БОҒИ МАВЗӮИИ ШАРҚИИ ФАРОҒАТӢ БО ИШТИРОКИ ШИРКАТИ ФАРОНСАВӢ ТАШКИЛ КАРДА МЕШАВАД

Дар Ӯзбекистон бо кумаки ширкати маъруфи фаронсавии «Horwath HTL - Voltere by Egis» боғи мавзӯии донишҳои «SILK ROAD LAND» таъсис дода мешавад.

Қарордод оид ба тайёр кардани асосҳои техникиву иқтисодии рушди боғи мавзӯӣ байни муаллифони лоиҳаи оилаи фароғатии боғи дониш Гулчеҳрабегим Маҳмудова ва ширкати фаронсавӣ бо мусоидати Вазорати сайёҳӣ, мероси фарҳангӣ ва сафорати Ӯзбекистон дар Париж ба имзо расид.
Лоиҳаи боғ дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд, ки дар охири моҳи март баргузор шуд, муаррифӣ гардид ва бисёре аз сармоягузорони хориҷӣ аз кишварҳои қад-қади Роҳи абрешим ба франчайзинги он таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Лоиҳа ба баланд бардоштани иқтидори сайёҳӣ ва таълимии Ӯзбекистон бо истифодаи имконияти технологияҳои навтарини 3D ва низоми аниматсионӣ, инчунин фароҳам овардани миқдори зиёди ҷойҳои корӣ, аз он ҷумла, дар соҳаи ҳунармандии халқию миллӣ ва рӯйдодҳои таърихии театрикунондашуда нигаронда шудааст.
Мувофиқи лоиҳа «SILK ROAD LAND» ба нақша гирифтааст, ки аз маркази Роҳи бузурги абрешим – Ӯзбекистон оғоз намояд, баъдан дар кишварҳои дигар фрайчайзинг боз намояд.
Ҳайати Фаронса, ки аз гурӯҳи мутахассисони ширкати «Voltere by Egis» иборат аст, ба нақша гирифтааст, ки дар рӯзҳои наздик ба Ӯзбекистон барои созмон додани лоиҳаи визуалии Боғи оилавии фароғатии арзишу донишҳои ҷаҳонӣ – «Entertainment EduPark» – «SILK ROAD LAND», ки ҳамчун лоиҳаи ӯзбекистонӣ дар портфолио ва форумҳои «LAAPA» – Ассотсиатсияи байналмилалии паркҳои фароғатӣ ба қайд гирифта шудааст,  ташриф оваранд.
«Horwath HTL - Voltere by Egis» аз ширкатҳои маъруфи банақшагирии стратегия, тадқиқоти бозор ва таҳияи лоиҳаҳои инфрасохтори сайёҳӣ мебошад. Ба портфели ин ширкат боғҳои «Disney», «Astur» ва «Kidzania», инчунин дигар иншооти фароғатӣ ва сайёҳии саросари ҷаҳон дохил мешаванд.

АИ «Дунё»,
ПАРИЖ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: