БОҒИ АДАБИЁТ ВА МАЪНАВИЯТ

“Хиёбони адибон” бино ба қарори Президент барпо гардида буд.

“Хиёбони адибон” бино ба қарори Президент барпо гардида буд. Имрӯз хиёбон намои дигар дорад, рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад. Ба маънои пуррааш, ин ҷо ба маскани маънавият ва маърифат табдил ёфтааст. Дар ин ҷо чорабиниҳои адабию маърифатӣ, шабҳои шеър, тақдимоти китобҳо, зодрӯз ва ёдбуди адибон, шоиру нависандагон ва ҳунарпешагони номӣ баргузор мегарданд. 
Тақдимоти китоб-албоми “Адиблар хиёбони”, ки бо ташаббуси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон баргузор гардид, яке аз чунин чорабиниҳои хотирмон ба шумор меравад. Дар гирдиҳамоӣ аҳли адаб, донишҷӯён, фарзандон ва аъзои оилаи адибони фавтида иштирок карданд. Раиси Иттиҳоди нависандагон Сироҷиддин Саййид ҳозиронро хайрамақдам гуфт ва таъкид намуд, ки солҳои охир бо ташаббуси роҳбари давлат ҳукуматамон ба адабиёт ва аҳли эҷод ғамхории беназир зоҳир менамояд. 
– Яке аз чунин ғамхорӣ ва эътибор ба аҳли қалам барпо намудани хиёбони адибон ба шумор меравад. То ҳол муҷассамаҳои адибон дар ҳолати парешон ҷой гирифта буд. Дар ҳудуди боғ маҷмӯаи ёдгории Нависандаи халқии Ӯзбекистон Абдулло Қаҳҳор соли 2007, Ойбек соли 2010, Саид Аҳмад ва Саида Зуннунова соли 2013  барпо гардида буд. Дар чаҳорчӯбаи қарори Президент дар асоси озмун маҷмӯаи ёдгории Озод Шарофиддинов, Абдулло Орифов, Эркин Воҳидов, Муҳаммад Юсуф барпо гардид. Муҷассамаи ёдгории Ҳамид Олимҷон, Ғафур Ғулом, Зулфия ба “Хиёбони адибон” кӯчонда шуд. Роҳбари давлат дар ҳар як муроҷиати худ таъкид менамояд: “Мо доимо зиёиён, эҷодкоронро бояд дастгирӣ намоем”, – гуфт С. Саййид. 
– Вақте вориди боғ мегардед, муҷассамаи адибонро дида, худро дар олами адабиёт, шеър, маънавияту маърифат ҳис мекунед, – изҳор дошт ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Низомии Тошканд А. Қирғизбоев. 
Китоб-албом сермазмун ва ранга аз чоп баромадааст.                              

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: