БО АМРИ ДИЛ

Илму дониш, бешубҳа, ба ҳар фарди ҷамъият зарур аст.

Бидуни он, ҳама гуна инсон дар зиндагӣ  пешпо хӯрда, ба душвориҳо дучор меояд. Бино бар ин, лозим аст, ки ҳар кадоми мо соҳиби донишу маърифат бошем. Зеро бо ин захира метавонем монеаҳоро  рафъ созему ба ояндаи дурахшону фаровони хеш бирасем. Барилова бояд гуфт, ки гоҳ насли наврас, ҳатто бегонагон оид ба сиёсат, иҷтимоиёт, иқтисодиёт, маданият, навигариҳои кишвар ва ғайра саволҳо медиҳанд. Мо, калонсолон, ӯҳдадорем, ки ба онҳо ҷавобҳои саҳеҳ, дақиқ ва дуруст гардонем. Вагарна шарманда мешавем. 
Барои ҳамин ҳам бояд ҳар узви ҷамъият китоб хонад, аз навгониҳои аз тариқи воситаҳои ахбори оммавӣ ва интернет бохабар, ҳамчунин аз ҷиҳати маънавӣ устувор бошад. Дар ин бобат расонаҳои ахбори оммавӣ, бахусус – рӯзномаҳо дастёри хубанд. 
Шукри беҳад, ки  дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол рӯзномаи қариб якасраву муътабар, минбари ягонаю марказии тоҷикӣ — «ОВОЗИ ТОҶИК» нашр мешавад.
Рӯзнома – нашрияи Сенат, Палатаи  қонунгузории Олий Маҷлис ва Девони Вазирон аст, яъне рӯзномаи бонуфузи ҳукуматист. Вай аз назари ман маҳрами дилу марҳами дарди ҳар  хонандаи  маънавиётдӯсту миллатпарвар  аст.
Аз он ба мутолиакунандааш «сад роҳат асту  ҳаргиз озоре нест».  
Фоидаҳои рӯзномаро дар назар дошта, бобати обуна ба матбуоти даврӣ ҳаминро гуфтаниам, ки ман, инак беш аз 40 сол ба он обуна мешавам. Касе маро маҷбур намекунад, ихтиёран, бо амри дил обуна мешавам. Обуна барои ман ба ҳукми анъана, одати ҳарсола даромадааст. Аз ин рӯ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад. 
Оре, ҳар кас бояд бо хоҳиши худ  ва бо амри дил ба маҷаллаву рӯзномаҳо обуна шавад. Ман ҳама ва ҳар кас,  аз ҷумла, омӯзгорон, нафақахӯрон, ҳаммиллатону дӯстдорони забони тоҷикиро даъват мекунам:  биёед, як тану як ҷон шуда, ба рӯзномаи ягонаи марказии тоҷикии кишварамон  «ОВОЗИ ТОҶИК»  барои соли 2023 обуна шавем, зеро он манбаи адонашавандаи озуқаи маънавии ҳамаи мост.

Ш. МИРЗОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: