Дар қаламрави ҷамоати шаҳрвандони “Сойгузар”-и ноҳияи Қува дар доираи лоиҳаи умумимиллии “Макони сабз” ташкили “Боғи ҷавонон” оғоз гардид.
Дар қаламрави ҷамоати шаҳрвандони “Сойгузар”-и ноҳияи Қува дар доираи лоиҳаи умумимиллии “Макони сабз” ташкили “Боғи ҷавонон” оғоз гардид. Ин боғ масоҳати 5 гектарро ташкил мекунад. Аллакай дар “Боғи ҷавонон” 1 ҳазору 500 дона дарахтони манзаравӣ ва мевадиҳанда шинонидаанд.
-Масоҳати умумии ин боғ ба як гурӯҳ ҷавонони маҳаллӣ ба миқдори 10-15 сотихӣ тақсим гардидааст. Онҳо дар минтақаҳои ба худашон ҷудо кардашуда дарахтони гуногуни манзаравӣ парвариш мекунанд. Ин кор бо мақсади соҳиби даромади молӣ гардидани ҷавонон сурат гирифтааст, - мегӯяд ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров.
Вай зимни мулоқот аз ҷавонон даъват намуд, ки ба ҳар як кор бо масъулият муносибат кунанд. Он гоҳ ҳам онҳо ва ҳам дигарон аз натиҷаи меҳнаташон баҳраманд мегарданд.
Дар айни ҳол дар “Боғи ҷавонон” кор ҷӯш мезанад. Ҷавонон ба ҳамвор ва барои ниҳолшинонӣ тайёр кардани майдонҳои таҳти тасарруфи худ машғули меҳнат мебошанд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.