«БО ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТ ДОНИШҶӮ ШУДАМ»

Камина аз синни бачагиам ба китоб, адабиёт шавқ доштам.

 Вақти холӣ дарҳол ба китобхонӣ ва  навиштани шеър шурӯъ мекардам. Чакидаҳои қаламам бештар дар рӯзномаҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ рӯйи чопро медиданд.
Фурсате расид, ки қарзи ҷавонмардиамро дар яке аз қисмҳои ҳарбии Чирчиқ адо мекардам. Ҳар як супориши афсаронро саривақт ба иҷро расонида, байни  ҳамяроқонам намунаи ибрат будам. Маҳз, ба туфайли ба китоб ва адабиёт шавқи беҳамто доштан дар озмуни «Китобхони ҷавон», ки аз тарафи Вазорати мудофиа баргузор гардид, иштирок карда, ҷойи якумро ба даст овардам.
Вақте ки ба қисми ҳарбие, ки камина хидмат мекардам, хабари ташрифи Президентамон ба гӯшам расид, маро ҳаяҷон фаро гирифт. Бо илҳом аз филми ҳуҷҷатии «Ҷаноб Президент», ки ба ҳаёт ва фаъолияти Президентамон бахшида шудааст, илҳом гирифта шеъре навишта будам. Ҳангоми вохӯрӣ ин шеърро қироат кардам. Он кас: «Офарин, ба падарат раҳмат», – гуфтанд. Чунин суханони сарвари давлатамонро ҳаргиз фаромӯш намекунам.
– Пас аз ба итмом расидани хидмати ҳарбӣ, бо чӣ кор машғул мешавӣ? – гуфта пурсиданд. 
Ман ба туфайли нисбати адабиёт шавқи беандоза доштанам орзуи дар Донишкадаи забон ва адабиёти ба номи Алишер Навоӣ таҳсил гирифтанамро гуфтам.
– Ту аз ҳисоби гранти Президент ба донишгоҳи интихобкардаат қабул шудӣ, – гуфтанд. 
Аз чунин суханони сарвари давлатамон аз хурсандӣ сарам ба осмон расид. Ҳоло дар дунё аз ман хушбахттар касе набуд. Чунин бахт ба ҳама ҳам насиб намекунад. Бо баҳонаи вохӯрии мазкур бо Президентамон «Фарзандингман, Ватаним» («Фарзанди туям, эй Ватан») ном маҷмӯаи шеъриам бепул аз чоп бароварда, ба хидматчиёни ҳарбӣ тақдим  карда шуд. 
Ташрифи Президентамон ба қисми ҳарбие, ки камина хидмат мекардам, дар ҳаётам воқеаи фаромӯшнашаванда хоҳад гашт. Минбаъд дар ҳар як дақиқаи ҳаёт, барои сазовори боварии Президентамон шудан кӯшиш мекунам. Ба ин ғамхории падарона аз ҳамаи дониш ва имкониятҳоям пурра истифода бурда, барои равнақи Ватанамон ҷавоби амалӣ мегардонам.

Абдуллохон СУЛАЙМОНОВ,
деҳаи Баймоқи ноҳияи Чусти
 вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: