БОҒИ ИСТИРОҲАТ

Дар бораи масканҳое, ки решаи амиқи таърихӣ доранд, ривоятҳои зиёд мавҷуданд.

Дар бораи масканҳое, ки решаи амиқи таърихӣ доранд, ривоятҳои зиёд мавҷуданд. Чунин ҷойҳои таърихӣ дар ноҳияи Чуст зиёданд. Назар ба манбаъҳо таърихи Чуст ба асри чори пеш аз милод рафта мерасад.
Дар давоми сол қадами меҳмонон аз боғи маданият ва истироҳати ба номи Мавлоно Лутфуллоҳ канда намешавад.  Кас вақте вориди боғ мегардад, гӯё рӯҳи илоҳии ин шахси мӯътабарро ҳис мекунад. Фаввораҳои афсункор ба дили ҳар як шахс фараҳ ва беғубориро ҳадя месозад. Барои зиёрати қадамҷойи муборак на танҳо аз гӯшаву канори мамлакатамон, балки аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ меҳмонон меоянд. Дар ин маскан барои истироҳати меҳмонону сайёҳҳон беш аз пеш қулайиҳо фароҳам оварда мешаванд. Дар ин хусус бо директори боғ Шокирҷон Ҷаъфаров суҳбат кардем.
– Ба ташкилёбии боғ қариб 90 сол пур мешавад. Боғ дар даврони собиқ иттиҳоди шуравӣ аз тарафи аҳолии маҳаллӣ ободу сабзу хуррам гардонда шуда буд. Дертар ба тасарруфи Кумитаи иҷроияи шаҳри Чуст дохил карда шуд. Маскани мазкур аз шаш гектар иборат буда, яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи бачаҳо ба шумор меравад. Ба ин ҷо барои истироҳат ва мазмуннок гузарондани вақти худ аҳли оила, дӯстон ва ҷамоаи корхонаву идораҳо ташриф мефармоянд. Албатта, барои ин тамоми шароити мусоидро фароҳам овардан зарур аст. 22-то чойхонаву ошхонае, ки дорои зиёда аз се ҳазор ҷой аст, дар хизмати зиёраткунандагон мебошад. Павилони нӯшокиҳои ташнашикан ва яхмосхӯрӣ мавҷуд аст. Саҳнаи дорбози миллӣ, майдончаи футбол, дуконҳои хурд, шохобчаҳои савдо фаъолият доранд. Барои сайругашти сайёҳҳон дар ҳавзҳои сунъӣ даҳҳо қаиқу заврақҳо дар хизмат мебошанд, – мегӯяд Ш. Ҷаъфаров.
– Боғ на танҳо барои калонсолон, балки бачаҳо низ пешбинӣ шудааст.
– Бале, зиёда аз чил дона аттраксионҳои гуногунҳаҷм, майдончаи бозӣ дар хидмати бачаҳост. Бозиҳои дилхушкунандаи дорбозчиёни Чуст низ ба бачаҳо як олам завқ мебахшанд. Дар ин маскан ҷавонон чорабиниҳои фарҳангиву маърифатии худро мунтазам мегузаронанд.  Обод намудани мақбараи инсонҳои бузург, аз ҳаёти ибратпазири онҳо ба насли ҷавон ҳикоя кардан, зуд-зуд зиёрат намудани ҷойҳои азизу мукаррам ҳам кори савобу ҳам вазифаи муҳим ба ҳисоб меравад. Боз як ҷиҳати эътибор ба ин боғ дар он аст, ки дар ин ҷо оромгоҳи яке аз пешвоёни бузурги нақшбандия ҳазрат Мавлоно Лутфуллоҳ  ҷойгир аст. 
Солҳои охир бо ташаббуси роҳбари давлат муносибат ба арзишҳои миллӣ дигар шуд, барои ободу зебо гардондани масҷид, зиёратгоҳ ва дигар ҷойҳои табаррук аҳамияти махсус дода мешавад. 
– Сафи меҳмонон ва зиёраткунандагон дар ин мавсим зиёд мешавад ё кам?
– Бале, 12 моҳи сол аз боғ қадами зиёраткунандагон канда намешавад, шумораи онҳо, бахусус, дар моҳҳои тобистон меафзояд. Аз Русия, Хитой, Куриё, Ҳиндустон ва ИМА низ сайёҳҳон ташриф меоваранд. Ҳамаи ин водор месозад, ки масъулиятнок бошем, баҳри саёҳати меҳмонон шароити мусоид ва қулайиҳоро муҳайё созем, бо онҳо дӯстона муносибат намоем, меҳмоннавозии халқамонро нишон диҳем. Вақти суҳбат бо онҳо мегӯянд, ки халқатон меҳмоннавоз, хӯрокҳоятон болаззат, бозорҳоятон арзону фаровонӣ, чойхонаву ошхонаҳои баҳаво ва дилкаш бисёранд. 
– Бахусус, палави Чустро таърифу тавсиф менамоянд.
– Оре, ошхонаву чойхонаҳои боғ бо усули замонавӣ таъмир ва ҷиҳозонда шудааст. Бахусус, рӯзҳои тобистон дар дегҳо то ҳазор килограм ош дам мекунанд. 
Яке аз ҷойҳои сазовори диққат осорхонаи таърих ва табиатшиносӣ мебошад, ки он ба сайёҳҳон ғизои маънавӣ мебахшад. Осорхона аз экспонатҳои таърихӣ бой аст, ки ҳар яке аз таърихи гузашта, ҳаёти вазнин, меҳнаткаш ва ватандӯст будани халқ “ҳарф” мезанад. 
Боғи маданият ва истироҳати Чуст имрӯзҳо низ серодам аст, он идона оро дода шудааст. Дар чеҳраи ҳар як пиру ҷавон як хурсандӣ, мамнунӣ ва шукрона ба ҳаёти осуда муҷассам аст.

Шоҳида ДАМИНОВА.
Вилояти НАМАНГОН.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: