БОҒБОНИ БОҒИ ҲУНАР

Донишманди санъати мусиқии Бухоро, устоди «Шашмақом», ҳофиз ва навозандаи моҳир, актёри бомаҳорат Раҳматҷон Наимов (1910-1995) дар гузари Ҳавзи Қозикалони Бухорои шариф дар хонадони шахси маърифатнок ба дунё омад.

 Падараш Наимҳоҷӣ марди илмдӯст ва ориф буда, мактабдорӣ кардааст. Модараш Мушаррафхола бошад, бо тахаллуси «Оямуллои булбул» шеърҳо гуфтааст.
Раҳматҷон таълими ибтидоиро аз оила гирифт. Дертар тағоиаш – арбоби намоёни дин ва тариқати Қодирия шайх Абӯқодир дониши ӯро такмил додааст. Вай дар синни нӯҳсолагӣ «Қуръони карим»-ро хатм карда, сураҳои онро бо ҷозибаи ба худ хос қироат мекард. Аз давраи наврасӣ ба эҷодиёти мардум дил баст. Бо мақсади омӯхтани таронаҳои «Бухорча» ва «Мавригӣ», намунаҳо аз шуъбаҳои «Шашмақом» ба санъаткорони бузург Маъруфҷон Тошпӯлодов, Моин Бобохонов, Гавриэл ва Нуриэл Беняминовҳо шогирд шуд. Дутор, танбӯр ва доиранавозиро пеша кард. Ҳамин тариқ Р. Наимов ҳамчун санъаткори комил ба воя расид. 
Мардум ӯро на фақат ҳамчун навозандаю ҳофиз, балки чун устоди саҳна низ эътироф мекарданд. Ба намунаҳои эҷодии вай – тоҷикию ӯзбекӣ унс гирифта буданд.
Соли 1929 дар қатори Олим Хӯҷаев ва Ғулом Сатторов Раҳматҷон  Наимовро низ ба театри Ҳамзаи Тошканд ба кор даъват карданд. Вай бо соҳибистеъдодҳои соҳа Маннон Уйғур, Аброр Ҳидоятов, Тошхӯҷа Хӯҷаев, Лутфихонум Саримсоқова, Соро Эшонтӯраева ҳамкорӣ намуда, маҳорати актёрии худро такмил медиҳад. Мутаассифона вазъи оилавӣ ӯро водор намуд, ки ба зодгоҳ баргардад.
Баъди муддате дӯст ва шогирдаш, Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Аслӣ Бурҳонов ӯро барои кор ба Театри драмаи мусиқии ба номи А. Лоҳутии Душанбе даъват кард. Р. Наимов муддате дар пойтахти Тоҷикистон низ фаъолияти ҳунарӣ дошт. Соли 1941 Ҷанги дуюми ҷаҳон сар шуду Р. Наимов низ ба фронт рафт. Соли 1943 ӯ аз пой сахт захмдор гашта, ба Бухоро баргашт. 
Солҳои 1943-1948 дар театри тамошобинони ҷавон, ки дар Бухоро фаъолият дошт, ҳамчун коргардони ба саҳнагузоранда ва директор кор кард. 
Сосон Беняминов, Борис Наматиев, Баҳром Мавлонов, Бузург Дарвешов, Аҳадҷон Аҳмедов, Анвара Олимова, Райҳон Тӯраева барин ҳунармандони боистеъдодро ба кор гирифт. Якҷоя бо санъаткорони шинохта Ансор Атоев, Солӣ Фармонов, Матлаб Мухторова, Шамсиддин Раҷабов, Муҳаммад Шодиев, Хосиятхон Қобилҷонова ба театри шаҳри Ғиҷдувон асос гузошт. Дар асоси намунаҳои беҳтарини фолклори мардумӣ намоишномаҳо таҳия намуда, мардумро ба театр ҷалб кард. Р. Наимов соли 1951 ба шаҳри Ленинград рафта, дар курси шашмоҳаи коргардонӣ таҳсил гирифт, ба Ғиҷдувон баргашт ва то соли 1957 дар театри он ҷо фаъолият нишон дод. Соли 1958 вай ба Театри драмаи мусиқӣ ва мазҳакаи вилояти Бухоро ба номи С. Айнӣ омада, дар вазифаҳои гуногун кор кард. Дар як қатор песаҳо нақш офарид. (Аз ҷумла образи Неъмат аз драмаи «Ҳалима»-и Ғулом Зафарӣ...) Ҳамчун ҷонишини директори театр ба рушди кори он саҳм гузошт.
Ӯ соли 1978 ба нафақа баромада бошад ҳам, аз соҳаи дӯстдоштааш дур нашуд. Вай дар театри вилоятӣ, ба дастаи мақомсароёни «Сайқал»-и назди хонаи маориф ва як қатор дастаҳои ҳунарии  ноҳияҳои вилоят ҳамчун мураббию мушовир ёрии амалӣ расонд. Ба ғанитар гардидани барномаҳои консертии эшон мадади хешро дареғ надошт. Бо сенария, намоишномаҳои офаридааш ба афзудани обрӯю эътибори онҳо сабабгор шуд. Дар натиҷа ҷамоаи «Сайқал» соли 1978 дар Самарқанд ва соли 1984 дар Маскав дар ҷашнвораҳои байналхалқӣ иштирок намуда, соҳиби комёбиҳои эҷодӣ гардид.
Яке аз хидматҳои назарраси устоди санъат Р. Наимов ҳамкории вай бо гурӯҳи эҷодии «Фохира» мебошад, ки он соли 1992 бо ташаббуси набера-шогирдаш Шуҳрат Фармонов дар шаҳри Бухоро созмон ёфта буд.
Дар натиҷа бештар аз сад савту суруди мардумӣ таҳти унвонҳои «Забонӣ»-ю «Туманӣ», ки дар гӯшаи фаромӯшшавӣ мехобид, аз нав эҳё гардид.
Р. Наимов бевосита бо шогирдаш — Ҳунарпешаи хидматнишондодаи Ӯзбекистон, навозанда ва оҳангсози моҳир Ориф Атоев савту сурудҳои аслиро барқарор карда, онҳоро ба адвор даровард. Дар натиҷа таҳти унвони  «Сайри гули сурх» маҷмӯи савту сурудҳои мардумии Бухоро таҳия ёфт ва он дар арафаи интишорёбист.
Донишмандони фолклори мусиқии Бухоро, соҳиби истеъдоди баланд, ки аз мероси маънавии беш аз ҳазорсолаи форс-тоҷик бархурдор аст, Раҳматҷон Наимов бобати рушди санъати миллиамон хидматҳои шоиста кардааст ва бо ифтихорномаю мукофотҳо сарфароз гардонда шудааст. 
Кори ӯро шогирдонаш – санъаткорони бухороӣ, Артисти халқии Ӯзбекистон, оҳангсоз Ӯлмас Расулов, Артисти хидматнишондодаи Ӯзбекистон, оҳангсоз Ориф Атоев, ҳофизи соҳирнафас Юсуфҷон Шукуров, Артисти хидматнишондодаи Ӯзбекистон Нишон Отамуродов, овозхонҳо Мавлуда Самандарова, Шӯҳрат Тиллоев, Дилмурод Хӯҷаев, Шӯҳрат Фармонов, Рауф Авезов ва фарзандаш Солиҷон Наимов идома медиҳанд.

Шуҳрат ҲОМИДӢ, 
рӯзноманигор.

Вилояти БУХОРО.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: