БО ЧАШМИ ДИЛ ДУНЁРО МЕБИНАД

Бахтиёри Ҷумъаро аз солҳои зиндагиам дар Душанбе мешиносам.

Ӯ дар ҳайати таҳририяти муштараки маҷаллаи «Машъал» ва рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» кор мекард, мақолаву ҳикояҳояшро мехондам. Баъди бо тақозои тақдир ба Самарқанд баргаштан, Бахтиёр ҷустуҷӯйи эҷодиашро идома дод. 
Бахтиёри Ҷумъа ҳамчун воқеанигори соҳибназар ва нависандаи соҳибзавқ шинохта шудааст. Дар ин байн чандин маҷмӯаи ҳикояҳои ӯ – аз қабили «Бойчечак», «Доруи дарозумрӣ», «Хандахариш», «Хазинаи ханда», «Асали бобо», «Маликаи доно» ва ғайра дастраси хонандагон гардиданд.
Бахтиёри Ҷумъа адиби сермаҳсул аст, бахусус, дар бахши душвортарин соҳаи насри бадеӣ – адабиёти бачагон. Ӯ дар ин ҷода худро ҳамчун донандаи дунёи рангини хурдсолону наврасон, забони содда ва гуфтугӯи ростину ширини онҳо шиносонид. Ҳоло маҷмӯаи нави Бахтиёри Ҷумъа таҳти унвони «Гиреҳи армон» (Тошканд, «Тамаддун», 2018) ба табъ расидааст, ки зиёда аз сад ҳикояи хурд ва лавҳаҳои лирикиро дарбар мегирад. 
Мавзӯи ҳикояҳо зиндагии воқеӣ, муносибатҳои ахлоқии одамони замон ва дунёфаҳмии онҳост.
Б.Ҷумъа адиби некбин ва хайрхоҳ аст. Ҳикоёташ бештар пандомӯз буда, хонандаро ба роҳи дурусти зиндагӣ, фаҳмиши некӣ ва бадӣ, зебоӣ ва зиштӣ, худшиносӣ ва ахлоқи ҳамида ҳидоят мекунад. Нависанда аз забони мӯйсафедони умрдида панду ҳикмат оварда, чашми камбин ва дили торику ақли тираро равшанӣ мебахшад: «Одами бадро бад гӯед, бадтар мешавад, бадро нағз гӯед, ки нағз шавад» («Санги сари роҳ»), «Одам дар зиндагӣ аз нокас қарздор нашавад, сарбаланд гардад» («Сари баланд»), «Нек гӯйӣ, нек шунавӣ, бад гӯйӣ – бад» («Акси садо»), «Одам некии худро фаромӯш кунаду некии дигаронро не» («Мӯзачаи сурх») ва ғайра.
Ҳадафи ҳикояҳо масъалаи азалии адабиёт – ахлоқи иҷтимоист ва панду ҳикмат низ дар ҳеч давру замон кӯҳна нахоҳад шуд. Вай идомадиҳандаи анъанаи пешиниён аст, ки дунёро софу пурнур ва инсонро пок дидан мехостанд. 
 Дар ҳикояи «Ҳисоби бехато» марде ба васвасаи пулёбӣ афтода, аз пулшумории бехатои писараш бехуд шуд ва ба дасти вай як қабза пул доду гуфт: «Акнун нахонӣ ҳам мешавад, мактаб сари муаллимонатро хӯрад» ва ӯро бозор фиристод. 
Б.Ҷумъа ба ҳаҷву мазҳака таваҷҷӯҳи зиёде дорад. Хандаи адиб дар ҳикояҳо тобишҳои гуногун дошта, аксар ҳаҷви тезу тунд, хандаю мазоҳи фошофош нест. Ба нуқсони ахлоқӣ, қашшоқии маънавӣ ва маҳдудии дунёфаҳмии қаҳрамонҳо назар афканда, хонандаро лаҳзае хушҳол мегардонад. Ҳикояҳои юморомези нависанда хушгуфторӣ, ҳозирҷавобӣ ва ҳазлу шӯхии нишонрасу зарофати қаҳрамонҳои латифаҳои халқӣ – Хоҷа Насриддин, Мушфиқиро ба хотир меоранд («Вой ба ҳоли мурдаҳо», «Касби падар», «Пири муршид», «Дуои чойкашӣ», «Тарки одат», «Тамасхури беҷо», «Дӯстдорӣ», «Шарафи одам», «Нияти бад», «Тангкӯчаи одамгарӣ»). Дар як қатор ҳикояҳо ва лавҳаҳои равону салиси ӯ занҳои серҷоғ, мардони гапфурӯш, майпараст, ҳавобаланд, хасису бахил, ҷавонони коргурез, зоҳирбину калтафаҳм тамасхур шудаанд. 
Қаҳрамони ҳикояҳои ҳаҷвӣ, аксар мӯйсафедони доно ва ҳозирҷавобу шартакигӣ буда, ҳаҷвиёти ҳикояро қувват мебахшанд. Аз ин ҷиҳат дар ҳикояи «Ташвиш» образи келинҳои имрӯза тамасхур шудаанд. Онҳо ба пухту паз омӯхта нашудаанд ё худ тоқати пухтупаз надоранд. Келини калонӣ пиёбаи пургиёҳ ва келини хурдӣ санбӯсаи сералаф пухта назди пирамарди бемор гузоштанд ва ба ивази некии бо дили нохоҳам кардаи худ таънаи кинояомези падаршӯ: «Якбора ба гарданам ресмон андохта, ба саҳро бурда бандед, худам алаф мехӯрам»-ро шуниданд.
Нависанда ба воқеа ва образҳои тасвиршуда бо дили пок менигарад, покшавии ҳаёти ҷомеаро хоҳон аст, ки ин дар навбати худ ҷанбаи иҷтимоии эҷодиёти ӯро қувват дода, аҳамияти тарбиявии онро меафзояд. 
Дар ҳаёти адабӣ шоир ҳамеша бисёру нависанда кам андар кам, хосса дар бахши ҳаҷву мазҳака. «Гиреҳи армон»-и Бахтиёри Ҷумъа туҳфаи пурарзишест барои дӯстдорони адабиёт. 

Мардон ШАРОФОВ,
номзади илми санъатшиносӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: