БОҒИ МИЛЛӢ БА ОИНАИ ХАЁТИ МАЪНАВИАМОН ТАБДИЛ МЕЁБАД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 11 январ бо рафти корҳои созандагие, ки дар шаҳри Тошканд ба амал меоянд, шинос гардид.

Президент ба Боғи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ ташриф овард.
Шавкат Мирзиёев аз нахустин рӯзҳои фаъолияти президентӣ ба адабиёт, маънавият эътибори алоҳида медиҳад. Чандин ташаббусе, ки барои рушди соҳа, абадисозии хотираи таърихии нависанда ва шоирони бузурге, ки дар ҳаёти маънавӣ нақши ногустурданӣ доштанд, баланд бардоштани савияи маданиву маърифатии насли ҷавон зоҳир намуд нафақат адиб ва шоирон, балки тамоми мардумро руҳбаланд сохт.
Инро охири соли 2019 зимни зуҳури эҳтиром ба хотираи бунёдгузори романнависии ӯзбек Абдулло Қодирӣ, дар пойтахт ба номи ӯ боз гардидани мактаби эҷодӣ ва музей, гузошта шудани ҳайкали бузурги адиб низ дидан мумкин буд. Соли 2020 низ барои мардумамон, адабиёти миллӣ бо чунин корҳои хайр оғоз ёфт. Роҳбари давлат дар оғози Соли нав дар Боғи миллӣ бо корҳои созандагие, ки дар Хиёбони адибон ба амал оварда мешавад, шинос гардид.
Ба боғи адабиёт, маънавият табдил додани Боғи миллии Ӯзбекистон, ки ба номи Алишери Навоӣ гузошта шудааст, маҳз ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев буд, ки се сол пеш аз ин гуфта шуда буд. Моҳи феврали соли 2017 дар аснои ташриф роҳбари давлат ба маскани маънавият ва эҷоди ҳақиқӣ, маскани рушди маданиву маърифатии халқ, дар ҷавонон тарбия намудани эҳсоси камолоти муҳаббат ба Ватан ва адабиёт тавсияҳо дода буд.
Пас аз муддати кӯтоҳ 18 апрели ҳамон сол қарори Президент «Дар бораи барпо намудани Хиёбони адибон дар ҳудуди Боғи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ» қабул гардид. Дар асоси қарор дар ҳудуди боғ тараддуди доманфарохи бунёдкорӣ оғоз ёфт. Моҳи декабри ҳамон сол бинои замонавии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон ба баҳрабардорӣ супурда шуд. Роҳбари давлат лоиҳаи Хиёбони адибони бунёдгарданда, бинои нави Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистонро, ки молики тамоми шароити эҷодӣ мебошад, аз назар гузаронд, бо нависандагон ва шоирон мулоқот намуда, вазифаҳои муҳимро муайян намуд.
Бо ҳамин бунёдкорӣ дар Хиёбони адибон ба давраи нав ворид гардид. Ин хиёбон бо муҷассамаи Алишери Навоӣ ҳамоҳанг буда, барои ҳосил намудани намуди умумии меъморӣ лоиҳаи нав таҳия гардид. Бинобар он беш аз 8 гектар ҳудуд обод гардида, аз нав гузоштани ҳайкали Алишери Навоӣ муайян гаштааст.
Дар Хиёбони адибон ба сифати шаҷараи маънавиву маърифатии адабиёти Ӯзбекистон гузошта шудани муҷассамаҳои адибони маъруф дар назар дошта шудааст. Дар ин ҷо бинобар ғояи Президент дар қатори муҷассамаҳое, ки то ҳозир гузошта шудаанд, пайкараҳои Бобур, Огаҳӣ, Муқимӣ, Фурқат, Беҳбудӣ, Чулпон, Абдулло Қодирӣ, Абдулло Авлонӣ барин дарғаҳои адабиёти классикӣ, инчунин маҷмӯаҳои ёдгории намояндагони адабиёти муосир Тулепберген Қаипбергенев, Ибройим Юсупов, Александр Файнберг ҷой хоҳанд гирифт.
Шавкат Мирзиёев бо корҳои ин маҳал, лоиҳаҳо оид ба гузоштани ҳайкалҳо шинос гардид. Таъкид кард, ки дар шафати ҳайкалҳо лавҳаҳо гузошта шуда, аз тариқи сабти овоз дар бораи ҳар як адиб садо додани маълумоти мухтасар, шароити ногузир барои маросимҳо бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти онҳо ногузир аст. Дар бобати оро додани гунбази ҳайкали Алишери Навоӣ, ободонии ҳудуд супоришҳо дод.
Дар шафати Хиёбони адибон музейи Тошканд ташкил мегардад. Музей дар собиқ бинои намоишгоҳи маданият ва санъати Ӯзбекистон фаъолияташро шурӯъ мекунад. Дар айни ҳол таъмири бинои мазкур ба поён мерасад.
Ин музей, ки шуъбаи Музейи давлатии таърихи Ӯзбекистон мегардад, таърихи шаҳри Тошкандро аз давраи қадим то асри XVI, ки бо номҳои Шош, Чоч, Бинкант, Бинокат маълум буд, фаро хоҳад гирифт. Дар музей  экспонатҳои нодир аз давраҳои таърихӣ, манбаъҳои гаронбаҳо доир ба шаҳри Тошканд дар асоси экспозитсияҳои аёнӣ инъикос меёбанд.
Аз ҷумла, дар ошёнаи якум макети электронии Тошканди қадим ҷойгир карда мешавад. Тамошобин аз тариқи ин макети электронӣ аз чигунагии Тошканди қадим, ҷараёнҳои инкишофи шаҳр тасаввурот ҳосил менамояд. Дар ошёнаи дуюм экспозитсияҳои давраҳои гуногун ҷой хоҳанд гирифт.
Умуман ин музей нафақат дар ҳамдиёронамон, балки барои сайёҳони хориҷӣ низ аҷиб гардида, ба сифати макони нави сайёҳӣ дар васеъ тарғиб намудани ҳуввияти миллии мардумамон аҳамияти муҳим касб менамояд.
Роҳбари давлат бо лоиҳа оид ба консепсияи музей шинос гардида, дар заминаи ғанӣ сохтани мазмун ва моҳияти он фикрҳои худро иброз намуд.
– Таърихи Тошканд, мероси алломаҳои он ҳанӯз пурра омӯхта нашудааст. Ин макон аз лиҳози илмӣ асоснок гардонда шуда, гузаштаи бузурги шаҳрро ба ҷавонон, меҳмонон бояд ёдрас намояд, – гуфт Президент.
Дар заминаи Боғи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишери Навоӣ боғи маданият ва истироҳате барпо мегардад, ки ба технологияи замонавӣ ва баланд асос меёбад.
Президент сохтмони боғи истироҳатро низ аз назар гузаронд.
Дар консепсияи боғи мазкур ба омезиши анъанаҳои меъмории миллӣ ва шаҳрсозии замонавӣ эътибори алоҳида нигаронда шудааст. Лоиҳа якҷоя бо ширкати «Sanderson group»-и Австралия бунёд мегардад. Ин ширкат дар лоиҳакашии беш аз 50 боғи замонавии ҷаҳон иштирок намудааст.
Ба роҳбари давлат дар бораи ҷараёни татбиқи лоиҳаи мазкур маълумот дода шуд.
Ҳудуди боғ аз 21 гектар иборат буда, дар ин ҷо барпо намудани намунаҳои дурдонаҳои меъмории ҷаҳон, амфитеатр ва фаввораи мусиқӣ, аттраксион ва объектҳои истироҳати оилавӣ, марказҳои бузурги савдову шод, маконҳои маросимҳои тантанавӣ дар намуди коху сарой, қаҳвахонаи бачагона ва масканҳои дигар дар назар дошта шудааст.
Бо мақсади таъмин намудани покизагии ҳудуд ба ин ҷо шоҳбулут, қарағай, сафораи ҷопонӣ, магнолия, булут, санавбар барин дарахтони софкунандаи ҳаво ва ғанисозандаи оксиген, бутаҳои гуногун кишт карда мешаванд. Дарахтҳои 70 ва 100-сола нигоҳ дошта мешаванд.
Бинобар қарори Девони Вазирон аз 4 сентябри соли 2017 корҳои бунёдкорӣ дар ду марҳала анҷом дода мешаванд.
Дар марҳалаи аввал дар 9 гектар корҳои сохтмону ободонӣ анҷом дода мешавад. Океанариуми замонавӣ, амфитеатр барои 650 ҷой, қасри 57 метрӣ, фаввораи мусиқӣ, биноҳо, маркази пӯшидаи истироҳати оилавӣ, кинотеатр, 600 ҷойгоҳи автомобилӣ барпо мегардад. 
Яке аз иншоотҳои нодири боғ океанариум мебошад. Дар ин ҷо 22 аквариум бо гунҷоиши умумии 1 миллион литр барпо мегардад. Дар океанариум беш аз 20 навъи моҳӣ, ҷонварҳои баҳрӣ парвариш мегарданд.
Боз як ҷиҳати молики аҳамиятнок он аст, ки дар сохтмони биноҳои ҳудуд аз намунаҳои меъмории шаҳрҳои машҳури ҷаҳон, мисли Барселона, Париж, Маскав, Лондон, Амстердам, Рим, Венетсия, Прага, Вена, Берлин истифода мегардад. Дар ҳудуд таомҳои хоси шаҳрҳои мазкур ва шириниҳои онҳо пухта шуда, муҳити ба онҳо хос ба вуҷуд оварда мешавад. 
Дар марҳалаи дуюм дар 12 гектар аттраксион, аквапарк ва сайргоҳҳо бунёд мегарданд. Аз нусхаҳои паркҳои аттраксиони «Диснейленд»-и машҳури ҷаҳон истифода мегардад. Аттраксионҳои замонавии сохти Италия, Олмон ва ИМА оварда мешаванд.
Кӯли ҳудуди Боғи миллӣ низ ҳоло таъмир мегардад. 
Роҳбари давлат дар бобати дар давоми сол фаъол будани боғи истироҳат, ба вуҷуд овардани имконияти васеъ барои истироҳати оилавии одамон супоришот дод. Таъкид гардид, ки дар боғ макетҳои обидаҳои қадимии шаҳрҳои мисли Самарқанд, Бухоро, Хева гузошта шуда, муҳим аст, ки таваҷҷӯҳи ҷавонон ва сайёҳон ба таърих зиёд карда шавад.
Бунёд гардидани лоиҳаи мазкур барои бо сифат ташкил намудани истироҳати маданӣ ва бо мазмун гузарондани вақти холии одамон муҳим буда, ҷозибаи сайёҳии шаҳри Тошкандро зиёд менамояд.
Дар ин ҷо бо ҳокимони ноҳияҳои шаҳри Тошканд мулоқот ба вуҷуд омад.
Самтҳои муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Тошканд муҳокима гардид.
Хулосаҳои мутасаддиён аз ҷамъомади видеоселектор доир ба иҷрои андозаҳои Буҷаи давлат ва дар маҳалҳо инкишоф додани соҳибкорӣ, ки 8 январ баргузор гардида буд, дар бобати таъмини онҳо нақшаҳо шунида шуданд.
Қайд гардид, ки ҳокимони ноҳияҳо дар пайи ҷалб намудани сармоя, ба кор андохтани лоиҳаҳои нав, ба вуҷуд овардани шароити муносиб ба соҳибкорон, мустаҳкам намудани буҷаи маҳаллӣ ва афзудани даромади одамон ҳамеша дар ҷустуҷӯ бояд бошанд.
Дар бобати ривоҷ додани соҳаи иҷтимоӣ, шабакаҳои сохтмон ва коммуналӣ, барои аҳолӣ ва сайёҳон боз ҳам инкишоф додани шароити муносиб ва вазифаҳои муҳим барои оянда муайян гардиданд.
Ҳамон рӯз Шавкат Мирзиёев ба Қабулхонаи халқи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд низ ташриф овард.
Мулоқот бо халқ, ки ҳалқаи асосии сиёсати роҳбари давлат ба шумор меравад, манфиати аҳолиро таъмин намуда, боварии одамонро ба ҳаёт ва давлат мустаҳкам мегардонад.
Ба қарибӣ дар бинои дуюми шоҳкӯчаи Бунёдкори шаҳри Тошканд бинои нави Қабулхонаи халқ ба баҳрабардорӣ супурда шуд. Дар ин ҷо барои қабул намудани шаҳрвандон хона, шохобчаи Маркази хидматҳои давлатӣ, идораи ташкилоти ғайридавлативу ғайритиҷоратии хидмати бепули ҳуқуқии «Мадад», психолог, хидмати тиббӣ, хонаи модару кӯдак, буфет, толори интизорӣ барои шаҳрвандон мавҷуданд. Дар ин ҷо рӯзе то 200 нафар муроҷиаткунандаро қабул кардан мумкин аст.
 Дар ин ҷо барои мулоқоти бевосита бо аҳолӣ, баррасӣ намудани муроҷиатҳо шароити замонавӣ ба вуҷуд оварда шудааст. Барои ба шаҳрвандон шароити муносиб ба вуҷуд овардан шуъбаҳои соҳавӣ ташкил гаштааст.
Дар давраи гузашта ба Қабулхонаи виртуалии Президент ва қабулхонаҳои халқӣ беш аз 3 миллиону 650 ҳазор  нафар муроҷиат намуданд, ки ин барои дар ҷамъият мустаҳкам қарор ёфтани тамоили адолат то чӣ андоза молики аҳамият будани Қабулхонаҳои халқиро нишон медиҳад. Қариб ду миллион аз ин муроҷиатҳо ҳал гардида, ба 1,5 миллион муроҷиаткунанда маслиҳати ҳуқуқӣ дода шудааст. Ғайр аз ин, дар маҳалҳо аз ҷониби Қабулхонаҳои халқӣ дар қабулҳои сайёр бо 1 миллиону 700 ҳазор нафар шаҳрванд суҳбатҳо ташкил гардидааст. Масъулони Қабулхонаҳои халқӣ ва секторҳо хона ба хона давр зада, дар натиҷа ҳолатҳои мушкили 988 ҳазор ҳаллу фасл гардидааст.
Роҳбари давлат шароитҳои Қабулхонаи халқиро олӣ арзёбӣ кард.
– Ҳар касе, ки ба ин ҷо меояд, ба тамоми саволҳо ҷавоб бояд бигирад ва дар ин бобат Тошканд намуна бояд гардад, – гуфт Президент.

Матназар ЭЛМУРОДОВ,
Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ, 
Умар АСРОРОВ,
хабарнигорони ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: