БОҒҲОИ ТАБИАТИ МИЛЛӢ ТАШКИЛ МЕГАРДАД

Чанде пеш лоиҳаи Қарори Девони Вазирон «Дар хусуси чораву тадбирҳо оиди дар мавзеи Тӯпаланги Боло ва ҳудуди Боботоғ ташкил намудани боғҳои табиати миллӣ эълон гардид.

Чанде пеш лоиҳаи Қарори Девони Вазирон «Дар хусуси чораву тадбирҳо оиди дар мавзеи Тӯпаланги Боло ва ҳудуди Боботоғ ташкил намудани боғҳои табиати миллӣ эълон гардид. Дарҳақиқат, табиати дилкаш ва нотакрори Дараи Ниҳон (Тӯпаланги Боло) ва манзараҳои дилрабои ҳудуди Боботоғ диққати ҳар як нафарро ба худ ҷалб месозад. Умед ба он мебандем, ки лоиҳаи ин қарор ба иҷро мерасад ва ҳусни ин минтақаҳои кӯҳсор ва доманакӯҳҳо боз ҳам зеботар мегарданд.
Дар қарори мазкур гуфта мешавад, ки дар таркиби Кумитаи давлатии экология ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавзеъҳои Тӯпаланги Боло ва Боботоғи вилояти Сурхондарё боғҳои табиати миллӣ ташкил мегарданд.
Қайд мегардад, ки ин лоиҳа бо мақсади дар ин ҳудудҳо гирифтани пеши роҳи хавфи нест гардидани гиёҳҳои ноёб ва растаниҳо, инчунин олами ҳайвонот ва нигаҳ доштани онҳо, инчунин дар оянда ривоҷ додани экотуризм дар вилоят нигаронида шудааст.
Инчунин дар асоси лоиҳаи қарори мазкур гуфта мешавад, ки дар оянда боғҳои зеботабиат бунёд гарданд, ки нотакрор бошанд, ташкили мамнӯъгоҳҳо низ дар назар аст.
Маблағгузории боғҳои табиати ҳудудҳои Тӯпаланги Боло ва Боботоғ тибқи низом ва шартҳои асосгардидаи Кумитаи давлатии экология ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки он бо Қарори Девони Вазирон аз 19 июли соли 2017 тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда мешавад.
Умед дорем, ки ташкил гардидани чунин як амали хайр, яъне боғҳои табиати миллӣ дар рушди экотуризм ва ҳифзи табиати гирду атрофи воҳа табъи дили ҳамагон мегардад.

Олим ПАНҶИЗОДА.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: