БОҒБОНИ “ЧОРБОҒ”

Фикри дар бораи китоби Асадуллоҳ “Чорбоғ” (2017) чизе навиштан ду сол қабл аз ин, пас аз мутолиаи ин китоб, пайдо шуда буд.

Фикри дар бораи китоби Асадуллоҳ “Чорбоғ” (2017) чизе навиштан ду сол қабл аз ин, пас аз мутолиаи ин китоб, пайдо шуда буд. Аммо рӯзгор як воқеиятест, ки нақшаи шуморо ҳатман ба муддати номуайян мавқуф мегузорад.
Ман шоир нестам, аммо шеъри хубро, агар дар он фикри балеғи шоирона мавҷуд бошад, дӯст медорам. Мунаққиди шеър ҳам нестам, зеро фардҳое, ки дар ду пеша – шеър ва мусиқӣ эҷод мекунанд, онҳоро мӯъҷизакор медонам, ба ин боис қудрати ба ҳамон зинаи мӯъҷиза баҳо доданро ба шеъру мусиқӣ надорам, рости гап, метарсам. 
“Чорбоғ” маҷмӯаест, ки ашъори дар он ҷамъомада ифодагари майлу иштиёқи шоир ба назми классикӣ мебошад. Ба андешаи банда, шоир мехоҳад, ки дар майдони назм ба мисли Хайёму Лоҳутиву Лоиқ қадам бизанад ва ашъораш ба мисли ашъори он бузургон дар қалби хонандагон маскан бигирад. 
Асадуллоҳ китобашро беҳуда “Чорбоғ” ном наниҳодааст. Дар тӯли солҳо шоир шеърҳои бисёри чормисраӣ – дубайтӣ, рубоӣ, қитъа, чорпораҳо эҷод намудааст, ки қисме аз онҳо дар китоб ҷой гирифтаанд. Муаллиф китобро ба фаслҳои рамзӣ тақсим намудааст: “Боғи дубайтӣ”, “Боғи рубоӣ”, “Боғи чаҳорпора”. Фақат фасли чорумро, ки қитъаҳоро дар бар гирифтааст, шоир, ба чӣ хаёле, “Боғи қитъа” нагуфтааст.
Ҳамин ки фурсати фароғат аз ташвишҳои рӯзгор расид, Асадуллоҳ ба сайри “боғҳо” меравад, худро ба оғӯши илҳом меандозад ва чун шоири андешаманд ҳаяҷону изтиробашро ба қалам медиҳад.
Дар дубайтиҳои шоир ду чиз ба назар мерасад. 
Аз як тараф чунин менамояд, ки шоир дубайтиҳояшро дар услуби лирикаи пешина эҷод намудааст, аз ин рӯ онҳо чандон нав нестанд. Аз тарафи дигар, дар доираи ҳамон услуб, аммо мувофиқ ба замони имрӯза, шоир навгӯиҳо дорад. Ман, албатта, дар шеър “инқилоб кардан”-ро дар назар надорам, агарчӣ Асадуллоҳ ба чунин иқдом қудрат дорад. 
Як теъдод дубайтиҳои шоир таронаҳои адабиёти шифоҳии халқ ва сурудаҳои Лоҳутиро ба ёд меоранд. Онҳо дар радифи “Эй, дил” ва ё “ Эй, гул” эҷод шудаанд. Ин радифҳо ба дубайтиҳои шоир як таровати бадеиву зинати хосаи услубӣ бахшидаанд. 
Дар байни нигоштаҳои Асадуллоҳ як дубайтӣ диққати маро ҷалб кард. Аввалан, он ба радифи “эй дил” эҷод ёфта, “дилнома”-ҳои шоирони гузаштаро ба ёд меорад. Сониян, дар қолаби лирикии шеър мазмуни  иҷтимоиро ғунҷондани шоир ба назарам хеле аҷиб намуд. Дар воқеъ ҳам, дар тӯли ду-се даҳсолаи охир аз сабаби ба касодӣ расидани иқтисоди мамлакат, ҳазорон одамон дар ҷустуҷӯйи “қути лоямут” ба хориҷа ҳиҷрат намуданд. Қисми калони онҳо ҷавононанд. Маълум шуд, ки онҳо, азбаски дониш ва касбу ҳунари муайян надоштанд, мардикор шуданд. Шоир қадри ҳунарро баланд мегузорад, зеро маҳз одами соҳибҳунар – чӣ шоиру чӣ барзгар – ризқи зиндагии худро аз ҳунари хеш пайдо карда метавонад:
Ҳунар болу пари ман бошад, 
эй дил,
Ҳунар тоҷи сари ман бошад, 
эй дил!
Тамоми умр ман хӯрдам 
аз он ризқ,
Ҳунар ганҷу зари ман бошад, 
эй дил.(саҳ.60)
Дар ҳамин фасли китоб боз як дубайтиро мехонам, ки аз он хеле хушам омад:
Гаҳе шоду гаҳе ношод ҳастем,
Гаҳе дар банду гаҳ озод
 ҳастем.
Бибояд зиндагӣ бо амри 
виҷдон,
Хасе варна ба дасти бод 
ҳастем. (саҳ.78)
Бинед, шоир ин сатрҳоро чӣ тавр равону салис эҷод кардааст. Ду сатри аввал аз он, ки шоир дар таҷассуми андешаҳояш тазодро устодона истифода бурдааст, хеле марғуб омадаанд. Тазоди шодиву ношодӣ, банду озодиро шоир дар ду сатри сонӣ бо принсипи ахлоқии ҳастии инсони имрӯза – виҷдон пайвастааст. Ин ҷойи тааҷҷуб надорад. Зеро ба ақидаи ман ҳам, виҷдон беҳтарин усули аз ношодӣ ба шодмонӣ ва аз бандагӣ ба озодӣ расидан аст. Таъсири назми классикӣ, алалхусус, оҳанги иҷтимоии он (Ибни Сино ва Хайёмро ба ёд меорем) дар ин дубайтӣ бе чуну чарост.
Дар фасли дувум – “Абри найсон” (муаллиф онро “Боғи рубоӣ” номидааст) 28 рубоии шоир гирд омадаанд. Таҳлили назокати бадеӣ, суфтаю носуфта, анъанавию навгӯёна будани ин рубоиҳо кори  шеършиносон аст. Ман ҳамеша мазмунро ба ҷойи аввал мегузорам, на шаклро. Аммо хуб мешуд, агар шаклу мазмун дар таносуби бадеӣ бошанд.
Рубоиҳои Асадуллоҳ бештар маҳрамона сароида шудаанд ва садои қалби шоирро ба мо мерасонанд. Ҳаёт барои шоир натанҳо манбаи сатрҳои романтикӣ, балки ҳамчунин манбаи панду ҳикматҳо мебошад. Яке аз хулосаҳое, ки шоир аз воқеияти имрӯза бардоштааст:
Дунё ба ҳама неку бадаш 
даргузар аст,
Нодон ҳама умр аз пайи 
симу зар аст.
Ин давлату мол бар дигарҳо 
монад,
Донӣ, ки ба боғи умр некӣ 
самар аст. (саҳ.100)
Чаҳорпораҳои Асадуллоҳ дар рӯҳи таронаҳои рақсӣ эҷод шудаанд. Дар доираи жанри мазкур дунёи ботинии шоир, эҳсосоту афкори ӯ боз ҳам озодтар, комилтар инъикос ёфта, моҳияти фалакӣ пайдо намудаанд. Инсон ва ҳаёти ӯ дар рӯйи замин, дунёи воқеӣ ва дунёи охират, марг, қазову қадар, ҳақиқат ва адолат – ин мавзӯъҳое ҳастанд, ки Асадуллоҳро ба дарки  сӯфиёна (дарвешӣ)-и ҳастӣ овардаанд. Баъзан шоир ба яъсу навмедӣ низ роҳ додааст. Бо вуҷуди ин, дар баъзе бандҳо шоир лирикаро бо сатрҳои сӯфиёна хуб пайвастааст, аз ҷумла дар банди зерин: 
Номаҳоятро намехонам дигар,
Номаҳоят нури чашмонам 
рабуд.
Дар азои ишқи покам то ҳанӯз,
Осмон ҳам ҷома мепӯшад 
кабуд. (саҳ.119)
Дар банди дигар қаҳрамони лирикӣ (шоир) ба Худо муроҷиат мекунад, ба ӯ қалби пурдарду ҷабрдидаи худро мекушояд, барои хеш як нафас бошад ҳам, бахту иқбол мепурсад. Чаҳорпора бо шаклу вазн ва моҳияти худ як ранги назми сӯфиёна – таронаҳои қаландариро ба ёд меорад, ки имрӯз дар кӯчаву бозорҳо аҳён-аҳён садо медиҳанд: 
Ай Худо, бо дарду тиморам 
макуш,
Ай Худо, бо ҷабру озорам 
макуш. 
Як нафас ту бахту иқболам 
бидеҳ,
Ай Худо, овораю зорам макуш. 
(саҳ.127)
Фасли чаҳоруми китоб “Аз қитъае то қитъае” ном гирифтааст. Шоир он чӣ дар жанри қитъа (58 адад) эҷод кардааст, ба чаҳор силсила муайян намуда, онҳоро ба зодгоҳи хеш (“Чорбоғнома”), зодгоҳи падару модар (“Кемгузарнома”), зодгоҳи бобоён (“Хуфарнома”) ва зодгоҳи фарзанду набераҳояш (“Самарқанднома”) бахшидааст. (Чорбоғ, Кемгузар ва Хуфар номи деҳаҳо дар ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё мебошанд). 
Бештари қитъаҳои муаллиф ба силсилаи “Самарқанднома” ворид шудаанд. Меҳру муҳаббати Асадуллоҳ нисбати Самарқанд беандоза аст. Ин шаҳри куҳанбунёд, ватани садҳо алломаҳои машҳури ҷаҳонӣ бо таърихи пурифтихораш, мадрасаву манораҳои пурҷилояш, қадамҷову зиёратгоҳҳои муборакаш, мардуми озодаву духтарони дилрабояш, ба қатори шоирони гузаштаву имрӯза, дили Асадуллоҳро низ рабудааст. Мехоҳам ошкоро бигӯям: меҳру ифтихори Асадуллоҳ аз Самарқанд аз меҳру ифтихори баъзе зодагони он амиқтару самимитар аст. Нисбати таърихи шаҳр низ шоир андешаҳои объективона дорад. Дар як маврид шоир Самарқандро “қалби Хуросон” (сарзамини форсигӯён) гуфтааст ва ҳақ бар ҷониби ӯст. Дар мавриди дигар шоир аз Афросиёб гила дорад, ки вай дар Туронзамин ба Рустами Достон маскан надод. Чунин андешаи шоир маҳз аз дарки адолати таърихӣ таваллуд ёфтааст:
Туро пазмонам ин дам, 
эй Самарқанд,
Бигирӣ аз дилам ғам,
 эй Самарқанд.
Ман аз Афросиёбат гила дорам,
Надод ӯ ҷо ба Рустам, 
эй Самарқанд. (саҳ.154)
Беҳтарин роҳи ба пеш рафтан роҳи ҷустуҷӯҳост, он санг ҳам дораду хор ҳам. Навҷӯйӣ ҷасорати эҷодӣ мехоҳад. Дар роҳи ҷустуҷӯҳои тозаи бадеӣ ва офаридани образҳои нави шоирона ба Асадуллоҳ комёбиҳо мехоҳам. Бигузор, фикраш ҳамеша бедору қалбаш ноором бошанд, зеро қалби орому фикри хомӯш қобилияти эҷод карданро надоранд.

Ато АҲРОРОВ,
номзади илмҳои санъатшиносӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: