БОҒЧАИ НАВ ДАР «БОБОҲОҶӢ»

Ноҳияи Пешкӯи вилояти Бухоро 120 ҳазор нафар аҳолӣ дорад.

10 ҳазору 500 нафари онҳо бачагони 3-7-сола мебошанд. Солҳои охир дар ин ҷо масъалаи бо муассисаи таълими томактабӣ фарогирии наврасон мақоми аввалиндараҷа гирифтааст. Охири соли 2020 дар ноҳия 96-то боғчаи бачагон фаъолият дошт, ки ҳоло шумораи онҳо ба 155-то расидааст.
Имрӯз дар ин муассисаҳои давлатию нодавлатӣ 9000 нафар, яъне 85 фоизи бачагони синни таълими томактабии ноҳия ҷалб гардидаанд ва дар натиҷа як ҳазору чорсад нафар бо кор таъмин шудаанд. Аз ҷумла 508 нафари онҳо тарбиятгарони пуртаҷриба ва 73 нафарашон мутахассисони маълумоти олидор мебошанд. Ба қарибӣ дар деҳаи Шовареи маҳаллаи «Бобоҳоҷӣ» боғчаи нави замонавии дуошёнаи давлатии  рақами 23, ки дорои 120 ҷой мебошад, сохта ба истифодабарӣ дода шуд. Ин муассиса мувофиқи Барномаи сармоявӣ бо 3,5 миллиард сӯм маблағ қад боло карда, боиси бо кор таъминшавии 35 нафар мутахассисон гардид. Бино дорои даҳлезу дарсхонаҳои баҳавои васеъ, залҳои шустушӯю ошхона, толори варзишу мусиқӣ буда, бо обҳои гарму хунук таъмин гаштааст.
Дар маросими тантанавии кушодашавии боғча ҳокими ноҳия Ваҳҳоб Қаҳҳоров ва мутасаддиёни кор, собиқадорони меҳнат, падару модарон ва фаъолони маҳалла иштирок карда, аҳли деҳаро бо боғчаи нав  муборакбод намуданд. Бояд таъкид кард, ки сокинони маҳалла имсол якбора соҳиби ду боғчаи нави замонавӣ шуданд.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти  Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: