БОҒҲОИ ЛАЛМИИ ЧИРОҚЧӢ

Ноҳияи Чироқчии вилояти Қашқадарё бештар аз заминҳои лалмӣ иборат буда, аҳолии он дар қатори чорводорӣ, ки аз шуғлҳои дӯстдоштаи онҳост, бо кишоварзӣ ҳам машғуланд.

Аммо кишоварзӣ дар Чироқчӣ кори саҳле нест ва матонату машаққати зиёде талаб мекунад. Азбаски дар ҳудуди ноҳия норасоии об аз қадим ҳис мешаванд ва кунун ба як мушкили таҳдидкунанда табдил меёбанд (бар замми ин аксари заминҳои он лалмӣ ҳастанд), мардум ҳам рӯ ба раҳми Худо овардаву бештар мунтазири боришот мемонанд. Солҳое, ки обу ҳавои кишвар мусоид омада, боришоти табъи дил мефарояд, кишоварзон низ ҳосили дилхоҳ ба даст меоваранд ва солро бо натиҷаҳои хуб ҷамъбаст месозанд. Вале таҷрибаҳои солҳои охир нишон доданд, ки мунтазири мусоидии обу ҳаво мондан ба нафъи кор нест ва ин амал ҳалли мушкилоти бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намудани бозорҳои дохилиро зери суол қарор медиҳад. Мутахассисони ноҳия аз дархости роҳбарияти ҷумҳурӣ дар робита ба ҳарчӣ бештар истеҳсол намудани маводи ғизоӣ хулосаи амиқ бароварда, дар ин авохир азм намуданд, ки таҷрибаи кишварҳои ҷаҳонро дар ин замина омӯзанд ва дар навбати аввал лоиҳаҳои камхарҷи содаро дар амал татбиқ созанд. Маълум гардид, ки агар инсон азм кунад ва ақлу хиради худро ба кор барад, аз заминҳои санглох низ ҳосили дилхоҳ ба даст овардан мумкин будааст. Тараққиёти илмиву техникӣ, хусусан ба вуҷуд омадани роҳҳои интенсиви технологияи обёрии замин ва истифодаи босамари он дар ҳаёт ба кишоварзон имкон медиҳад, ки бидуни харҷи зиёди об ҳам ба гирифтани ҳосили дилхоҳ муваффақ гарданд.
Имрӯз дар ноҳияи Чироқчии вилояти Қашқадарё дар асоси таҷрибаҳои пешқадам боғҳои лалмие бунёд мешаванд, ки дар солҳои наздик самари хуб дода, талаботи рӯзафзуни ҷомеаро ба маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза таъмин менамоянд. Дар заминҳои лалмӣ анорзор, пистазор, чормағз ва токзор бунёд ёфтанд ва заминҳои лалмии солҳои дароз бекорхобида дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар раъси ин бунёдкориҳои созанда ҳокими ноҳия Нодир Эркаев меистад, ки дар роҳи ба як ноҳияи пешқадам мубаддал кардани Чироқчӣ аз таҳти дил часпу талош дорад. 
Хусусан таҷрибаи истифодаи босамари заминҳои лалмӣ дар асоси технологияи пешқадам дар маҳаллаи «Қуруқсой»-и ноҳия ба таври васеъ истифода мешавад. Ин маҳалла дар доманаи кӯҳистон ҷой гирифта ва заминҳои васеи лалмиро соҳиб аст. Ёвари ҳокими ноҳия Сироҷиддин Қаҳҳоров гуфт, ки 15 гектар замини лалмӣ, ки аз камбуди об солҳои мадид аз истифода берун монда буданд, дубора коркард шуда, ба кишоварзони маҳалла дода шуд. Ба панҷ нафар аҳли маҳалла ба миқдори 100 миллон сӯм қарзи имтиёзнок ҷудо гардиданд. Ҳамчунин ба 10 нафар аз аҳли маҳаллаи «Қуруқсой» барои кандан ва сохтани чоҳҳои замонавии об низ қарзҳои имтиёзнок дода шуданд. Ба гуфтаи С. Қаҳҳоров, чоҳҳо дастӣ ва бо кумаки техника бунёд шуданд ва кунун заминҳои лалмиро бо об таъмин месозанд. Обёрӣ ҳам дар асоси технологияи пешқадам дар амал татбиқ меёбад ва ҳоло боғзори васеъ барпо гашта, дар миёни қаторҳои дарахтони зардолу, бодом ва гелос истеҳсоли маҳсулоти дигари полизӣ низ ба роҳ монда шудааст.
Интизор меравад, ки таҷрибаи кишоварзони маҳаллаи «Қуруқсой» дар дигар мавзеъҳои ноҳия ва ҳатто берун аз он ба таври васеъ истифода хоҳад гашт.

Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҚАШҚАДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: