Дар ҷамъомади видеоселекторие, ки 2 ноябри соли ҷорӣ таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев баргузор шуд, вазифаҳо доир ба лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» пешниҳод гардида буд.
Дар ҷамъомади видеоселекторие, ки 2 ноябри соли ҷорӣ таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев баргузор шуд, вазифаҳо доир ба лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» пешниҳод гардида буд.
Аз рӯйи иҷрои вазифаҳои пешбинишуда дар вилояти Намангон низ чорабиниҳо андешида, 15 миллиону 397 бех ниҳоли мевадору манзаравӣ шинонидан ба нақша гирифта шудааст. Дар ин ҷода дар ҳудуди вилоят «Макони сабз» барпо гардида, то ҳозир 913 ҳазору 700 бех ниҳоли мевадору манзаравӣ шинонда шудааст.
Пешбинӣ шудааст, ки дар 66 гектар майдони ноҳияи Давлатободи шаҳри Намангон, дар 22 гектар майдони мавзеи Сабзазори ноҳияи Чуст «Боғҳои Янги Ӯзбекистон» барпо карда шавад. То ҳозир дар минтақаи Юксалиши шафати роҳи Тӯрақӯрғон ва Косонсой 9 ҳазору 700 бех, дар роҳи Чортоқ – Намангон 1 ҳазор бех, дар мактабҳои таълимоти ҳамагонии вилоят ҷамъ 186 ҳазор бех ниҳолҳои мевадору манзаравӣ шинонида шудааст.
Ҳоло дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят барои барпо кардани «Макони сабз» корҳои ниҳолшинонӣ муташаккилона идома дорад. Фаъолони чорабинӣ ният доранд то охири сол зиёда аз 5 миллион бех ниҳол шинонанд. Дар ин кори хайр намояндагони ташкилоту корхонаҳои вилоят, маҳаллаҳо, муассисаҳои тандурустӣ, таълим ва ҷамоатчиён фаъол иштирок менамоянд.
Дар чорабиниҳои ниҳолшинонии «Чил рӯзи зарбдор» ҳокими вилояти Намангон, узви Сенати Олий Маҷлис Шавкат Абдураззоқов иштирок кард.
А.МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти НАМАНГОН.