БО ДУРУД ВА СУРУДИ МЕҲРПӮЁ АЗ КУРУД БА САРОСАРИ ДУНЁ

Студияи барномаи “Эслаб, эслаб...”-и шабакаи “Севимли”-и телевизиони Ӯзбекистон.

Донӣ, ки зи одамӣ  чӣ мемонаду бас,
Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ  ҳама ҳеҷ.
Студияи барномаи  “Эслаб, эслаб...”-и  шабакаи “Севимли”-и телевизиони Ӯзбекистон. Ӯ қабл аз ворид шудан ба студия бо чандин нафар аз арбобони ҳунари Ӯзбекистон, ки ҷамъ омада, мунтазираш буданд, даст рӯйи сина гузошта, бо таъзими хос аҳволпурсӣ намуд. Аз баъзеи онҳо, ҳатто номи фарзандонашонро ба забон оварда, аз кору борашон пурсон шуд. Ҳама дар ҳайрат! 
— Тамоман дигар нашудаанд, ҳамон акаи Ҷӯрабеке, ки солҳо боз мешиносем. Ҳамон лутф, ҳамон хоксорӣ, ҳамон меҳрангезӣ, – гуфт Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Аҳмадҷон Шукуров ба ҳампаҳлӯяш. 
Қаҳрамони Ӯзбекистон, сарояндаи сурудҳои «Шашмақом» Муноҷот Йӯлчиева, ки дар давоми суҳбат аз рӯзҳои Даҳаи адабиёт ва санъати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, ки соли 1981 баргузор шуда буд, ёдоварӣ намуд: 
– Он замон номи Ҳунарпешаи халқии СССР Ҷӯрабек Муродов  вирди забони ӯзбекистониён низ гашта буд. Вақте ӯ пеш аз ба саҳна баромадан бо фурӯтанӣ ва тавозӯъ назди мо – санъаткорони ӯзбекистонӣ омада, ҳолпурсӣ намуда, “хайра мақдам” гуфт, ростӣ, моту мабҳут гашта будем, зеро бо вуҷуди унвону манзалати хеле баланд, ба мо, ба қавле “артистони қаторӣ” он қадар  меҳрубонӣ мекард, ки мислашро надида будем! Имрӯз ҳам баъди гузаштани ин қадар сол ман ҳамон симо, ҳамон одоби такаллуфро мебинам. Мошаллоҳ!”.
Бале, ӯро дар ҳама давру замон, дар ҳама гуна ҷамъомаду маҳфилҳо ҳамин хел ботавозӯъ ва ботакаллуф мешиносанд.
Мо борҳо шоҳиди ин ҳолат шудаем.
***
Яке аз рӯзҳои декабри соли 1986. Дар толори ансамбли “Баҳор” дар Тошканд 50-солагии созанда, доирадасти моҳир Қаҳрамон Дадаев мутантан мегузашт. Сухан ба намояндагони Тоҷикистон дода шуд. Се нафар рӯйи саҳна баромаданд: устод Ҷӯрабеки Мурод, Малика Қаландарова ва доиразан Аъло Аълоев. Чун фурсати мусоид  пайдо шуд,  наздашон омада, худро  муаррифӣ намудам. 
– «Аҳли рӯзномаи «Овози тоҷик» хубанд? Шавкатака, ҷӯраи мо — Ҷонибек...” 
«Ташаккур, ҳама хубанд. Хуб мешуд, агар  ба идораи мо ташриф меовардед” – гуфтаму шумораи телефони коргоҳро додам. Рӯзи дигар вақти ваъдагӣ дар назди бинои матбуот вохӯрдем. “Ваъдахилофӣ  кори мо нест” – гуфт ҳофиз. 
***
...Баҳори соли 1972. Яке аз шомҳои фараҳбахш бо аҳли оила гирди суфра нишаста, чашм аз телевизион намекандем. Телевизиони  Душанбе барномаеро бо иштироки шоири маҳбуби тоҷик Мирзо Турсунзода ва овозхони ҷавон Ҷӯрабек Муродов ба ҳукми  мухлисони назму наво ҳавола менамуд. Он вақт ҳофизе, ки хеле ҷавон буд, ба суҳбати ҳикматбори устоди сухан Мирзо Турсунзода, ки  дар арсаи ҷаҳон мешинохтандаш, гӯш дода, бо тавозӯъ менишаст. Шоир аз мувофиқати шеъру суруд, оҳанги ғазали классикӣ ҳарф мезаду ҳофиз ҳақиқати суханони ӯро бо як таронаи нав собит мекард. Чи  қадар хотирнишин буд ин суҳбатҳо... 
Шояд аз ҳамон солҳо, балки пештар корвони суруду таронаи ин ҳофизи маънисаро аз  марзи зодгоҳаш берун баромада, ба фатҳи саҳнаҳои фарҳанг, варзишгоҳҳо, шаҳру кишварҳои наздику дур, тасхири қалби миллионҳо  ихлосмандон азм карда буд ва инак, то имрӯз ӯ бо садои нотакрораш дилҳои пиру ҷавонро тасхир мекунад.
Ҷуғрофияи суруду таронаҳои ӯ сарҳад надорад, он аз уқёнусҳо гузашта то Амрикову Африқо, Ҷопону Фаронса, Исроилу Ҳиндустон, ба кулли қитъаву кишварҳои сайёраи Замин расида, аз сулҳу салоҳ, одаму одамгарӣ, Ватану ватанпарастӣ  навидҳо  бурдаасту мебарад...
***
Соли 1942 дар деҳаи хурдакаки Кӯҳруди ноҳияи Айнӣ  – як пораи  кӯҳистони Тоҷикистон кӯдаке ба дунё омад, ки баъдан бо овози оламгираш миллат, халқ ва санъати ӯро ба аҳли  башар муаррифӣ  намуд.  Тӯшае, ки аз сафарҳову ҳазорон консертҳо бардоштааст, кафкӯбиҳо, аҳсантҳо, офаринҳо, шукронаҳо,  сипосҳо... 
Оё олитарин мукофоти амал нест ин тӯша?!
Чанде пеш нашриёти “Тамаддун”-и Тошканд  бо эҳтимоми Маркази милливу фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон китоби “Чароғи абадӣ”-и Мирзо Турсунзодаро интишор намуд. Вақте ин гулчини ашъори шоирро варақ задем, дидем, ки қариб ҳамаи шеърҳои ин ҷо гузидаи он бо оҳангу садои Ҷӯрабеки Мурод дубора машҳуру маъруф шудаанд: “Дили модар”,  “Модарам”, “Ватан”, “Дӯстонро гум макун”, “Нонреза”, “Замин” ва боз чанде дигар.  
Байти зеринро шоири бузург гӯё барои овозхон ҳам иншо кардааст:
Зинда кардам дар замин  
ман шуълаи хомӯшро,
Бо сухан дар ҷӯш овардам 
дили беҷӯшро...
Ҳофиз сурудану оҳанг бастанро аз шеъри Одамушшуаро Рӯдакӣ  оғоз карда буд. 
Шод зӣ бо сиёҳчашмон, шод,
Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод.
Некбахт он касе, ки доду бихӯрд, 
Шӯрбахт он ки  ӯ нахӯрду надод.
Сипас ба  ашъори Шайхурраис Синову Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофизу Хоҷа Камол, Хусрави Деҳлавиву Соиби Табрезӣ, Мавлавию Сайидо, Ҷомию Навоӣ,  Ҳилоливу Бедил, Нақибхон Туғралу Айнӣ, Лоҳутӣ ва дигар шоирони муосир рӯ овард. Чанд сол пеш барномаи консертии “Ҳамеша бо Ватан масрур”-и ӯ аз тараннуми ашъори 32 шоир мураттаб шуда буд.
Баъдан ӯ бештар ба ашъори шоири бузург Лоиқ Шералӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд. “Ушшоқи Душанбе”,  “Кишвари ман – модари ман”, “Сапеда медамад”, “Хосияти дукокула”, “Агар тирам ба сар борад...”, “Замини сахти  кӯҳистон”...  Ин силсила тӯлонӣ ва пурмаънист.
Метавон дар бораи  мазмуну муҳтавои эҷоди ин ҳофизи беҳамто бисёр ҳарф зад. Чунончи, одатан таронаи “Гулъузорам”-и Ҳоҷӣ Абдулазизро, ки аз намунаҳои барҷастаи суруди классикии берун аз «Шашмақом» ба шумор меравад, бар ғазали Навоӣ  мехонданд.  Ҷӯрабеки Мурод бар ин оҳанг як ғазали Шоҳпури Нишопуриро ҷӯр кард, ки ҳар як шунавандаро аз таъсири бузурги ғазалу оҳанг мафтун мекунад. Биёед, мо ҳам як лаҳза замзамаи ин таронаро ба хотир оварем:
Рӯзгор ошуфтатар ё
 зулфи ту, ё кори ман?!
Зарра камтар ё даҳонат, ё 
дили ғамхори ман?!
Шаб сияҳтар ё дилат, ё 
ҳоли ман, ё ҳоли ту?! 
Шаҳд хуштар ё лабат, ё 
лафзи гавҳарбори ман?!
Оҳанг дилангез, ғазал ширин, иҷро ҷаззобтар аст.
Дар ин маврид фикри мусиқишиноси маъруф Аскаралӣ  Раҷабовро шунидан беҳтар аст: “Кори эҷодию иҷроии ӯ дар рӯҳу тавони тоза бахшидан ба мероси симоҳои камназири мусиқӣ – Ҳоҷӣ Абдулазиз (1850-1936), Содирхон (1847-1933) дар марҳалаи нави таърихӣ камназиру шоистаҳунарист. Ӯ аз зумраи ҳунарваронест, ки дар мероси мусиқии устоди мусиқӣ Ҳоҷӣ Абдулазиз диди нав, руҳи нави иҷроро бо сухани пурбори бадеию зебоишиносии шеърияти классикии тоҷик пайванди нави таърихӣ дод. Ин кори ҳунарии устод Ҷӯрабек дар ду шоҳкории мусиқии ҳунарвари бузург Ҳоҷӣ Абдулазиз «Гулъузорам» (матни ҳамсону ҳамвазни тоҷикӣ бар ғазали Шоҳпури Нишопурӣ танзим намуда), «Бозургонӣ» (бо ғазали ноби Саъдии Шерозӣ) аз иҷрои мусиқивору боҳунарона мебошад”.
Дар асл ҳам “Гулъузорам” дар иҷрои устод Ҷӯрабек Муродов  як воқеаи муҳими санъати овозхонӣ  (ҳанӯз соли 1969!)  шуда буд.
Ҳофизи мо Мавлоно Ҷалодиддини Балхии Румиро тавассути овози шевою хуши сарояндагӣ  ба халқамон боз ҳам қарин намуд. Сурудҳои “Мо дар ду ҷаҳон» , “Пир манам, ҷавон манам”, “Муҳаббатнома”, “Во, дили ман”, “Ид омаду ид омад” ва монанди онҳо писанди тамоми форсизабонон мебошанд. Аз ҷумла,  таронае, ки  бо матлаи ғазали Соиб:
Эй дил, зи авзои ҷаҳон 
бегона шав, бегона шав,
Бо он нигори хонагӣ
ҳамхона шав, ҳамхона шав.
оғоз меёбаду “Валси Ҷӯрабек” унвон дорад, басо машҳур аст.
***
Мавзӯи одаму одамигарӣ дар эҷодиёти устоди ҳунар дорои мақоми волост. Аксари сурудаҳои ӯ аслан талқини хӯву ахлоқи   инсони комил аст. Интихоби ин шеъри Саидалӣ Маъмур аз ҷониби устод бесабаб  нест:
Одам ба одам зинда аст,
Мегуфт модар ҳар замон.
Ман зинда бошамбо шумо,
Эй одамон, эй одамон.

Ман бе шумо як зарраам,
Як зарра бошад ноаён,
Як зарра кай рахшон шавад
Эй одамон, эй одамон!?
Тавре ки зикр шуд, ӯ дар Ӯзбекистон низ маҳбубияти зиёд дорад. Худи устод борҳо таъкид намудааст, ки аз миёнаҳои солҳои 60-уми асри гузашта ба Ӯзбекистон дилбастагӣ дорад.  Мардуми ӯзбек ӯро дӯст медоранд ва ӯ ин халқро дӯст медорад. Бо бисёр ҳунарпешагони Ӯзбекистон риштаҳои мустаҳками дӯстиву рафоқати  беандоза дорад. Худи мо гувоҳ шудаем, ки муносибаташ бо Фахриддин Умаров, Таваккал Қодиров, Берта Давидова, Шералӣ  Ҷӯраев, Ортиқ Отаҷонов, Камолиддин Раҳимов,  Хайрулло Лутфуллоев, Ғуломҷон Ёқубов, Дилмурод Исломов, Теша Мӯъминов, Абдуҳошим Исмоилов, Аҳмадҷон Дадаев ва дигарон чӣ гуна гарму самимист.
***
Соли 2017 садсолагии сарояндаи номӣ Комилҷон Отаниёзов дар кишвари мо ҷашн гирифта шуд. Ҷӯрабек Муродов аз Амрико ба ин иди санъат расида омад. Таронаи “Фирӯз”-ро ба маромаш расонида иҷро кард ва арзи дилаш – муҳаббати худро нисбати ин ҳунарманди мумтоз иброз дошт. Аз ин хусус Президент Шавкат Мирзиёев зимни мулоқот бо рӯшанфикрон низ ёдовар шуда, гуфта буд, ки “Суханони самимии ҳофизи машҳур Ҷӯрабек Муродовро бо ҳаяҷон  гӯш кардем”.
Дар саҳни “Регистон” садо додани таронаи “Зулайхо” ва  суҳбат дар телевизиони “СТВ-Самарқанд” дар аснои ҷашнвораи “Таронаҳои Шарқ” ҳанӯз  дар ёдамон боқист. 
***
Соли 1993. Дар Ӯзбекистон дуюмин солгарди истиқлолро ҷашн мегирифтем. Дар майдони «Мустақиллик»-и Тошканд Ҷӯрабек Муродов бо таронаи “Ид омаду ид омад” манзараи идонаро шукӯҳи дучанд бахшид. Рӯзи дигар ҳокими онвақтаи ноҳияи Оққӯрғони вилояти Тошканд хоҳиш намуд, ки чанд лаҳза меҳмони базми идонаи мардуми ин ноҳия ҳам шавад. Субҳи 1-уми сентябр ба роҳ баромадем. Ба мо Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Теша Мӯъминов низ (он вақт муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ буд)  ҳамроҳ шуд. 
Чун ба боғи истироҳати ноҳия расидем, (Теша Мӯъминов он вақт навакак нақши Амир Темурро бозида буд) устод Ҷӯрабек ба мардуми ҷамъомада: Ман амирро  назди шумо овардам,– гуфтанд. 
Мизбонону меҳмонон зиёд кафкӯбӣ  карданд.  Баъд аз муддате маҳфилорои ин консерти идона назди устод омада, суол кард, ки: Чанд суруд мехонанд? Посухи ӯ ҳамаро мот кард: “Ба таъбири мутафаккире шоиру ҳунарпеша аз ҳар кас бештар ба озодӣ  шоистатаранд. Имрӯз ҷашни озодист. Мардум аз ҳунарманд чӣ мехоҳад? Суруд! Ман пазмони ин гуна базмҳо. Мардум чӣ  қадар хоҳанд, ҳамон қадар суруд мехонам”.
Чун ӯро дар ҳузури ҳазорон иштирокдорони ҷашн, пиру барно ба саҳна хонданд, аввалин  суханаш:  “Дӯстони азиз! Дуо кунед, ки дар Тоҷикистони ман низ сулҳ пирӯз шавад!” буд. Сипас “Тоҷикистон ӯғлидурман, ӯзбегим гуфто писар”-ро пешкаши ҳозирон намуд. Дар хотимаи консерт аз муҳаббати мардум мамнун гашта: “ин ноҳияро ман на Оққӯрғон, балки Оқкӯнгиллар  мегӯям” гуфтанаш аз хиради волои ӯ дарак медод. 
***
Ҷӯрабек Муродов ва шоири тоҷики Ӯзбекистон Ҷонибеки Қувноқ аз айёми донишҷӯӣ дӯсти қадршинос буданд. Баъди вафоти бемаҳали Ҷонибек ҳар гоҳе гузораш ба Тошканд афтад, ҳатман аз ҳоли  аҳли байти ӯ хабар мегирифт.  Боре  аз ман пурсид, ки оё  аз фарзандони Ҷонибек ягон  нафарашон издивоҷ намуданд. Ман гуфтам, “На, аммо апаи Кимё ният доранд ҳамин сол писари нахустинашон Баҳодурро хонадор кунанд”. Инсони пурмеҳр Ҷ. Муродов сахт таъкид кард: “Ҳатман маро огоҳ кунед, мебиёям. Ман бояд қарзи дӯстиро дар назди рӯҳи Ҷонибек адо намоям”.  Кас бовар намекунад, рӯзи тӯй ногаҳон аниқ шуд. Ба телефонашон занг задам, гуфтанд, ки “Дар деҳаи Қаротоғи Ҳисорем, рӯзи таваллуди Мирзо Турсунзодаро қайд мекунем. То шом иншоолоҳ мерасем”. Шом ҳам наздик мешуд. Аммо аз Ҷӯрабек Муродов дарак набуд. Боз занг задем. Гуфтанд, ки аз аэропорти Хуҷанд сари роҳи Тошканд баромадем. Базм сар шуд. Тахминан соати 9-и шаб. Қомати зебову чеҳраи хандони Ҷӯрабеки Мурод ба тӯйхона файзи дигар бахшид. Ба апаи Кимё тӯёна дода, баъди дуо ба сурудан оғоз кард. 
Шеъри “Арзи фарзанд”-и Ҷонибек  бар оҳанги ҳофиз ба қалби мо ҳам таскин мебахшад:
Модар, сари қабрат
 омадам боз, 
Бо меҳру муҳаббат 
омадам боз.
То мужда зи фасли гул 
расонам,
Гул чинаму  рӯи қабр 
монам... 
***
Моҳи октябри соли 2004 дар маҳаллаи Ёнғоқи шаҳри Тошканд   раҳбари корхонаи хусусии “Истаравшан”, шахси фозилу  фарҳангдӯст Мурод Мақсудов ба муносибати садумин солгарди падарашон базм оростанд. Албатта,  дар ин базм сурудҳои ҳам тоҷикӣ, ҳам ӯзбекӣ садо доданд.  Ҷӯрабекака, дар баробари ғазалҳои Ҳофизу Саъдию Мавлонову Туғрал ва Лоиқ бар шеърҳои шоирони ӯзбек “Нигори турки тоҷикам” (Алишери Навоӣ), “Чамандаги атиргул” (Шароф Рашидов), “Ӯзга юртда шоҳ бӯлгандан...”, (Н. Нарзуллоев) “Икки тилли бир халқ васфига” (Ӯ. Ҷамол), инчунин  “Лайло”, “Фируз”, “Отмагай тонг”,  “Сен бор учун”, “Фарғона тонг отгунча”, “Санамлар”, “Ӯзингдан кӯр”, “Қошлари қаламлар” ва монанди инҳоро  бо лаҳну шевои ширин хонд. Дар анҷоми базм,  мизбон ба Шоири халқии Ӯзбекистон Нормурод Нарзуллоев, ки тоҷиконро ҳамеша “хешам” мегуфт, ҷомаи зарбофти бухорӣ  пӯшониданӣ шуданд. Ҷӯрабекака хоҳиш карданд, ки ҳамин “миссияро” эшон иҷро кунанд ва ҳазломез гуфтанд: “Нормуродака чанд соле, ки ман шуморо мешиносам, ҳамеша ба гап чапон  мепӯшонед, биёед, акнун мо ба шумо чапон пӯшонем”. 
Ҳозирон  аз ин суханони ҳофизи муҷазбаён ба завқ омаданд.
Дар асл  ҳам Ҷӯрабекака ҷӯраи ӯзбекон аст, барои мустаҳкам шудани ин дӯстӣ аз таҳти дил хизмат мекунад. 
***
10 марти соли 2018 дар “Кохи Борбад” дар ҳузури сарварони муҳтарами ду давлати ҳамсояву дӯст Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон  зимни консерти “Шоми дӯстӣ”  садо додани як тарона бар ашъори “То тавонӣ дӯстонро гум макун”-и Мирзо Турсунзодаву “Дӯст билан обод уйинг”-и Эркин Воҳидов дар иҷрои ду ҳунарпешаи беҳамто Ҷӯрабек Муродов ва Шералӣ Ҷӯраев ҳанӯз вирди забонҳост. Агар гӯем, ки онҳо он шом муҳаббату эҳсосоти гарми дили  мардумони ду кишварро суруданд, хато намекунем. 
***
Бино ба нақли устодон шоири маҳбуби халқи тоҷик Мирзо Турсунзода  ҳар гоҳе, ки озими Тошканд шаванд, албатта, ба идораи рӯзномаи “Овози тоҷик” ташриф мефармудаанд. Ҷӯрабек Муродов ҳам ба ин анъанаи устод риоя мекунад, аз ҳоли мо –  аҳли қалами тоҷики Ӯзбекистон ҳатман хабар мегирад. Ба ин дидорбиниҳо, албатта, бародарони ӯзбеки мо, мухлисони ҳамешагии ӯ ҳамроҳ мешаванд. 
– Баробари кушодани дарвозаҳои сарҳадҳо дарвозаҳои қалбамон ҳам барои якдигар боз шуданд. Шукри ин рӯзҳо, ки акнун якдигарро зуд-зуд  мебинем. Барои ин саодат  бояд аз раҳбарони оқилу донои ду кишвар ҳамеша сипосгузор бошем, – мегӯяд ӯ ҳар бор. 
Ӯ сазовори ҷоизаҳои зиёди давлати Тоҷикистон ва  хориҷист. Ҳофиз ҳар куҷое равад,  адабиёт ва санъати тоҷикро тарғибу ташвиқ мекунад. Дар ин ҷода беш аз 60 сол содиқона хизмат кардааст. Ӯ дар остонаи 80-умин баҳори умр қарор дорад. Ба устоди ҳунар саломативу умри дароз мехоҳем! Ҷӯрабек Муродов, бешак феномен-падидаест дар олами мусиқии Шарқ! Дуо мекунем, то солҳои зиёд сурудҳояшро дар боби  меҳру муҳаббат, одаму одамгарӣ шунавему ба қадри ҳунар ва ҳунарманди асил бирасем.

Шоқаҳҳори МУҲАББАТЗОД, 
узви Иттифоқи 
журналистони Ӯзбекистон 
ва Тоҷикистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: