Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Атторон»- и ноҳияи Ромитан муассисаи давлатии таълими томактабии рақами 8, ки аз таъмири асосӣ баромад, ба истифода супорида шуд.
Дар ин бинои дуошёнаи замонавӣ, ки барои 120 нафар наврасон мувофиқи барномаи сармоявӣ аз тарафи бинокорони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бобур Асадбек Темур» (сардораш Толиб Икромов) аз нав сохта шуд ва бо ин мақсад 3 миллиарду 583 миллион сӯм маблағ харҷ гардидааст, ба таълиму тарбияи бачагон имкониятҳои қулай фароҳам оварда шудааст. Боғча дорои хобгоҳи зебою васеъ, ошхона, дарсхонаҳою мебелҳои замонавӣ, лӯхтакҳои гуногуну воситаҳои зиёди аёнӣ, шабакаи обҳои гарму хунук мебошад. Дар ин ҷо қариб 30 нафар шаҳрвандон соҳиби кор шудаанд. Дар маросими кушодашавии боғча роҳбарон, мутасаддиёни соҳа, намояндагони ҷамоатҳо, фаъолони маҳалла, падару модарон, бинокорон ҳузур доштанд. Онҳо аҳли ҳудудро бо ҷомаи амал пӯшидани орзуяшон муборакбод намуда, нисбати ғамхориҳои давлат ба бачагон сипосгузорӣ карданд. Гуфтан ҷоиз аст, ки дар ноҳия 11 ҳазору 828 нафар наврасони аз 3 то 7-сола мавҷуд буда, 9 ҳазору 808 нафари онҳо, яъне 82,9 фоизашон ба 150- то муассисаи гуногуни таълими томактабӣ ҷалб карда шудаанд.
А. АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти БУХОРО.