БОҒҲОИ БАХМАЛ

Аз ҳисоби маблағи Бонки ҷаҳонӣ ва Иттиҳоди рушди байналхалқӣ дар қаламрави вилоят масоҳати заминҳои боғу токзорҳо рӯ ба афзоиш ниҳода, боғдориву токпарварӣ торафт рушд менамояд.

Ноҳияи Бахмал бо боғҳояш, ки себҳои хушсифату бозоргир дорад, хеле маъруф аст. 
Назар ба маълумотҳо дар як сол аз ин боғҳо беш аз 70 ҳазор тонна ҳосил мегиранд. 51 ҳазор тоннаи он саҳми хоҷагиҳои фермерӣ, соҳибкорон мебошад. 18 ҳазор тоннаи дигар аз ҷониби аҳолӣ ҷамъоварӣ карда мешавад. Масоҳати умумии боғҳо зиёда аз шаш ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Аз ин 1,5 ҳазор гектар боғҳои зудамал мебошанд. Беш аз 4,5 ҳазор гектари он боғҳои маҳаллистанд.
Ба туфайли азхудкунии маблағи Бонки рушду эъмори ҷаҳонӣ, Иттиҳоди рушди байналхалқӣ ва ба воситаи бонкҳои тиҷоратӣ гирифтани воми имтиёзнок якчанд ҷамъияту хоҷагиҳои фермерӣ боғҳои зудамал ташкил намуданд.
ҶММ «Алмосҷон-Толмасҷон» ва хоҷагии фермерии «Ҷаҳонгир-ойқор» аз ҳамин ҷумлаанд. Онҳо ба миқдори 60-65 ҳазор долларӣ воми имтиёзнок гирифта, дар 30-35 гектар замин боғҳои зуд-амал таъсис додаанд.
Тайи солҳои охир дар асоси қарори Сарвари давлат дар  785 гектар замини лалмиву обии вилоят боғу токзор барпо ёфтанд. Ин нишондиҳанда дар ноҳияи Бахмал 340, дар Янгиобод 245  ва дар Форишу Арнасой 160 гектарро ташкил медиҳад.
Маблағи азхудгардида, пеш аз ҳама, ба бунёди боғу токзор, ҷорӣ намудани технологияи замонавӣ, нигаҳдорӣ ва қадоқкунии маҳсулот равона карда мешавад.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: