БО ДАРДУ ТАШВИШҲОИ МАРДУМ ЗИСТАН – НИШОНАИ ОДАМИЯТ

Бо меъёрҳои адлу инсоф ҳаллу фасл кардани масъалаҳои рӯзгор, ба дарду ташвишҳои мардум марҳам гардида, ноил шудан ба ризоияти вай пояи асосии ҷомеаи идеалии инсониро ташкил мекунад.

Зотан дар ҳама давру замон меъёри адлу инсоф чун қувваи пешбаранда ва сафарбаркунанда аҳамияти аввалиндараҷа дошту дорад. Хушбахтона, дар таърихи адабиёти бештар аз ҳазорсолаи форсу тоҷик ин ғоя ҳамчун орзуи олии мардум талқин гардидааст. Китоби «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, ки дар асри Х таълиф ёфтааст, ҳикояту ривоятҳои он дар бораи Анушервони Одил бобати пойдорсозии адлу инсоф дар мамлакат барои ҳама гуна сохторҳои давлатию идоравӣ имрӯз низ  дастур шуда метавонанд.
Пӯшида нест, ки чанд сол муқаддам ба арзу доди мардум касе намерасид. Гӯше, ки дарди мардумро шунавад ё набуд, ё бошад ҳам, ботил буд. Банда дар қабулгоҳҳои роҳбарон навбат поида то бегоҳ нишастан ва оқибат онҳоро пайдо карда натавониста норозиёна баргаштани муроҷиаткунандагонро борҳо мушоҳида кардаам. Зиёда аз ин, аввали солҳои 2000-ум худи маро, ки ҳам намояндаи Шӯрои вилоят, ҳам мухбири рӯзномаи «Овози тоҷик» будаму ҳастам, баъзе роҳбарони ҳамонвақтаи вилоят қабул намекарданд. Дар натиҷа маҷбур шудам, ки ин масъаларо боре дар сессияи навбатии Шӯрои намояндагони халқи вилоят бардорам. Он гоҳ ба муаллифи ин сатрҳо лозим омада буд, ки ба иштирокдорони сессия аз «Сиёсатнома» ҳикояти Хари ба «арз» омадаро қабул кардани Анӯшервони Одил нақл кунам. 
Ниҳоят вақте, ки ба ҳокими вилоят рӯ оварда: «Дидед, подшоҳ ҳатто хари ба арзомадаро қабул кардааст, дар мо бошад, роҳбароне ҳастанд, ки намояндаро қабул намекунанд», – гуфтам, толор гӯё таркид. Аҳли маҷлис бо чапакзаниҳои ғайриоддӣ бандаро дастгирӣ карданд ва дар вилоят масъалаи қабули роҳбарон ранги дигар гирифт. Дар ҳақиқат масъалаи кор бо муроҷиати шаҳрвандон ҳаллу фасли ҷиддиро тақозо мекард. Фармони Президент «Дар бораи чораю тадбирҳо оид ба такмил додани низоми кор бо муроҷиатҳои шахсони ҷисмонию ҳуқуқӣ», мувофиқи ин ҳуҷҷати муҳими давлатӣ дар ҳамаи ҳудудҳо ташкил ёфтани қабулхонаҳои халқии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ин бора дигаргунии куллӣ ба вуҷуд овард. Соли сеюм аст, ки дар ин қабулхонаҳо қабули шахсии ҳокимони вилоят, ноҳия, шаҳр, роҳбарони секторҳо, сарварони мақомоти давлатӣ ва ташилот ба амал меоянд. Дар қабулхонаҳои халқӣ барои муроҷиаткунандагон тамоми шароит муҳайё карда шудаанд. Хонаҳои тиббӣ, модару кӯдак, низомҳои бо шуғлфарогирии «Инфокиоск», «Электрон навбат», «Видеоконференсалоқа», толори интизорӣ амал мекунанд. Муҳимаш аксарияти масъалаҳо, камбудиҳои ҷойдошта дар худи ҳамин ҷо ҳаллу фасл мегарданд. Қабулхонаҳои халқӣ фаъолияти худро бо мақсади қаноатманд гардондани ҳар як муроҷиаткунанда ба роҳ монда, байни давлат ва халқ ҳамчун пул хидмат мекунанд. Ба туфайли ҳамкории қабулхонаҳои халқӣ бо секторҳо, идораҳои давлатию ташкилот шумораи муроҷиатҳо ба қабулхонаҳои халқии вилоят дар соли 2019 (11507-то) нисбат ба ҳамин даври соли 2018-ум 41,3 фоиз кам гардида, дараҷаи қонеъгардонии муроҷиатҳо имсол 10,5 фоиз афзудааст. 
Баробари аз ҷониби шахсони ҷисмонию ҳуқуқӣ қабул кардани муроҷиатҳо қабулхонаҳои халқӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба муроҷиаткунандагон ва ҳарчи зудтар бартараф кардани камбудиву нуқсонҳо мувофиқи ҷадвали пешакӣ таҳияёфта дар ҳудудҳо қабулҳои сайёр гузаронида, мулоқоти бевоситаи роҳбарону аҳолиро ташкил мекунанд. Дар давоми қабулҳои сайёри оммавие, ки роҳбарони мақомоти давлатӣ, ташкилоту секторҳо мегузаронанд, шахсан аз ҷониби роҳбарон қабул гардидани шаҳрвандон, ҳавлӣ ба ҳавлӣ гашта муайян намудани масъалаҳо, иштироки роҳбарони ташкилотҳои ҳудуд имконият медиҳад, ки норасоиҳо дар худи маҳалҳо бартараф карда шаванд.
Тавре ки мутахассиси Қабулхонаи халқии Президент дар вилояти Бухоро Маъмур Раҳмонқулов хабар дод, дар давраи гузаштаи соли равон дар вилоят аз ҷониби идораҳои ҷумҳурӣ 45, роҳбарони секторҳои вилоятӣ 91, роҳбарони секторҳои ноҳиявию шаҳрӣ 1465 маротиба қабулҳои сайёри оммавӣ баргузор шудаанд. Дар онҳо 15574-то муроҷиат ба қайд гирифта, 12661 (81,2%)-тои онҳо қонеъ гардонда, 2912-тоашон аз сабаби зарурати маблағу муҳлат ба «харитаи роҳ» ворид ва таҳти назорат гирифта шудаанд.
Шаҳрвандоне, ки дар қабулҳои сайёр бо муроҷиат омадаанд, на фақат бевосита ба қабули роҳбарон роҳ ёфтаанд, балки аз имкониятҳои зиёд: назорати бемузди тиббӣ, иштирок дар ярмаркаҳои меҳнатӣ, хариди маҳсулоти хӯрокворӣ, аробача, таҷҳизоти шунавоӣ, асобағал ва ғайра баҳраманд гардидаанд.
Сокини деҳаи Тӯқали маҳаллаи Позагареи ноҳияи Ғиҷдувон, ногирои гурӯҳи дуюм Шаҳноза Йӯлдошева ба Қаблхонаи халқии ноҳияи Ғиҷдувон муроҷиат карда, муродаш ҳосил шуд. Вай касби зардӯзиро пеша карда, шароити зисти оилаашро беҳтар намуд.
Истиқоматкунандаи деҳаи Бӯстони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Арабхонаи ноҳияи Вобканд Ҷӯра Музаффаров ва дигарон бобати дар деҳа мавҷуд набудани муассисаи таълими томактабӣ муроҷиат карда, комёб шуданд.
Бо ташаббуси соҳибкор Ирода Раҷабова бо усули шарикӣ муассисаи таълими томактабӣ барои 25 нафар ба кор даромад.
Соҳибкори шофирконӣ Камолиддин Қаюмов бошад, ба ҳокими вилоят муроҷиат карда, бар ивази 1,5 миллиард сӯм кредит ва 1,5 миллиард сӯм маблағи шахсиаш бинои кинотеатри бекорхобидаи маркази ноҳияро таъмир намуда, «Маркази ҷавонон» бунёд кард, ки он аз китобхона, кинотеатр, маркази интернет, идораи суғурта ва ғайра иборат аст. Албатта, ин қабил мисолҳо зиёданд.
Боиси хурсандист, ки имрӯз гуфтаҳои сарвари давлатамон «Мардум ба идораҳои давлатӣ не, балки идораҳои давлатӣ бояд ба  мардум хидмат кунанд» самараи худро медиҳад.

Амрулло АВЕЗОВ,
 хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: