«Овози тоҷик» дар шумораи 72-юм, ки 11 сентябри соли 2024 аз чоп баромадааст, мақолаи хабарнигори шуморо дар вилояти Қашқадарё таҳти унвони «Деҳаи Кӯл соҳиби боғча шуд, аммо...» ба нашр расонда буд. Дар он аз шодиҳои аҳли деҳаи кӯҳистонии Кӯли ноҳияи Шаҳрисабз нақл кардаам.
Навишта будам, ки бори нахуст дар ин мавзеъ Муассисаи давлатии томактабии замонавӣ сохта шудаву аз оғози соли хониши нав дари худро ба рӯи таълиму тарбиятгирандагони маҳаллӣ боз намудааст. Аммо забони таълими боғча ба забони давлатӣ сурат мегирифт, ки аз мантиқ дур будани ин амалро таъкид кардаем.
Дар деҳаи Кӯл саросар тоҷикон зиндагӣ мекунанд ва мактаби миёнаи рақами 64-уми ин деҳкада низ таълими худро ба забони тоҷикӣ мебарад. Вале дар чунин як деҳа ташкил шудани боғчаи бачагон дар арафи 33-юмин солгарди Истиқлоли Ватан як кори хайр буд, ки мардуми маҳаллӣ солҳои тӯлонӣ дар орзуяш мезистанд. Аз рӯзе, ки боғча дари худро ба рӯи мизоҷони хурдсоли худ кушод, таълимро ба забони ӯзбекӣ оғоз кард, ки мояи нигарониҳои волидони худшиноси маҳал гардид. Зеро таълим дар ягона мактаби миёнаи деҳа ба забони тоҷикӣ сурат мегирад ва худогоҳони деҳа сари вақт дарк намуданд, ки агар таълими кӯдакони то синни мактабӣ ба забони ғайр сурат бигирад, бидуни шубҳа кори омӯзгорону шогирдонро дар дабистон боз ҳам душвортар месозад. Ин аст, ки аҳли деҳаи Кӯл пас аз нашри мақола барои тағйири забони таълим дар боғчаи худ ба Саридораи таълими томактабӣ ва мактабии вилоят муроҷиат намуданд ва ба натиҷаи дилхоҳ мушарраф гардиданд. Саридораи таълими томактабӣ ва мактабии вилоят дар шабакаи телеграмии расмии худ ба навиштаи рӯзномаи «Овози тоҷик» 3-юми октябри соли 2024 вокуниши расмӣ кардаву навиштааст: «Дар Муассисаи давлатии томактабии рақами 44-ум коргузорӣ ба забони давлатӣ сурат мегирад. Аммо маълум мекунем, ки таълим, ҷараёни тарбият дар асоси талаби аҳолии маҳаллӣ ба забони тоҷикӣ бурда мешавад. Аҳолии ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи «Кӯл»-и ноҳияи Шаҳрисабз ба миллати тоҷик мансуб буда, мардум ба забони тоҷикӣ мулоқот мекунанд. Мактаби умумитаълимии рақами 64-ум, ки дар ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи «Кӯл» мавқеъ дорад, ба забони тоҷикӣ фаъолият мекунад».
Зафар Наҷмиддинов, роҳбари муассисаи давлатии томактабии рақами 44-уми деҳаи Кӯли ноҳияи Шаҳрисабз гуфт, ки алҳол дар боғча таълим ва тарбияти хурдсолон ба забони тоҷикӣ пеш меравад ва мувофиқи талаби шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳия «Низом»-и тасдиқшудаи кории боғчаро тағйир медиҳем ва дар он забони таълим ва тарбиятро тоҷикӣ дарҷ мекунем. Барои иҷрои ин кор ба Маркази хидматрасонии давлатӣ ё «Равзанаи ягона» муроҷиат мекунем ва умедворем, ки муваффақ мешавем.
Аммо сад афсӯс, ки дар тамоми минтақаҳои тоҷикнишини кишварамон ба ин масъала аз паси панҷа менигаранд ва ба пойдевори таълими фарзандон эътибор намедиҳанд. Бояд таъкид кард, ки:
Хишти аввал чун ниҳад
меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ.
Ин байти машҳурро ҳама медонанд, аммо ба умқаш сар фурӯ бурдаву дар амал татбиқ намекунанд. Аслан маъмурияти мактабҳои тоҷикии кишварамон вазифадор ҳастанд, ки ба фаъолияти муассисаҳои давлатии томактабӣ ва кӯдакистонҳои оилавӣ дахл кардаву забони таълими онҳоро ба забони таълими мактабҳои худ тобеъ созанд. Ин чӣ амалест, ки забони мактаб дар минтақа ба тоҷикӣ буда, таълим дар боғчаҳо ба забони ғайр бурда мешавад! Оё ин амали мутлақ нодуруст ба сифати таълим, ки ҳукумати ҷумҳурӣ барои беҳбуди он шабону рӯзон ҷон коҳондаву маблағи зиёде сарф мекунад, таъсири манфӣ намерасонад?! Албатта, ба сифати таълим дар дабистонҳо таъсири бад расондаву хидмати омӯзгоронро дучанд душвор месозад.
Дар ин авохир омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ шиква карданд, ки бачаҳои тоҷик баъд аз таълиму тарбият ёфтан дар муассисаҳои томактабӣ ба забони давлатӣ ба мактаби тоҷикӣ омадаву забони омӯзгори худро намефаҳманд. Ин як фоҷеаест, ки ба сари мардуми мо омада! Бадии кор дар он аст, ки волидони тоҷик ба душворӣ гирифтор шудани кӯдакони худро баҳона карда, талаб хоҳанд кард, ки забони таълими мактабро, ки даҳсолаҳо тоҷикӣ аст, тағйир диҳанд, ё ҳадди ақалл дар мактабҳои тоҷикӣ синфҳои таълимашон ба забони ӯзбекӣ кушоянд. Ҳамин аст оғози таназзули мактабҳои миллии тоҷикии мо, ки аз беэътибориву бефарқиамон сурат мегирад, ки асосаш нашинохтани худу эҳтиром накардани арзишҳои миллӣ мебошад. Барои падару модарон, ки аксар худогоҳии миллӣ ба гӯшаи хаёлашон намеояд, шояд дар боғчаҳо ба забони давлатӣ таълим гирифтани фарзандонашон як ҳодисаи маъмулӣ бошад ва мумкин онҳо аз нофаҳмӣ ба умқи ин масъала дуруст сарфаҳм намераванд, аммо аҳли зиёи ҳар як деҳаи тоҷикнишин, хусусан ҷамоаи омӯзгоронро чӣ шуда, ки ба ин масъала бетарафона муносибат мекунанд ва аз миллату забони худ, аз нони даҳони худу фарзандонашон ҳимоят намеварзанд? Маҳз омӯзгоронанд, ки қишри босаводу худогоҳи ҷомеаро ташкил мекунанд. Талаби дастаҷамъонаи онҳо дар роҳи ҳалли аксари мушкилоти марбути таълиму тарбият дар дабистонҳои миллии кишвар муассир буда, бидуни натиҷае нахоҳанд монд. Аммо хомӯшии ин гурӯҳ басо кулфатбор буда, ба ҳастии миллии мо рахна мезанад.
Ҳарчанд «Овози тоҷик» чун минбари ягонаи миллии тоҷикон дар масъалаҳои доғ мақолаҳо нашр месозад, аммо рӯзнома мисли солҳои гузашта то дасти омӯзгорон намерасад ва худи омӯзгорони тоҷик низ ба ягона нашрияи худ обуна нестанд ва аз мутолиа дур мондаанд. Ин аст, ки ба навиштаҳои мо акси садо ирсол намекунанд ва дар ҳалли муаммоҳои ҷойдошта назаре намедиҳанд.
Шариф Халил,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.
Хабарҳои дигар
ТАҶАЛЛИГОҲИ ҲАЁТИ ВОҚЕӢ
Шавқи мардум ба санъати театр хеле коҳиш ёфта, мухлисони як замонаҳо бешумор кунун ба остонаи толорҳои бузурги театрҳо камтар по мегузоранд.
АНҶУМАНИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ДАР ТОШКАНД
Ба қарибӣ, бино ба қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳо доир ба беш аз пеш афзудани самараи кори соҳаи санъати тасвирӣ ва амалӣ», аз 21 апрели соли 2020, бахшида ба 565-умин солгарди мусаввири бузург Камолиддини Беҳзод дар пойтахти кишварамон таҳти мавзӯи «Эҷодиёти Камолиддини Беҳзод дар фарҳанги бадеии Шарқу Ғарб» анҷумани байналхалқӣ баргузор шуд.
МАҲБУБИ ДИЛҲО
Ҳофизи мумтоз, ситораи дурахшони эстрадаи тоҷик, оҳангсоз Далер Назар солҳои зиёд аст, ки қарини дилу дидаи мардум мебошад.
ПОЯГУЗОРИ ВИДЕОФИЛМИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ӮЗБЕКИСТОН
Аввалин намоянда ё худ асосгузори режиссураи спектаклҳои телевизионӣ дар Осиёи Марказӣ, Арбоби санъати Ӯзбекистон, соҳиби Мукофоти байналхалқии Бобур Мақсуд Юнусов мебошад, ки агар ҳаёт мебуд, ба зинаи навадуми умр қадам мениҳод.
Байни ҳукуматҳои Ўзбекистон ва ИМА созишнома оид ба мероси фарҳангӣ ба имзо расид
7 ноябри соли 2023 дар Осорхонаи давлатии таърихи Темуриён маросими имзои “Созишнома дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудият дар воридоти маводи археологӣ ва этнологии Ӯзбекистон” байни ҳукуматҳои Ӯзбекистон ва ИМА баргузор шуд.
ЭҶОДКОРИ АСАРҲОИ ҶОВИДОНӢ
Маҷмӯи оҳанг ва таронаҳои мусиқии классикии тоҷик «Шашмақом» яке аз арзишҳои фарҳангӣ аст, ки бо гузашти рӯзгор ҷило ва дурахши хешро ҳифз намудааст.
САХОВАТПЕША
Мардум одатан соли навро нисбат ба дигар идҳо бо омодагии махсус пешвоз мегиранд, ҳаракат мекунанд, ки идро бо аҳли оила гузаронанд.
ОЗМУНИ «ШАШМАҚОМИ БУХОРО»
Дар «Маркази ҷавонон»-и шаҳри Бухоро озмун-азназаргузаронии ҷумҳуриявии «Шашмақоми Бухоро» ба амал омад.
МОРИ МУТАКАББИР
Дар сӯрохии зери харсанги калоне, ки дар канори марғзоре мехобид, мори калони заҳрдоре сукунат дошт.
4. АЛЛОМАЕ, КИ БУХОРОРО «ҚУББАТ-УЛ-ИСЛОМ» КАРДААСТ
Фиқҳшиноси номвари олами ислом
КИТОБИ ОЛИМ ПАС АЗ ВАФОТАШ ЧОП ШУД
Китоби нави адабиётшиноси машҳури тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Аҳмад Абдуллоев пас аз ду соли вафоти ӯ таҳти унвони «Адабиёти форсии тоҷикӣ дар Озарбойҷони асри ХII» аз чоп баромад.