Дар рӯзҳое қарор дорем, ки аҳли мӯъмин бо дуову тиловати Қуръон гузаштагонро ёд меоваранд.
Хусусан, дар ҳақи рафтагоне, ки кору номи нек аз худ гузоштаанд, баробари суханҳои нек гуфтан ва сари эҳтиром назди хотираашон фуруд овардан оятҳо тиловат мешаванд.
Бобоҷон Эралиевро аҳли Сӯх чун ҷавонмарди соҳибкор ва саховатпеша хуб мешинохт. Вай хеле бармаҳал аз меҳру навозиши падараш амаки Муҳаммадалӣ, ки дар дабистони рақами аввали ноҳия муаллим буданд, маҳрум монд. Модараш Очаикенҷа шабу рӯз меҳнат кард, ӯро ба сахтиҳо ба воя расонд, саъй намуд фарзандҳои қалбашон маҷрӯҳ – норасидаҳояш аз ҳеҷ кас кам набошанд, ятимӣ ҳис накунанд.
Бобоҷон мактабро бомуваффақият тамом кард. Ба хондан рафт, Институти давлатии педагогии Қӯқандро ба итмом расонд. Вале баъди бозгашт ба зодгоҳ худро бештар дар ҷабҳаи сохтмон – барпои бинову иншооти замонавӣ дар ҳудуд нишон дод, соҳибкори соҳибтаҷриба гашт. Бо татбиқи лоиҳаҳои тиҷоратиаш ҳамчун ободгари диёр ном баровард. Аз ҷумла, дар бунёди бинои замонавии мактаби мусиқӣ воқеъ дар ноҳияи Янгиариқ сарубар гардид.
Мурдан ҳақ аст, вале инсон аз вафоти ногаҳонии касе, ки солиму бардам мегашт, муддате худро гум карда ва Бедили бузургворро ба ёд меовардааст, ки гуфтааст:
Як қадам хок аст Бедил,
аз ту то домони хок,
Дар сари мижгон чу ашк
истодаӣ, ҳушёр бош!
Ва Рӯзи иди рамазон манзили Бобоҷон,ки дар 54-солагӣ зиндагиро падруд гуфт, хеле серодам. Бо дуо ёд меоваранд қарибонаш.
Зарифҷон НАСРИДДИНОВ,
омӯзгори дабистони рақами якуми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.