БОҒЧАИ НАВ ДАР МАҲАЛЛАИ «АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО»

Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Абӯалӣ ибни Сино»-и шаҳри Бухоро бинои муассисаи таълими томактабии давлатии №7, ки мувофиқи барномаи сармоявӣ бунёд гардид, ба истифода супорида шуд.

Ин бинои дорои 120 ҷойро, ки қимати лоиҳавиаш қариб 3 миллиарду 800 миллион сӯм мебошад, бинокорони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Элегант Инвест» бунёд карданд. 
Иштирокдорони маросими кушодашавии боғча дар бораи самараи ғамхориҳо  бобати мувофиқи талабҳои замон ташкил намудани ҷараёни таълиму тарбия ва фарогирии бачагон дар муассисаҳои таълими томактабӣ комёбиҳои дастрасгардида ҳарф заданд. Сипас, иштироккунандагони тадбир бо шароити корию имкониятҳои боғча, аз ҷумла бо дарсхонаҳо, хобгоҳу ошхона, мебелу ҷиҳозҳо, воситаҳои аёнии он аз наздик шинос шуданд.

А. АВЕЗОВ, 
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: