БОҒИ НАВИ ҲАЙВОНОТИ АНДИҶОН

Дар сайргоҳи «Боғишамол»-и шаҳри Андиҷон боғи нави ҳайвонот ташкил ёфт.

Он дар ҷумҳурӣ аз ҷиҳати бузургӣ баъди боғи ҳайвоноти пойтахт ҷои дуюмро ишғол мекунад. Қимати умумии лоиҳаи бунёд намудани он беш аз 12 миллиард сӯмро ташкил карда, масоҳати боғ дар 4,8 гектар майдон доман густурдааст.
– Дар айни ҳол беш аз сад намуди ҳайвонҳои гуногунро мо дар боғ ба маърази тамошои мардум гузоштем. Онҳо бо шавқу завқ ин ҳайвонотро тамошо мекунанд. Даҳҳо нафар коргарон дар вақту соати муқарраршуда ҳайвоноту паррандаҳо ва хазандаҳоро бо ғизо таъмин мекунанд, ҷои зисти онҳоро поку саришта менамоянд,– мегӯяд мудири боғи ҳайвонот Мухторҷон Халилов.
Боғи ҳайвонот тибқи қарори ҳукумати ҷумҳурӣ сохта шудааст. Мухторҷон Халилов боз тазаккур дод, ки ҳукумати ҷумҳурӣ бунёди чунин боғи ҳайвонотро дар шаҳрҳои Самарқанду Фарғона низ барномарезӣ кардааст. 
Тавре ки аз боздиди боғи ҳайвонот бармеояд, дар ҳудуди он гулҳову дарахтони гуногуни намоишӣ низ шинондаанд. Ин гулҳову дарахтон аллакай ривоҷу нашъунамо ёфта, чашмони ҳар бинандаро ба сӯи худ мерабуданд. Аммо таваҷҷӯҳи тамошобинонро бештар ҳайвонҳои дарранда, тимсоҳ, шеру паланг ва морони хурду бузурге ба сӯи худ мекашид, ки мислашон дар ҷойҳои дигар дида намешавад.  Ба гуфтаи мудири боғи ҳайвонот  аксари ин ҳайвоноту хазандаҳо аз Амрикои Ҷанубӣ оварда шудаанд. 
Дар атрофи чанбараи оҳанини аспҳои зоти муғулӣ як гурӯҳ ҷавонону калонсолонро дидем, ки  машғули тамошо буданд.
– Ман гоҳ-гоҳ ба човандозӣ низ машғул мешавам. Борҳо дар бузкашиҳо сазовори мукофотҳо шудаам. Аммо ин аспҳои зотии муғулиро дида ҳавасам омад. Бубинед, ки чӣ қадар бозувонашон қавист ва баданашон тозаву  дурахшон аст, – мегӯяд бо шавқ Шаҳбоз Муродов ном ҷавони олтинкӯлӣ.
Оҳиста аз назди ин чанбараи аспҳои зотии муғулӣ дур шуда, чашмам ба курсиҳои ҳар ҷо - ҳар ҷо гузоштаи боғи ҳайвонот афтид, ки  пиру барно се-чорнафарӣ онро ишғол карда менишастанд. Ҳувайдо буд, ки онҳо баъди каме таваққуф ва хӯрдани яхмосу нӯшобаҳо дубора ба сайру тамошои сокинони боғи ҳайвонот идома медиҳанд. 
Дар боғи ҳайвоноти навташкили шаҳр кӯдакону наврасони зиёдро низ дучор шудан мумкин аст, ки бо падару модарон ё хоҳару бародарон  ба ин ҷо барои тамошо омадаанд. Рӯҳияти онҳоро завқи шавқи беандоза фаро гирифта буд. Онҳо гоҳе даву тозкунон ва гоҳе дар як ҷо таваққуф кардаву чашм ба ин ё он ҳайвону парранда ё хазанда дӯхта, бо ҳайрат машғули тамошо мешуданд.
Ҳар як ҳайвон бо ягон хусусияти хос мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад. Дар боғи ҳайвонот маймунҳои гуногун бо нағмаҳои худ диққати як идда тамошобинонро ба худ мекашиданд. Баъзе маймунҳо аз як шох ба шохи дигар ҷаҳида, «маҳорати» худро нишон доданӣ мешуданд. 
Дарвоқеъ, зимни гашту гузор маълум шуд, ки як гурӯҳ меҳмонон аз Қирғизистон низ ба тамошои боғи ҳайвонот омадаанд. 
– Хешу таборамон  дар шаҳри Андиҷон зиндагӣ мекунанд. Мо барои дидани онҳо омадем. Шунидем, ки боғи ҳайвоноти нав ифтитоҳ ёфтааст ва иштиёқи дидани он дар сарамон пайдо шуд. Ҳоло ин ҷо чакар мезанему машғули тамошо ҳастем,– мегӯяд Тӯланбой Қаназаров ном сокини шаҳри Ӯш. 
Ба гуфтаи ин меҳмони қирғизистонӣ минбаъд имкон даст диҳад, дар рӯзҳои истироҳат фарзандону наберагони худро низ барои тамошои боғи ҳайвонот бо худ ба Андиҷон меорад. Тӯланбой Қаназаров мегӯяд, аз содда шудани равуо, беҳтар шудани робитаҳои миёни ду кишвар мардуми ду самти марз хеле шоду мамнун ҳастанд. 
– Ба дӯстиву рафоқат чӣ расад ва чашми душманони мардуми ду кишвар ҳамеша кӯру нобино бод! – мегӯяд Тӯланбой Қаназаров. 
Дар як гӯшаи боғи ҳайвонот дар ихтиёри меҳмонони хурдсол аттраксионҳои гуногун ва дастгоҳҳои бозикунӣ гузоштаанд. Шавқу ғулғулаи кӯдакон ва хандаҳои беғаши онҳо аз он мегуфт, ки ифтитоҳи ин боғ барояшон ҳодисаи  хурсандибахш мебошад.
Ногуфта намонад, ки меҳмонони боғи ҳайвонот аз хизмати қаҳвахона, ошхона, дӯконҳои савдо ва салони аккосӣ низ баҳраманд шуда метавонанд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти АНДИҶОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: