БОҒЧАИ НАВ ДАР «ПАХТАЗОР»

Дар шаҳраку маҳаллаҳои дурдаст ҳам барои хурдтаракон боғчаҳои бачагона сохта ба истифода супорида мешавад.

Дар шаҳраку маҳаллаҳои дурдаст ҳам барои хурдтаракон боғчаҳои бачагона сохта ба истифода супорида мешавад. Ин ҳол на танҳо хурдсолон, балки волидони онҳоро низ хушҳол месозад. Зеро пойдевори таълиму тарбия аз боғча шурӯъ меёбад. 
Дар маҳаллаи «Пахтазор»-и ноҳияи Мирзочӯл муассисаи нави давлатии таълими  томактабӣ сохта ба истифода супорида шуд. Дар маросими кушода шудани он роҳбари ноҳия, фаъолони маҳалла, ходимони расонаҳои ахбор ширкат ҷустанд. Ин муассисаи таълимии давлатии томактабӣ барои 120 нафар кӯдак пешбинӣ гардидааст. Бино дуошёна буда, аз ҷониби Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Улкан мерос транс» (роҳбараш Алишер Зуҳуров) бар ивази се миллиарду бист миллион сӯм қомат афрохт. Бачаҳо дар чор гурӯҳ тарбия хоҳанд гирифт. Назар ба гуфти мудира Нодира Суярова ошхонаи муассиса дорои 120 ҷой мебошад. Дар он толор барои мусиқа, гимнастикаи бадеӣ, китобхонаи ихчам, хонаи тиббӣ мавҷуд аст.
Чоҳи артезианӣ дорад. Ду зарфи калони оби як тоннагӣ шинонида шудааст. Айни замон дар миқёси ноҳия 15 муассисаи таълими томактабии давлатӣ, дуто шарикии хусусиву давлатӣ, 27-то оилавӣ фаъолият мекунад ва дар натиҷа 93,2 фоизи бачаҳо бо боғча фаро гирифта шудааст. Дар назар аст, ки боз даҳтои дигар ифтитоҳ ёбад ва то охири сол ин нишондиҳанда ба сад фоиз расад.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: