БОҒҲОИ АМИР ТЕМУР БАРҚАРОР МЕШАВАНД

Самарқанди бостонӣ на танҳо бо ёдгориҳои таърихӣ, инчунин бо чорбоғҳояш машҳур аст.

Самарқанди бостонӣ на танҳо бо ёдгориҳои таърихӣ, инчунин бо чорбоғҳояш машҳур аст. Бояд таъкид намуд, ки Соҳибқирон пас аз пойтахти худ эълон кардани Самарқанд 14 боғро бунёд намуд, ки то ҳол ҳастанд. Пас аз соҳибистиқлол гардидан ва эҳё гардидани номи Амир Темур боғҳои ӯ низ обод мегарданд. 

Ва ба ин кори хайру нек саҳми шӯъбаи самарқандии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии боғдорӣ, ангурпарварӣ ва машруботи ба номи академик Маҳмуд Мирзоев хеле калон аст.
Агар кас тавассути шоҳроҳи Тошканд – Шаҳрисабз ноҳияи Самарқанду Ургутро убур намояд, диққати ӯро боғу токзорҳои ду тарафи шоҳроҳ ба худ мекашад. Вале замоне ин ҷойҳо ҷангалзору қамишзор буда, дар рӯзи равшан шағолу рӯбоҳ ва дигар ҳайвонҳои ваҳширо дидан мумкин буд. 
Қарори ҳукумат доир ба обод кардани заминҳои бекорхобида эълон шуду мардум, ба қавле, «ихтиёрӣ-маҷбурӣ» кӯч бастанд, ки амри ҳукуматро иҷро намоянд. Яке аз муҳоҷирон оилаи Мавлонбобо Ҳайдаров буд, ки ба ин манзил омад. Азбаски сарпаноҳ надошт,  таҳтӯла кофт, то аз барфу борони зимистон ва офтоби сӯзони тобистон паноҳ ёбад. Ҳоло марди шарифи 80-сола таърихи зиндаи пажӯҳишгоҳ аст.
Воқеан, ҳар гоҳ ба шӯъбаи самарқандии пажӯҳишгоҳ ташриф оварем, ҳатман мӯйсафедро зиёрат мекунем. Ин дафъа низ ҳамин тавр шуд. Вай болои кат нишаста ғарқи мутолиа буд. Аз дидори меҳмонон хурсанд шуд.  
– Имсол табиат «нағма»-ҳои нофорами худро намоиш дод, – бо ҳасрат лаб кушод Мавлонбобо пас аз салому аҳволпурсӣ. – Дар чиллаи зимистон ҳаво гарм шуда, зардолу, бодом, олу гул кард. Сипас боз нобаҳангом барф бориду гули дарахтҳоро зад. Аз байн як моҳ нагузашта боз зимистон омад. 
Пирамард хомӯш монд ва маҳзун сӯйи тиреза нигарист. Авзояш тағйир ёфт. Пас аз лаҳзаи хомӯшӣ боз суханашро идома дод:
– Пандемия ба талафоти зиёд сабаб шуд, – бо оҳи бадард гуфт ӯ, – ман ҳамсарамро аз даст додам. Гарчанд ҳафт нафар фарзанд, арӯс ва набера дар атрофам парвона, вале ҷойи бонуи хона холӣ.
Ҳамин вақт писарҳояш Аҳрору Аброр, Баҳодуру Бобур вориди хона шуданду бо дидани писарҳо дар чеҳраи сарвари оила шодиву хуррамӣ ҳувайдо гашт.
– Хӯш, кадом китобҳоро мутолиа мекунед, – маҳз барои дигар кардани мавзӯи суҳбат пурсидем мо.
– Синну сол равад, инсон охираташро, саволу ҷавоби он дунёро фикр мекунад. Ба ҳамин хотир асарҳоро варақ мезанам-дия. Солҳои мактабхонӣ устод Садриддин Айнӣ мусоҳибам буд.
Мо бо бобо хайрухуш намуда, саёҳати худро идома додем ва ба идораи пажӯҳишгоҳ омадем. Тамоми роҳбарону масъулон дар минтақаҳои гуногун будаанд, ки баъзе маълумотҳоро аз ҳисобчӣ Умедҷон Баҳромов гирифтем.
– Дар тасарруфи мо аз ду ҳазор гектар 240 гектар замин монд, – гуфт Умедҷон Баҳромов, – дар он ниҳолҳои дарахтони меванок парвариш меёбанд. Олимон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки навъҳои дарахтони серҳосил ва ба табиати мо мутобиқро пайдо кунанд. Имсол беш аз сад ҳазор бех ниҳол ва 130 ҳазор қаламчаҳои токро ба фермерҳо ирсол намудем. Боиси хурсандист, ки дар Самарқанд аксарият боғҳои Амир Темур аз нав эҳё шуданд. Ғайр аз он, дар Қашқадарё, Ҷиззах, Навоӣ, Бухоро ва дигар вилоятҳо аз ҳисоби хоҷагии мо боғҳои нав бунёд мешаванд.
Албатта, дар ин кори хайр ҳиссаи фермерҳо Муҳиддин Ортиқов, Асрор Эркинов, Маъруф Муродов ва дигарон калон аст. Барои дуруст ба роҳ мондани ниҳолпарварӣ директорамон Тӯлқин Исломов, ҷонишини вай Тоҳир Хӯҷааҳмадов, ходимони илмӣ, доктори фанҳои кишоварзӣ бародарон Бахтиёр ва Ӯрмон Мирзоҳидов, Улуғбек Бойматов, Ҳумоюн Бозоров саҳми арзанда мегузоранд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: