Боғчаҳо меафзоянд

Мегӯянд, ки инсон ба ҳафтод фоизи тасаввурот оиди олам ва гирду атроф то панҷсолагӣ соҳиб мегардад.

Мегӯянд, ки инсон ба ҳафтод фоизи тасаввурот оиди олам ва гирду атроф то панҷсолагӣ соҳиб мегардад. Аз ин рӯ, дар мамлакати мо созмон ёфтани Вазорати таълими томактабӣ ва беш аз пеш афзудани эътибор ба масъалаи таълиму тарбияи хурдсолон бесабаб нест. 
Дар ноҳияи Пешкӯ соли 2017 28 боғчаи бачагон буд. Ҳоло шумораи онҳо ба 40-то расид. Агар болои ин  муассисаҳои таълими томактабии нодавлатӣ, шарикии давлатию хусусӣ ва оилавию нодавлатиро зам кунем, миқдори умумии онҳо ба 100-то мерасад. Ин имкон медиҳад, ки 68 фоизи бачагони синни томактабии ноҳия ба муассисаҳои таълими томактабӣ ҷалб карда шаванд.  Бо вуҷуди ин қадар пешравӣ барои шуъбаи таълими томактабии ноҳия бинои алоҳидаи маъмурӣ вуҷуд надошт. Соли 2019 бобати дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Янгибозор» сохтани бинои маъмурӣ қарори дахлдор қабул гардида, бо ин мақсад аз буҷаи давлат 1 миллиарду 500 миллион сӯм маблағ ҷудо шуда буд. Барои амалӣ гардондани ин лоиҳа корхонаи бинокориву пудратии ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Orient xaus stroy market» (роҳбараш Ӯткир Ҳамроев) интихоб гардид.  Ниҳоят, дар натиҷаи азму кӯшиши бинокорони ғайратманд бинои пешбинишуда дар давоми ҳашт моҳ қад боло карда, мутасаддиёни соҳаро ба оғӯши худ гирифт. 
Дар наздикӣ маросими пуршукӯҳи ба истифода супоридани бинои маъмурӣ сурат гирифт.  Дар он ҳокими ноҳия Ваҳҳоб Қаҳҳоров, роҳбарони секторҳо ва дигарон иштирок намуда, мутасаддиёни таълими томактабии ноҳияро бо комёбиашон муборакбод намуданд. 

А.  АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: