БОҒИ «ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ» – ДАР БУЛУНҒУР

Дар маҳаллаи Олмазори ноҳияи Булунғури вилояти Самарқанд дар ду гектар майдони боғи навбунёди «Ӯзбекистони Нав» 1700 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва манзаравӣ шинонда шуд.

Мардум аз ҳашари шаҳри Тошканд илҳом гирифта, ба  бунёди боғу гулгаштҳо пардохтанд.

Дар  маҳаллаи Олмазори  ноҳияи Булунғури вилояти Самарқанд дар ду гектар майдони боғи навбунёди «Ӯзбекистони Нав» 1700 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва манзаравӣ шинонда шуд. Дар ин  кори неку хайр ҳамаи роҳбарони секторҳои вилоят, ҳокимони  шаҳру ноҳияҳо, ҷавонон, намояндагони ҷомеаи васеъ ва вакилони расонаҳои ахбори оммавӣ ширкат варзиданд.

– Барномаи умумимиллӣ «Макони сабз» – ин натиҷаи сиёсати оқилона барои нигаҳдории муҳити зист ва тозагиву озодагии  табиат аст, – гуфт ҳокими ноҳия Самандар  Остонов. – 5-6 сол  қабл аз ин, минтақаи мазкур бекор мехобид фақат янтоқ месабзиду халос. Ҳоло дар 24 гектар майдон шаҳраки навбунёд қад хоҳад афрохт, ки аз 56 бинои баландошёнаи замонавӣ 1204 нафар манзили зист мегиранд. Инчунин майдони варзиш, поликлиникаи оилавӣ ва бинои идораи маҳалла сохта мешавад, ки барои ин 7 миллиард сӯм маблағ ҷудо шудааст.

Дар фасли тирамоҳу баҳор шинондани 414 ҳазор бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда ва сояафкан ба  нақша гирифта шудааст.

Зоҳир Ҳасанзода.

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: