Бо доираҳои корчаллонии Венгрия мулоқот барпо гардид

  • Бо доираҳои корчаллонии Венгрия мулоқот барпо гардид
  • Бо доираҳои корчаллонии Венгрия мулоқот барпо гардид
  • Бо доираҳои корчаллонии Венгрия мулоқот барпо гардид
  • Бо доираҳои корчаллонии Венгрия мулоқот барпо гардид
  • Бо доираҳои корчаллонии Венгрия мулоқот барпо гардид
  • Бо доираҳои корчаллонии Венгрия мулоқот барпо гардид
  • Бо доираҳои корчаллонии Венгрия мулоқот барпо гардид
  • Бо доираҳои корчаллонии Венгрия мулоқот барпо гардид

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Будапешт бо роҳбарони ширкат ва бонкҳои бузурги Венгрия мулоқот кард.

Дар чорабинӣ вазири рушди иқтисодии Венгрия Мартон Над, раиси Палатаи савдою саноат Ласло Парраг, роҳбари «ОTP Bank» Шандор Чани, ҳамчунин, сарони тақрибан 20 ширкат ва корпоратсияҳои бузург, аз ҷумла «Gedeon Richter», «Bonafarm», «Wizz Air», «Raba Holding», «Meditop», «Master Good», «Kite» ва ғайра иштирок доштанд.

Бояд зикр намуд, ки вохӯриҳо бо доираҳои корчаллон ҷиҳати муттасили сафарҳои хориҷии роҳбари Ӯзбекистон гардидаанд. Онҳо барои ба роҳ мондани қарордодҳои бевосита ва пешбурди комёбиҳои мамлакати мо дар татбиқи лоиҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҷалби сармояҳои хориҷӣ мусоидат менамоянд.

Венгрия дар Аврупо яке аз кишварҳои иқтисодиёташ зуд ривоҷёбанда буда, дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, савдо, сайёҳӣ, молия ва технологияҳои иттилоотӣ иқтидори бузург дорад.

Тӯли солҳои охир дар байни кишварҳои мо ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ мунтазам инкишоф меёбад. Миқдори корхонаҳои муштарак ва ҳаҷми сармояҳо зиёд мешавад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ пешомадҳои самти ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар ҷабҳаҳои зерин, аз ҷумла дорусозӣ, кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, электроника ва электротехника, соҳаҳои кимиё, бофандагӣ, чарм ва автомобилсозӣ баррасӣ шуданд.

Қайд гардид, ки дар Ӯзбекистон ислоҳоти васеъмиқёс амалӣ мегарданд, ки ба куллан такмил додани тамоми соҳа ва самтҳои иқтисодиёт, ҳамчунин баланд бардоштани некуҳолии аҳолӣ нигаронида шудаанд.

Сарвари мамлакати мо комёбиҳои асосии сиёсати иқтисодиёти Ӯзбекистонро тӯли солҳои охир номбар кард, ки дар байни онҳо озодкунии бозори асъор ва репатрасияи даромад, барномаи хусусигардонии активҳои давлатӣ ва бонкҳо, иншооти саноатӣ ва инфрасохторӣ, ислоҳоти андоз ва бисёри дигарҳо буданд.

– Дар Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав идома додани  кор бобати фароҳам овардани шароитҳои куллан мусоид барои соҳибкорон, вусъат додани иштироки тиҷорати хориҷӣ дар кишвари мо пешбинӣ гардиданд. Аз ҳама муҳимаш он мебошад, ки ба дигаргуниҳои мо тиҷорати хориҷӣ эътимод пайдо кард, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар мулоқот созмон додани Бунёди муштарак барои бо маблағ таъмин кардани лоиҳаҳои афзалиятноке, ки солҳои наздиктарин иҷро хоҳанд шуд, зикр гардид.

Пешниҳод шуд, ки маҳз барои ширкатҳои Венгрия минтақаи ҷудогонаи саноатӣ ҷудо карда, - он бо тамоми инфрасохтори зарурии истеҳсолӣ таъмин карда шавад.

Бинобар ақидаи роҳбари давлати мо, лоиҳаҳои муштараки оянда, ки дар доираи татбиқ сохтани онҳо азхудкунии кашфиётҳои илмӣ, инноватсияҳои конструкторӣ ва технологияи шарикони венгерӣ самараи баланди синергетикӣ хоҳанд дод.

Президент Шавкат Мирзиёев ба ҳар кадом узви ҳайати тиҷоратии Венгрия муроҷаат кард. Дар бораи нақшаҳо бобати татбиқ намудани лоиҳаҳои мушаххаси муштарак мубодилаи муфассали афкор ба амал омад. Қатъиян изҳор шуд, ки тиҷорати Венгрия бобати татбиқ сохтани нақшаҳои сармоявии онҳо ҳамаҷониба дастгирӣ карда мешавад.

– Ҳар як соҳибкорро ба кишвари мо даъват мекунам, то бубинад ва бовар кунад, ки имрӯз Ӯзбекистон – ин беҳтарин кишвар барои сармоягузорӣ мебошад! – қайд намуд Президент.

Дар навбати худ намояндагони доираҳои корчаллони Венгрия ба натиҷаҳои ислоҳоти мунтазами иқтисодие, ки дар Ӯзбекистон татбиқ мегарданд, баҳои баланд доданд, ҳамчунин иброз доштанд, ки барои ворид шудан ба бозори кишвари мо ва татбиқ сохтани лоиҳаҳои пешомадноки муштарак саъю кӯшиш доранд.

Анҷумани тиҷоратии ӯзбекистониву венгерӣ, ки ба қарибӣ баргузор шуду дар доираи он дар ҳаҷми зиёда аз 1 миллиард доллар шартномаҳои сармоявӣ, тиҷоратӣ ва молиявӣ ба имзо расиданд, исботи равшани навбатии рағбати баланди ҳар ду ҷониб гардид.

Дар анҷоми мулоқот дар бораи қабул кардани «Харитаи роҳ»-и маҷмӯъ бинобар амалан татбиқ сохтани тамоми лоиҳаҳои пешбинишуда бо зикри муҳлатҳои мушаххас ва иҷрогарони масъул созишнома ҳосил шуд.

Ба роҳбарони вазорат ва идораҳои Ӯзбекистон супурда шуд, ки ба шарикони венгерӣ бобати бо муваффақият амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакати мо ҳамаҷониба кумак расонанд. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: