Косонсой яке аз ноҳияҳои табиаташ форам, хушҳаво ва дилфиреби вилояти Намангон буда, бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад аст.
Аз маркази ноҳия оби Косонсой ҷорӣ мешавад ва дар соҳилҳои он якчанд сиҳҳатгоҳ ва истироҳатгоҳҳо воқеъ буда, рӯзҳои тобистон сафи истироҳаткунандагон боз ҳам меафзояд.
Имрӯзҳо баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишварамон, аз рӯйи иҷрои Барномаи «Маҳаллаи обод» дар ноҳияи Косонсой низ бунёдкориҳои калони васеъмиқёс ба роҳ монда мешаванд.
Дар ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаҳои А. Навоӣ, С. Шерозӣ, А. Ҷомӣ, М. Аъзам роҳҳои калони магистрали Косонсой – Намангон, Косонсой – Тӯрақӯрғон васеъ ҳамвор ва мумфарш гашта барои пиёдагардҳо роҳҳои алоҳида ва гулзорҳо барпо мегарданд. Дар соҳили Косонсой корҳои ободонию кабудизор ба роҳ монда, «Хиёбони сабз» ташкил меёбад.
Дар коллеҷи тиббии Косонсой ва коллеҷҳои касбу ҳунари технология ва иқтисодиёт, саноат, нақлиёт ва алоқа, хизматрасонии маишӣ, мактабҳои таълими ҳамагонии рақами 1, 4, 8, муассисаҳои таълими томактабии рақами 14 ва 15 корҳои таъмири ҷорӣ ба анҷом мерасад. Инчунин биноҳои маъмурии шуъбаи таълими халқ, муассисаи таълими томактабӣ, корхонаҳои таъминоти барқ, газ, стансияи маркази назорати эпидемиологияи давлатӣ, ки дар роҳи магистрали Косонсой – Намангон воқеъ аст, аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст.
Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои А. Навоӣ, Гулобод, сохтмони 3 манзили истиқоматии бисёрошёна, бинои ошхонаи ҳозиразамон, маркази диагностика, таъмири 6 манзили истиқоматии бисёрошёна бо суръати баланд давом мекунад.
Аз ҳисоби 6 миллиарду 917,3 миллион сӯмина маблағ 3,7 километр хати об кашида мешавад. Ба ҳисоби маблағи 3 миллиард сӯм кашидани 2,1 километр қубурҳои канализатсия ба нақша гирифта шудааст.
Дар маркази шаҳри Косонсой таъмири ҷории 5,7 километр роҳҳо пешбинӣ шуда, 136-то чароғи шабона ба роҳ монда мешавад.
Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи М. Аъзам сохтмони «Хиёбони хотира», бинои маъмурии Маркази хидматрасонии давлатӣ, дар боғи фарҳанг ва истироҳати ноҳия низ як қатор корҳои сохтмону таъмир муташаккилона давом мекунад.
Хулоса, иди аз ҳама азиз, аз ҳама бузург 28-солагии Истиқлолияти мамлакатамонро косонсоиён бо ободию бунёдкориҳои калони васеъмиқёс пешвоз мегиранд.
А. МУРОДОВ, хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти НАМАНГОН.