Фақат некон ба дӯстӣ лоиқанд?
Одами нек ва бадро ҷудо ва бо ҳарду дӯстӣ намо, мегӯяд дар «Қобуснома» Кайковус. Ва меафзояд: «Ба некон бо дил, ба бадон бо забон дӯстӣ варз, то ки дӯстии ҳарду тоифа бароят ҳосил диҳад, зеро ҳоҷати шахс фақат ба дӯст намеафтад. Вақте мешавад, ки чунин ҳоҷат аз рӯи зарурат ба бадҳо низ меафтад. Биноан, дӯстии ҳарду тоифаро ҳосил намо».
Меҳр ва муҳаббат – ҳисси муборак, дӯстӣ – фазилати бузург. Яке аз омилҳои муҳими ҳаёти хуб ба сар бурдан – аҳлӣ, дӯстона зиндагӣ кардан. Арасту, хусусан, муносибати самимона байни донишмандонро зеботарин шакли дӯстӣ меҳисобад.
Ба фикри ӯ, дар замири ин дӯстӣ ва меҳру оқибат ба тарзи табиӣ фазилат ва накӯӣ хобидааст.
Муносибати самимона байни оқилон, воқеан, зеботарин эҳсос аст.
ШОИР ШОИРРО, ОЛИМ ОЛИМРО... НАХОД?
Қаробат ва мадоро байни ҷоҳилон низ дӯстӣ аст?
Нависандаи ҳинд Премчанд ҳикояе дорад бо унвони «Роҳи наҷот». Қаҳрамонҳои ҳикоя бадкирдорҳоеанд, ки нафақат ба дигарон, балки ба якдигар зарари зиёд расондаанд.
Ҳа, Ҷҳинкур ва Ҳариҳар ба ҳам душмани қаттол, айни замон ду дӯсти содиқ, ки дар вазъиятҳои мушкил якдигарро дастгирӣ мекунанд. Онҳо гапро ба як ҷо мегузоранд: дар ташкили фитна – кай ва дар куҷо ба амал баровардани он маслиҳат мекунанд.
Аҳли зиёро ба «некон», дузду авбошонро ба «бадон» ҷудо карда, Премчанд ин тавр менависад:
«Дар некон ҳар қадар бадхоҳӣ ва бегонагӣ бошад, дар бадон ҳамон андоза меҳру муҳаббат ҳаст. Олим ва олим, садҳу (дарвеш) ва садҳу, шоир ва шоир якдигарро чашми дид надоранд.
Қиморбоз қиморбозро, майзада майзадаро, дузд дуздро доим дастгирӣ мекунад. Рафту як пандит (бараҳман) дар торикӣ пешпо хӯрда афтад, пандити дигар омада, ба ҷои бардоштан бо по мезанад. Дуздро дузд ғорат кунад, нафрат меёбаду халос. Олиме олими дигарро ба замин занад, шуҳраташ зиёдтар мешавад».
Маълум, ки Премчанд дарди иҷтимоӣ ва зиддиятҳои замони худро тавассути кинояи нешнок ва як изтироби дарунӣ ба қалам гирифтааст. Нависандаи бузургро дуруст фаҳмиданамон лозим, албатта.
Вай музтариб, ки чаро инсонҳои нек ҳама чизро дониста истода, дар дастгирӣ кардани якдигар чун инсонҳои бад фидокорӣ нишон намедиҳанд. Аз ин бисёр азият мекашид.
Мехоҳед хонаатон обод бошад?
Дӯст кобед. Дӯст шавед. Фидокор бошед!
Ш. МУҲАММАД.