхтану сохтану афрӯхтан мароми зиндагии ӯ буд. Умре дар талошу мубориза будан, дар пайи ободиву сохтан ҷидду ҷаҳд кардан, барои хушбахтиву камоли фарзандони халқ сӯхтану дар базму маҳфилҳо чун чароғ нуру зиё бахшидан ба кам касоне муяссар мегардад. Ин фазилатҳои нек танҳо ба бандагони хоссаи Худо муҷассам аст.
Салим Атоев воқеан аз ҷумлаи чунин мардони Худо буд. Барои инсони комил будан бояд ҳам сурат ва ҳам сирати кас зебо бошад. Устоди мо, хушбахтона ҳам сурати зебо дошту ҳам сирати зебо.
Салим Атоев дар деҳаи зебоманзари Пасурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё таваллуд ёфт. Айёми кӯдакии ӯ ба солҳои ҷанги хонумонсӯзи фашизм ва баъди ҷанг рост омад. Дар мактаби зодгоҳ таълиму тарбия гирифт. Аз кӯдакӣ зираку доно, ғаюру шуҷоъ, ҳозирҷавоб буд. Аз ҳамсолони худ ба куллӣ фарқ мекард. Бо хулқу одоби накӯ, дониши баланд ва ҷаҳонбинии васеъ, дасту бозуи қавӣ ва иродаи мустаҳкамаш намунаи дигарон буд. Шуғли дӯстдоштааш китобхонӣ ва варзиш. Ӯ пайи амалӣ гаштани орзуҳои ширин шабу рӯз ҷидду ҷаҳд дошт. Дар мусобиқаҳо ҳамеша дастболо буд.
Таълиму тарбияи устодон, саъю ҳаракати волидайн бесамар нарафтанд. Ӯ соли 1961 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Самарқанд гардид. Айнан дар ҳамин давра чун оҳан обутоб ёфт. Тамоми ҳастии худро ба омӯзиш ва варзиш бахшид. Дар дарсҳо фаъол, дар тадбирҳо ташаббускор буд. Шарикдарсон ва ҳатто гоҳе устодон аз ӯ маслиҳат мепурсиданд. Бо хислатҳои нек, дониши васеъ дар донишгоҳ ном баровард. Вақти пурқимматро беҳуда сарф намекард, баробари азхуд кардани дарсҳо китобҳои бадеиро бисёр мехонд, пайваста бо варзиш машғул мешуд. Айёми донишҷӯияшро дӯсти азизу қадрдони ӯ шодравон Равшани Эҳсон, ки дар як ҳуҷра зиндагӣ кардаанд, бисёр ёдовар мешуд, дониши воло, ақлу заковат, дасткушодиву ҷавонмардии ӯро эътироф мекард.
Салом Атоев чун аз солҳои мактабӣ ба варзиш, алалхусус, гӯштии миллӣ ва самбо дилбастагии зиёде дошт, дар айёми донишҷӯӣ низ пайваста машқ мекард ва дар мусобиқаҳои бонуфуз ширкат варзида аксаран дастболо мешуд.
“Паҳлавон буду узви дастаи яккачини гӯштигирон. Се маротиба (солҳои 1963-64-65) дар вазни сабук (65-67 кг) чемпиони ҷумҳурӣ аз рӯйи гӯштии тарзи самбо гардида, номзад ба устодии спорт шуд. Он солҳо гӯштигирии миллии тарзи Бухоро нав ташкил шуда буд. Вай ғолиби донишгоҳ, шаҳри Самарқанд, ҷумҳурӣ, Осиёи Вусто, билохира, дар Гурҷистон ҷоизадори мусобиқаи умумииттифоқ гашта буд”, – ёдовар мешавад устод Равшани Эҳсон. 
Лекин ӯ ҳеҷ гоҳ аз дасту бозуи пурқуввати худ мағрур нагаштааст. Касеро озор надодааст, баръакс далеру ҷасур, ки буд танбеҳи ононеро медод, ки муштзӯри авбош буданд. Донишҷӯёни бепуштупаноҳ дар симои ӯ як ҳимоятгари баҳимматро медиданд. Устод Салим Атоев минбаъд ҳам шуғли гӯштигириашро идома дод. Дар мусобиқаву тӯйу маъракаҳо қувваозмоӣ мекард ва соҳиби мукофоту ҷоизаҳо мегардид.
Ӯ соли 1966 донишгоҳро хатм намуд. Фаъолияти омӯзгориро соли 1966 дар мактаби рақами 5, ки худ дастпарвари он буд, оғоз кард. Мо солҳои 1969-1979 дар мактабе таҳсил гирифтаем, ки айни фаъолияти пурҷӯшу хурӯши устод буд. Ҳангоми дар синфҳои якум то чаҳорум хонданамон гоҳ-гоҳ ба синф даромада, дониши моро месанҷид, моро рӯҳбаланд месохт. Баъдан бевосита аз сабақҳои устод баҳраманд шудаем, ки то ҳанӯз чун панди зиндагӣ дар ёд дорам. Ҳама устодону шогирдони дабистон ба ӯ бо ҳавас менигаристанд. Зеро дар симои вай омӯзгори ҳақиқӣ, фидоӣ ва пурқатъиятро медиданд. Ӯ ба зудӣ дар миқёси ноҳия ва вилоят шинохта шуд. Тадбирҳои фарҳангӣ созмон медод. Шогирдонаш дар озмунҳо фотеҳ гардида номи ӯву мактабро боло мебардоштанд. Аз комёбиҳо меболид, вале ҳаргиз ба ҳавобаландиву худписандӣ роҳ намедод. Зеро ин хислатҳо ба ӯ бегона буданд. Муваффақияти хешро бо дигарон ба ҳам медид. Ҳамаро дастовардҳои мактаб меҳисобид.
Аз соли 1970 то 1980 ба ҳайси муовини директор фаъолият дошт. Соли 1980 ӯро директори мактаб таъин карданд. Акнун масъулияташ боз бештар гардида буд. Ӯ дар қадами аввал мактабро хуб аз таъмир баровард. Атрофи мактабро бо панҷара маҳкам намуда, садҳо бех ниҳоли мевадор ва манзаравӣ шинонида, 1 гектар боғ бунёд намуд. Аз ҳосили он даромади зиёде гирифта, барои эҳтиёҷи мактаб масраф менамуд ва ҳамин тариқ баҳри мактабиён ҳама шароити мусоидро  омода сохт. Ӯ ба маънои том боғбони боғи маърифат буд. Чун роҳбари дилёб тавонист дар мактаб як муҳити солим офарад. Обрӯйи мактаб боло рафт. Ба ҳамаи ин туфайли дониши баланд, серталабӣ, муомилаи неку самимӣ бо зердастон, манфиати ҷамъиятро аз манфиати шахсӣ ҳамеша боло гузоштан, тамаъгарӣ накардан, ҳалолкорӣ пеша кардан, кори таълиму тарбияро дуруст ба роҳ мондан муваффақ гардид. Ӯ 22 сол дар мактаби мазкур ба ҳайси роҳбар кор кард. Вақте ки ба нафақа мебаромад, муаллим ва дӯсти ҷониаш Равшани Эҳсон мақолае бо номи “Оқиле, дарёдилеву боғурур» навишта, дар он аз ҷумла зикр кардааст: «Ӯ аз мактабе, ки хонаи дуюмаш гашта, умри ҷавониашро бедареғ бахшидааст, 36 сол аз дараш бо нияти нек даромадааст, аз мактабе, ки ҳусни ҷавонии юсуфиашро он ҷо коҳондааст, аз мактабе, ки мӯи сиёҳи қатрониашро он ҷо нуқрафом кардааст, аз мактабе, ки қувваи паҳлавониашро додааст, сарбаланд рафт...» 
Лекин афсус, ки хизматҳои устод аз ҷониби зимомдорони давр қадршиносӣ нагардид. Устод, ки хоксору фурӯтан буд ва шуҳратпарастиро бад медид, ба ин умедвор ҳам нашудааст. Мукофоти ӯ меҳру самимиятест, ки дар зиндагӣ ва баъд аз маргаш ҳам шогирдони сершумор, мардуми диёр ва дӯсту ёр дар қалбҳояшон мепарваранд. 
Устод Салим Атоев дӯстдори фарҳанги ниёгон, посдори забони модарӣ буд. Таъриху адабиёти пурғановати аҷдодро хуб медонист. Шоҳбайтҳои бузургонро бисёр аз бар карда буд. Дар минбари сухан, маҳфилу базмҳо ва суҳбатҳои хосса ҳамеша аз онҳо истифода мекард. Ташвиқгару тарғибгари забони модарӣ буд. Рӯзномаҳои тоҷикии “Овози тоҷик”, “Садои Сурхон”, “Бохтар”, Ховар”, “Бойсун”-ро ҳамеша дастгирӣ мекард. Мақолаҳояш дар ин рӯзномаҳо мунтазам чоп мешуданд. Нисбати ононе, ки ба хор кардани забони тоҷикӣ сабаб гардида, ба паст задани миллат азм мекарданд, беамон мубориза мебурд.
Дар оғози солҳои навадум дар мактаби рақами 14-уми Тирмиз синфи тоҷикӣ ташкил карда шуд. Он солҳо хонандагонро бо китобҳои дарсӣ ва бадеӣ таъмин намудан мушкилот дошт. Зеро аз Тоҷикистон ба сабаби мувофиқ наомадани дастури таълимӣ ва баъдтар баста шудани роҳҳо китоб дастрас намешуд. Дар Ӯзбекистон бошад, барои мактабҳои тоҷикӣ китобҳои дарсӣ намерасид. Устод аз мактаби худ барои синфи тоҷикии ин мактаб китоб ҷудо кард ва мушкилотро ҳал намуд. Замоне, ки дар Сурхондарё аз ҷониби роҳбарони маҳаллӣ қонунҳои мавҷуда ва Конститутсия дағалона вайрон карда шуда, мактабу синфҳои тоҷикӣ баста шуданд, ӯ аз аввалинҳо шуда ба ҳимояи он хест. Вале дар ин ҷода ӯ бештар аз ҳамзабонони худ гила дошт. Дар пиронсолӣ месӯхт, ки ҳамдиёрону ҳамзабонон нисбати забону миллат беҳад бефарқ шудаанд, ғуруру ифтихорашонро поймол кардаанд. 
Хулоса, устод Салим Атоев аз ҳар ҷиҳат: ҳам дар паҳлавонӣ, ҳам дар омӯзгорӣ, ҳам дар роҳбарӣ ва ҳам дар одаму одамгарӣ намунаи ибрат буд. Дар тӯли зиёда аз 80-соли умри бобаракаташ фақат некӣ намуд, ба касе кина наварзид, ба касе ҳасад набурд. Дар ҳар кору дар ҳар маврид маслиҳатгар ва раҳнамои мардум буд. Ба таъбири Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ:
Хуррам он кас, ки бар ин 
дафтари пок аз ҳама 
ҳарф,
Рақами хайр кашиду 
асари хайр гузошт...
 
Саидвафо БОБОЕВ, 
рӯзноманигор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: